Макони таркиш дар Магнитогорск, акс аз бойгонӣ

Генерали амният изҳороти “ДОИШ” дар бораи таркиши Магнитогорскро “пиар” хонд

108
(Таҷдидшуда 17:41 18.01.2019)
Александр Михайлов, генерал-майори мустаъфии “ФСБ”, иддаои “ДОИШ”, ки худро ташкилкунандаи таркиши мошин ва хонаи истиқоматӣ дар Магнитогорск эълон кардааст, як навъ “пиар” хонд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik.  Александр Михайлов, генерал-майори мустаъфии Хадамоти амнияти федералӣ – “ФСБ” ва узви Шӯрои сиёсати хориҷӣ ва мудофиаи Русия мегӯяд, ин иддаои созмони террористии “ДОИШ” метавонад иқдоми қасдона бошад.

“Созмони террористии “ДОИШ” илоҷи дигар надорад, феълан дар ҳоли мураккаб аст. Ба ҳар ҳодисае, ки дар сайёра рух медиҳад, чанг заданӣ мешаванд. Мехоҳанд худро як навъ “пиар” кунанд, то фаромӯш нашаванд. Барои ин вақте дар ҷое ҳодисае рух медиҳад, дарҳол онро кори дасти худ эълон мекунанд”, - изҳор доштааст Михайлов дар суҳбат бо РИА Новости.

Генерали мустаъфӣ таъкид кард, ки мутахассисон зимни омӯзиши ҷои фоҷиа дар Магнитогорск ягон осори маводи тарканда пайдо накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки созмони террористии “ДОИШ” ахиран эълон кард, таркиши хонаи истиқоматӣ ва мошинро дар Магнитогорск аъзои ин созмони мамнуъ ташкил кардаанд.

Таркиши бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск субҳи 31 декабр рух дод, ки дар натиҷа 39 нафар, аз ҷумла чор шаҳрванди Тоҷикистон – модару се фарзандаш низ ба ҳалокат расиданд.

108