Баҳодур Қурбонов, вазири нави мудофиаи Узбакистон

Мирзиёев вазирони нави мудофиа ва амнияти Узбакистонро таъин кард

299
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон, Абдусалом Азизовро раиси нави Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар таъин кардааст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik.  Азизов, ки то ҳол вазири мудофиаи Узбакистон буд, бо фармони раисиҷумҳур раиси Хадамоти амнияти давлатӣ таъин гардид, иттилоъ додааст Sputnik Узбакистон.

Ихтиёр Абдуллоев, ки аз январи соли гузашта дар ин мақом кор мекард, бо сабаби вазъи саломатӣ барканор шудааст.

Манбаъ афзуд, вазири нави мудофиаи Узбакистон Баҳодур Қурбонов таъин гардид. Ӯ то ҳол муовини вазири мудофиаи ин кишвар будааст. Қурбонов дар мақоми муовини вазири мудофиа аз моҳи феврали соли гузашта фаъолият доштааст.

299