Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Ҳар рӯз қариб 3 ҷинояти террористӣ-эктремистӣ дар Тоҷикистон: 873 дар 1 сол

458
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи як соли гузашта 873 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидоштаро сабт ва ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеяш гуфт, дар натиҷаи чораандешиҳо 298 узви ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дастгир шуданд.

Манбаъ афзуд, инчунин 11 амали террористӣ, аз ҷумла 4 ҳолати сӯиқасди амали террористиро ба қайд гирифтааст.

“Аз ин 7 ҳолат, аз ҷумла 2 ҳолати сӯиқасди амали террористӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шудааст”, - иттилоъ дод ВУД.

Вазири умури  таъкид кард, ки дар пайи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мақомоти умури дохилӣ 99 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муноқишаи кишварҳои хориҷӣ иштирок доштаанд, ба Ватан баргардонда шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ аз соли 2015 то инҷониб 188 нафар аз ҷангҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонда шуданд.

458