Роҳ, акс аз бойгонӣ

Ҳушдори КҲФ аз хатари тарма дар роҳҳои Тоҷикистон

100
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз зиёд будани ҳодисаи тармафароӣ дар навоҳии ҷумҳурӣ хабар дода, шаҳрвандонро ба эҳтиёткорӣ даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Кумита аз қавли Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии мамлакат боқӣ мондааст.

“Зарфи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Сокинони ноҳияи Тоҷикобод бошанд шоҳиди чор ҳодисаи лағзиши тарма шуданд”,- омадааст дар иттилоияи Кумита.

Ин ниҳод афзудааст, ки навбатдории шабонарӯзии наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаданӣ бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани ёриҳои фаврии аввалия идома дорад.

Кумита аз аҳолии мамлакат ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба маҳалҳои тармахез ва роҳҳои мушкилгузари кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

100