Бағоҷ, акс аз бойгонӣ

Шарҳи мақомоти ИМА дар бораи минаи корманди сафорат дар Маскав

216
(Таҷдидшуда 10:42 10.03.2019)
Намояндаи Департаменти давлатии ИМА минаеро, ки аз бағоҷи корманди сафорати ин кишвар дар фурудгоҳи Маскав пайдо шудааст, бехатар номид

ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Минае, ки аз бағоҷи корманди сафорати ИМА дар Русия дар фурудгоҳи Шереметоваи Маскав пайдо шуд, барои мусофирон ҳеч хатаре надошт, иттилоъ дод РИА Новости аз қавли намояндаи Департаменти давлатии ИМА.

Манбаъ изҳор доштааст, ки қазия ҳал гардида, ба корманди сафорат иҷозат дода шуд, ки аз қаламрави Русия берун равад.

Ахиран Вазорати умури хориҷии Русия хабар дод, нафаре, ки аз бағоҷаш мина пайдо шуд, бевосита ба артиши ИМА робита дорад. Ӯ изҳор доштааст, ки минаро барои коллексияи шахсии худ гирифтааст. Ҷониби Русия таъкид кардааст, ки ин корманди сафорат, ки баъди анҷоми муҳлати кораш ба Ватан бармегашт, ҷиддӣ будани ин масъаларо бояд дарк мекард ва шояд огоҳона ба ин амал даст задааст.

ВКХ Русия афзуд, ки баъди гирифтани мина, шаҳрванди мазкури ИМА ба Ню-Йорк парвоз кардааст.

216