Пограничный пост, архивное фото

КДАМ: маргу ҷароҳати тоҷикон аз силоҳи марзбонҳо то ҳамла ба хонаҳо ва халал ба музокирот

1724
Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бо нашри изҳороти нав вазъ дар марз бо Қирғизистонро мураккаб хонд. Ниҳод дар изҳороташ аз марги марди тоҷик аз силоҳи марзбонони қирғиз, ҷароҳати навраси тоҷик ва ҳамлаи шаҳрвандони Қирғизистон ба манзили сокинон хабар додааст

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Шоми имрӯз, 14 март пас аз як ҷанҷоли дигари марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон изҳороти дигаре мунташир кард.

Ин ниҳоди кишвар, дар изҳороти вижааш шаҳрвандони Қирғизистон ва Қӯшунҳои сарҳадии ин кишварро дар дағалона вайрон кардани режими сарҳадӣ муҷрим хонда, вазъро дар марз мураккаб хондааст.

Дар он аз тири марзбонони қирғиз кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон, маҷрӯҳ шудани як наврас ва ҳамлаи сокинони Қирғизистон ба манзили сокинони Тоҷикистон хабар дода мешавад.

"Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ЧТ хабар медиҳад, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда  вазъият дар марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон мураккаб боқӣ мемонад", - гуфта мешавад дар аввали изҳорот.

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд, ки дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара қарор доштанд, монеи гуфтушуниди ҳайатҳо гардиданд.

Сипас,  тахминан соати 15:30 дақиқа сокинони деҳаи Оқсойи ҶҚ, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворух ҷамъ омада, роҳҳоро баста буданд, бе асос ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намудаанд.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки аз худ дифоъ кунанд.

"Сипас, сарҳадбонони мусаллаҳи қирғиз ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тир холӣ намуданд. Дар натиҷаи ин тирпаронӣ шаҳрванди ҶТ Тешаев Расулиддин Имомбоевич, соли таваллудаш 1982, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух, бинобар бардоштани ҷароҳати вазнин, ҳалок гардид", - афзудааст дафтари матбуотӣ.

Шаҳрванди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаров Ансориддин, соли таваллудаш 2003, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух аз дасти чапаш ярадор шуда, дар беморхонаи минтақавии ҷамоати мазкур бистарӣ мебошад. Ҳамзамон, қирғизҳо ба манзили истиқоматии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниева Мавлуда, соли таваллудаш 1970 ва Воҳидов Абдуманон, соли таваллудаш 1955, сокинони ҷамоати деҳоти Ворух ҳамла намуда, ба онҳо осеби ҷисмонӣ расониданд.

Аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ва Қӯшунҳои сарҳадии ин кишвар ҳолатҳои дағалона вайрон кардани режими сарҳадӣ, итоат накардан ба сохторҳои марбути он давлат, ки боиси тавлиди ташаннуҷ, беназмӣ ва оқибатҳои хавфнок дар сарҳади давлатӣ мегардад, бараъло ба назар мерасад.

1724