Жениш Разаков, ноиби нахуствазири Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

Ноиби сарвазири Қирғизистон: роҳи Оқсой Тамдиқ аз мост ва онро хоҳем сохт

4045
Жениш Разаков, ноиби сарвазири Қирғизистон, ки ҳайати кишварашро дар музокирот бо ҳайати Тоҷикистон роҳбарӣ кардааст, гуфт, роҳи Оқсой-Тамдиқ сохта хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Жениш Разаков мегӯяд, роҳи Оқсой -Тамдиқ дар қаламрави Қирғизистон қарор дорад ва давлат онро хоҳад сохт, хабар додааст Sputnik Қирғизистон.

Разаков инчунин азми ду ҷонибро барои ҳалли таниш таъкид карда, афзудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ афроди моҷароҷӯй нестанд. Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки ду давлат ба тавофуқ хоҳанд расид.

Дар даври дуюми музокирот шартҳои ҷониби Қирғизистон баррасӣ шудаанд, аммо Разаков ҷузъиёти онро ироа накарда, танҳо изҳор доштааст, ки ҳамаи тасмимҳо бояд ба манфиати тарафайн бошанд.

“Ин масъала имрӯз пайдо нашуда, собиқаи беш аз 20-30-сола дорад. Сабаби таниш ин сохтмони роҳи Оқсой – Тамдиқ мебошад. Ман бар инам, ки ин роҳ дар ҳудуди Қирғизистон аст ва мо онро то охир бунёд хоҳем кард. Ин роҳ сохта шуда истодааст, то дар ҳолатҳои муташанниҷ шудани вазъ як роҳи алтернативӣ вуҷуд дошта бошад. Инчунин масъалаи истихроҷи шағал баррасӣ шуд. Феълан муҳим аст, ки аз ҳар ду ҷониб барои муташанниҷ шудани вазъ иқдоме сурат нагирад ва аҳолӣ ба ҳамдигарфаҳмию ҳалли мушкилиҳо даъват карда шавад”, - иттилоъ додааст Sputnik  Қирғизистон аз қавли Разаков.

Ӯ афзудааст, ки феълан корҳо барои барқарорсозии ҳаракат дар роҳҳо сурат гирифта истодаанд ва  рафтуомади сокинон аз Лейлак ба Бодканд бемонеа идома дорад.

Ин иддаои роҳбари ҳайати Қирғизистон дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон идомаи сохтмони роҳи  Коктош – Оқсой – Тамдиқро хилофи қарордоди дуҷониба хондаанд ва он бояд то аломатгузории марз мутаваққиф мешуд.

Ба иттилои мақомоти марзбонии Тоҷикистон, таниши ахир 13 март баъди он оғоз шуд, ки сокинони Қирғизистон дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара бар хилофи қарордодҳои дуҷониба  сохтмони роҳи “Коктош-Оқсой-Тамдиқ”-ро оғоз намуд ва ин боиси норозигии сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара шуд.

Мақомоти Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканд, шаҳрванди Қирғизистон Роза Усарова мебошад, ки иқдоми худро бо мақсади ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аъло ба роҳ мондааст.

“Таҳлили воқеаҳои охир нишон медиҳад, ки Роза Усарова аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад”, - таъкид шуда буд дар изҳороти мақомоти тоҷик.

Дар пайи ин танишҳо аз тири марзбонон ва шаҳрвандони Қирғизистон 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, чандин нафар маҷруҳ шудаанд. Теъдоде тоҷикистониёне, ки бар асари сангзанӣ аз ҷониби қирғизҳо маҷруҳ шуданд, даҳҳо нафар арзёбӣ мегардад.  Вазорати тандурустии Қирғизистон шумораи шаҳрвандони осебдидаи ин кишварро дар танишҳо 3 нафар гуфтааст.

Ахиран ҷонибҳо созиш кардаанд, ки барои таҳқиқи қазия ва муҷозоти гунаҳкорон гуруҳи муштараки оперативӣ – тафтишотӣ ташкил карда шавад.

4045
На таджикский-афганской границе, архивное фото

Раҳимзода дар бораи сафар ба ВМКБ ва вазъ дар марз гуфт

199
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар бораи сафари кориаш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақл кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ахиран ба ВМКБ сафари хидматӣ дошта аз вазъ дар сарҳад бо кишвари ҳамсоя Афғонистон огаҳӣ пайдо кардааст.

Ба гуфти Раҳимзода, ҳоло вазъ дар марз ором аст ва кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо марзбонон ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар ба ҳимояи марз машғул ҳастанд.

Дарозии марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 370 километрро ташкил дода, аксари он аз манотиқи куҳӣ убур мекунад, ки назорату нигоҳубини онро мушкил менамояд.

Вазъият дар умум дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад. Дар кишвар зуд зуд миёни низомиёни давлатӣ ва ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамлаҳои мусаллаҳона сар мезанад. Дар баробари ин вақтҳои охир дар Афғонистон аъзоёни гурӯҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) фаъол шудаанд.

Фармондеҳони марзии ИДМ дар Самарқанд вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Ёдрас мешавем, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

199
Барчаспҳо:
вазъият, марз, Рамазон Раҳимзода Ҳамроҳ, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Спецназ Таджикистана на 201-й российской военной базе, архивное фото

ВУД Тоҷикистон: дар соли равон аз ду амали террористӣ ҷилавгирӣ кардем

69
(Таҷдидшуда 14:54 03.08.2020)
Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз эълон доштанд, ки дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ду амали террористӣ пешгирӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Шодӣ Ҳафиззода , сардори раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки террористон қасд доштанд  кормандони милитсияро дар Рашту Шаҳринав кушанд.

 Вай афзуд кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон аз ду амали террористӣ, ки террористон аввали сол онҳоро нисбат ба кормандони милитсия дар ноҳияҳои Рашт ва Шаҳринав тарҳрезӣ карда буданд, пешгирӣ намуданд.

“Ҳар ду амали террористиро ҷонибдорони созмони террористтии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати исломӣ” содир карданӣ буданд”, - таъкид дошт сардори Раёсат.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели омодагӣ ба амали террористӣ чанд нафар аъзои “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Аммо ӯ аз ифшои ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ кард.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли равон 247 нафар шаҳрвандони кишвар ба гумони узвият ё робита доштан бо созмонҳои террористӣ ва ифротгаро боздошт шудаанд.

Аз ин шумор 203 нафараш аъзои созмони “Ихвон ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), 27 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстреместии “Давлати исломӣ”, 17 нафар “Салафия”, 8 нафар ҷамоати “Ансоруллоҳ”, чаҳор нафар “Гурӯҳи 24”, се нафар ҲНИТ, се нафар “Ал-Қоида”, ду нафар “Ҳизб-ут-Таҳрир”, як нафар ҳаракати исломии Ӯзбекистон, як нафар аъзои гурӯҳи Толибон ва як нафар дигар аъзои “Ҷамоати таблиғ”  буда, онҳо дар ҳоли ҳозир дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷиноятӣ ҷалб шуданд.

69
Барчаспҳо:
Вазорати умури дохила, Тоҷикистон, ҷилавгирӣ, амали террористӣ, ВУД
Зрители в кинотеатре

Дар ноҳияи Спитамен кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

0
(Таҷдидшуда 15:26 03.08.2020)
Бино аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Аҳмадзода сараввал дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шудааст.

"Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш дорад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

0
Барчаспҳо:
рушду ободонӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Спитамен