Ҷаласаи Жогорку Кенеш, акс аз бойгонӣ

Талаби истеъфои Ҳукумат дар парлумон ва видеои Раззоқов: долонро ба Тоҷикистон намедиҳем

3444
Дар ҷаласаи Жогорку Кенеш вакилони Қирғизистон қабл аз баррасии таниши марзӣ бо Тоҷикистон ҳузури сарвазирро талаб карда, бархе истеъфои Ҳукуматро ба миён гузоштанд

ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Дар ҷаласаи парлумон, ки таниши марзӣ бо Тоҷикистон бояд баррасӣ мегардид, вакилон сабаби ҳозир нашудани сарвазирро суол карданд.

Каромат Орозова, вакилзани қирғиз гуфт, чаро сарвазир шахсан ба парлумон ҳозир нашуд, дар ҳоле, ки дар сарҳад тирпарронӣ ва нақзи қонун сурат гирифтааст.

“Чаро раиси Ҳукумат нест? Дар сарҳад қонуншиканӣ ва тирпарронӣ сурат гирифтааст. Чаро додситони кул ва вазири умури хориҷӣ нест. Мо набояд масъаларо бе ҳузури онҳо баррасӣ кунем”, - изҳор доштааст Орозова.

Ҳозиршавии сарвазирро инчунин вакилон - Таабалдӣ Тиллоев, Исҳоқ Масалиев ва Рискелдӣ Момбеков талаб кардаанд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон.

Жениш Раззоқов, ноиби сарвазир ва роҳбари ҳайати Қирғизистон дар гуфтушунидҳои ахир бо мақомоти Тоҷикистон ба вакилони кишвараш гуфт, масоили марзӣ масъулияти ӯст ва онҳо метавонанд ҳар суолро аз худи ӯ пурсанд.

Алмосбек Абитов, номояндаи Ҳукумат дар парлумони Қирғизистон шарҳ дод, ки сарвазир ба вилояти Ош барои санҷиши омодагии кишоварзон ба мавсими кишт рафтааст.

Каромат Орозова таъкид намудааст, ки вақте масоили марзӣ баррасӣ мешаванд, бояд сарвазир дар парлумон қарор дошта бошад, на дар Ош. Ин вакилзан истеъфои Ҳукуматро талаб кардааст, ки ба гуфтаи ӯ касеро эътироф намекунад.

Дар ниҳоят вакилон ба хулосае омадаанд, ки масъалаи марз бо Тоҷикистонро 3 апрел баррасӣ хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳукумати Қирғизистон навори суҳбати Женеш Раззоқовро нашр кард, ки дар он ӯ ҷузъиёти созиш бо Тоҷикистонро шарҳ медиҳад.

Ӯ гуфт, роҳе, ки берун аз деҳаи Оқсой аз Исфара ба Ворух сохта мешавд, ҳеч мақоми махсус, ё мустақилият нахоҳад дошт.  

Ба гуфтаи ноиби сарвазири Қирғизистон, ҳеч суҳбате дар бораи он, ки ин роҳ, ё долон ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта мешавад, нест ва ин қаламрави Қирғизистон хоҳад буд, ки онро ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон истифода мекунанд.

Ӯ афзуд, роҳе, ки аз Оқсой ба Тамдиқ сохта мешавад, барои чорво пешбинӣ шудааст, чун роҳи феълӣ аз қаламрави Ворух мегузарад.

   

Таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсии Оқсой - Тамдиқро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.

3444