Нурлан Ермекбоев, акс аз бойгонӣ

Ҳалокати 17 ва ҷароҳати 33 сулҳбон дар Дарвоз: ёди вазири қазоқ аз ҳамлаи 7 апрели 1995

2188
(Таҷдидшуда 15:52 07.04.2019)
Нурлан Ермекбоев, вазири мудофиаи Қазоқистон имрӯз бо нашри як изҳорот аз низомиёни кушташудаи қазоқ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ёд кард

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ермекбоев дар муроҷиатномааш ба собиқадорони даргириҳои маҳаллӣ гуфт, имрӯз мо хотири низомиёни сулҳбонеро пос медорем, ки 7 апрели соли 1995 дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кушта шуданд.

Ӯ дар муроҷиатномааш аз ҷанги Тоҷикистон ёд карда, таъкид намудааст, ки низомиёни сулҳбони Қазоқистон дар рӯбарӯи таҳдид ба ҷонашон далерию ҷавонмардӣ нишон доданд.

“Шуҷоату қаҳрамониятон ҳамеша дар дилҳоямон боқӣ хоҳад монд. Худам, ҳамчун иштирокдори яке аз ҷангҳои маҳаллӣ, шоҳиди ифтитоҳи ёдгорӣ дар Душанбе барои поси хотири ҳарбиёни кушташудаи Қазоқистон будам. Имрӯз мо хотири онҳоеро пос медорем, ки вазифаи байналмилалияшонро иҷро карда, амнияти шаҳрвандонро таъмин намудаанд”, - изҳор дошт вазири мудофиаи Қазоқистон.

Нурлан Ермекбоев зикр кард, ки 7 апрели соли 1995 дар қисмати марзии Тоҷикистону Афғонистон дар водии Пшихарви ноҳияи Дарвоз, ротаи 7-уми нерӯҳои сулҳбон ҳадафи ҳамлаи ногаҳонии ҷангиён аз тарафи дигари марз қарор гирифт.

“Дар задухӯрди нобаробари чорсоата бо ҳарифони бартаридошта низомиёни мо рисолаташонро иҷро карда, ба савганди ҳарбияшон содиқ монданд. Дар ин даргирии хунин 17 низомӣ ба ҳалокат расида, 33 нафар маҷруҳ шуданд”, - ёд кард вазири мудофиаи Қазоқистон.

Вай дар хитоб ба собиқадорони ҷангҳои маҳаллӣ гуфт, имрӯз ҳам онҳо такягоҳи муътамад буда, барояшон саломатию нерӯи камнашаванда таманно кардааст.

Нурлан Ермекбоев ба собиқадорон барои иштирокашон дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи шуҷоату ватандӯстӣ изҳори сипос намудааст.

2188