Мардон бо ҷузвдон, акс аз бойгонӣ

Истеъфои Искандаров ва шарҳи Ҳукумат дар бораи вазъи марзи Қирғизистону Тоҷикистон

3560
Қурбонбой Искандаров, фиристодаи махсуси Ҳукумати Қирғизистон дар масоили марзӣ аз мақомаш истеъфо дод

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Муҳаммадқулий Абилғозиев, нахуствазири Қирғизистон Қурбонбой Искандаровро аз мақоми намояндаи махсуси Ҳукумат дар масоили марзӣ озод кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати Қирғизистон, Искандаров худаш аз ин мақом истеъфо дода, Абилғозиев қарор дар бораи барканории ӯро 9 апрел имзо кардааст. Қурбонбой Искандаров дар мақоми ноиби аввали раиси Дастгоҳи Ҳукумати Қирғизистон фаъолият доштааст.

Искандаров дар дастгоҳи Ҳукумати Қирғизистон аз соли 2001 фаъолият дошта, ба масоили марзӣ аз соли 2010 машғул буд ва соли 2012-ум намояндаи махсуси Ҳукумат дар масоили марзӣ таъин шуд.

Истеъфои Искандаров дар ҳолест, ки Ҳукумати Қирғизистон 9 апрел бо нашри як изҳорот иддаои бархе аз фаъолони иҷтимоиро дар мавриди моҳияти махфӣ доштани созиши марзӣ бо Тоҷикистонро рад кард.

Ба иттилои Ҳукумат изҳороти фаъоли ҷамъиятӣ, Қамчибек Тошиев, ки муҳтавои санади созиши марзӣ бо Тоҷикистон махфӣ нигоҳ дошта мешавад, асос надошта, масъулини Ҳукумат ба вакилони мардумӣ тамоми иттилоъро ироа карданд. Ҳукумати Қирғизистон таъкид намудааст, ки масъалаи марз бо назардошти баъзе нозукиҳо ва бо мақсади ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ паси дарҳои баста дар парлумон баррасӣ шуда, санади имзошуда ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад.

Ҳукумат зикр намудааст, ки 1-уми апрел нахуствазири Қирғизистон аз минтақаҳои баҳсӣ дар марз бо Тоҷикистон боздид карда, бо рафти сохтмони роҳи Қоқтош – Оқсой – Тамдиқ шинос шуд.

“Сарвазир бо сокинони маҳаллӣ мулоқот карда, дар бораи созишҳо ва нақшаҳои Ҳукумат барои дастгирии сокинони деҳот суҳбат кард”, - изҳор доштааст Ҳукумати Қирғизистон.

Дар ҳамин ҳол мақомоти марзбонии Қирғизистон низ бо нашри як иттилоия таъкид намудаанд, ки вазъ дар марз ором буда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон идома доранд.

3560