Интерпол, архивное фото

Президенти Интерпол: кормандони пулис бояд ҳамеша аз ҷаҳони ҷиноятӣ як қадам пеш бошанд

85
Кофтукови байналмилалии шахсоне, ки ба содир намудани ҷиноят дар Тоҷикистон айбдор гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст

ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Президенти Интерпол Ким Чон Ян зикр кардааст, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир тамоми кормандони политсияро водор менамоянд, ки дар якҷоягӣ фаъолият намуда, ҳамеша аз ҷаҳони ҷиноятӣ як қадам пеш бошанд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки аз 9 то 11 апрели соли равон дар шаҳри Лиони Франсия конфронси навбатии сарони Бюрои Марказии Миллии Интерпол таҳти шиори “Бехатарии ҳақиқии глобалӣ дар он сурате муяссар мегардад, ки кормандони политсия дар тамоми дунё даст ба дасти ҳам кор кунанд”, бо иштироки 315 нафар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 150 давлат баргузор гардид. 

Тоҷикистонро дар ин конфронс директори Бюрои Марказии Миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии кишвар Абдуғаффор Азиззода муаррифӣ намудааст.

Дар маросими ифтитоҳи конфронс бо сухани табрикотӣ Президенти Интерпол Ким Чон Ян баромад намуда, зикр кард, ки “таҳдиду хатарҳои замони муосир тамоми кормандони политсияро водор менамоянд, ки дар якҷоягӣ фаъолият намуда, ҳамеша аз ҷаҳони ҷиноятӣ як қадам пеш бошанд”.

Ким Чон Ян нақши ҳамоҳангӣ ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо дигар сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ намудааст.

Ҳамчунин дар ҷараёни конфронс вохӯрии директори Бюрои Интерполи ВКД Тоҷикистон Абдуғаффор Азиззода бо Котиби Генералии “Интерпол” Юрген Шток доир гардида, масъалаҳои мубрам, аз қабили кофтукови байналмилалии шахсоне, ки ба содир намудани ҷиноят дар кишвар айбдор гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

85
Барчаспҳо:
лағви санадҳои ҳамкорӣ оид ба кофтукоби ҷинояткорон, кофтукоб, Интерпол, Тоҷикистон