Вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода

Ситоиши Раҳимзода аз шароити хизматчиёни Қушунҳои дохилӣ ва супориш ба масъулин-акс

313
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт, ки шароити имрӯзаи будубош ва маишии хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилӣ дар байни сохторҳои ҳарбии кишвар намунавӣ аст.

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Ин нуктаро вазири умури дохилӣ зимни суханронӣ дар чорабинии идона ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт.

Вазири ВУД Рамазон Раҳимзода
Вазири ВУД Рамазон Раҳимзода

Дар чорабинӣ, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони як қатор сохторҳои гуногун, собиқадорон, афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат карданд.

Роҳбарияти ВКД ва меҳмонон аз гӯшаҳои идона, ки бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 ороста шуда, дар онҳо ҳунарҳои кандакориву дуредгарӣ, кафшергарӣ ва маҳорати устои автомашинаҳою дузандагӣ, ки барои сарбозон ба роҳ монда шудааст, дидан намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар қисмати дигари ин намоишгоҳ, силоҳу аслиҳаи ҷангӣ ба маърази ом гузошта шуда буд.

Раҳимзода Рамазон зимни суханронӣ гуфт, ки сол то сол боло рафтани иқтидори давлату Ҳукумат, ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва рушду тараққиёти иқтисодӣ, саноат ва беҳдошти шароити модию маишии афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ мусоидат намуда, тамоми имкониятҳо барои хизматъ фароҳам оварда шудааст.

"Дар ин раванд, мебояд дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД касбомӯзии сарбозон ҳангоми адои хизмат, аз қабили барқчӣ, кафшергар, ошпаз, сартарош, чӯбтарош ва дигар намуди касбҳо ба роҳ монда шавад",-гуфт Раҳимзода.

Дар ин росто вазир ба масъулин супориш дод, ки ин ҳунарҳоро дар байни афсарону сарбозон равнақ дода, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор масъалаи ҷалби бештари устодони кордон ва додани шаҳодатномаи касбомӯзии баробарарзишро ба сарбозон мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Наргис аз КДАМ: Ятимов ва Раҳимзода беҳтарин кормандони оперативиро эълон карданд - акс

Раҳимзода ба шароити будубош ва маишии хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилиро дар байни сохторҳои ҳарбии кишвар намунавӣ баҳогузорӣ кард.

Намоиши ҳунарҳои мадумӣ дар Раёсати Қушунҳои дохилӣ
Намоиши ҳунарҳои мадумӣ дар Раёсати Қушунҳои дохилӣ
313