Протесты в Тбилиси: придет ли Грузия в себя?

Тазоҳурот дар Тбилисӣ, ё иғво сари муносибатҳои Русияву Гурҷистон

404
(Таҷдидшуда 19:29 21.06.2019)
Пажӯҳишгари маркази бехатарии Аврупоию Атлантикаи Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав Сергей Маркедонов омилҳои асосии нооромҳо дар Гурҷистонро чунин матраҳ намуд.

Гурҷистон боз барандаи найрангбозиҳои иттилоотӣ гардид. Як ба як номбар намудани ҳамаи мушкилиҳое, ки ба фаъолияти Ассосиатсияи байналмиллалии славянӣ рабт дорад ва вакили парлумон Сергей Гаврилов зимни суханронии хеш изҳор намуда буд,ба фикрам маъное надорад.

Беҳтараш сари натоиҷи масоилҳои асосии сиёсӣ ва ҳамзамон натиҷагириҳои минбаъда аз он бояд тамаркуз намоем. Дар маркази найрангбозиҳо муносибатҳои Русияву Гурҷистон қарор гирифтанд, ки мухолифин онро ба манфиати хеш истифода мебарад.

Аммо ман вазъро бо Руссия дар мадҳи аввал намегузорам. Дар ин ҷо пеш аз ҳама лаҳзаҳои дохили сиёсӣ мавҷуданд ва онҳоро набояд нодида гирифт. Зеро шурӯъ аз соли пеш амалҳои тазоҳуротӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Чунин сурат гирифтани вазъ ба фаъолияти ҳизби роҳбарикунандаи "Грузинская мечта"(Орзуи гурҷӣ) мушкилиҳо зам намуд.

 Тазоҳурот ба гунаҳои ҳархела - бар зидди фаъолияти пулис, муқобили кори бесамари системаи судӣ ҷараён мегирифт. Дар ин замина мо метавонем,қазияи Зазай Саралидзе ва писари ӯро ба ёд орем.

Гузашта аз ин интихоботи президентиро низ метавон мисол овард,ки ҷонибдорони Михаил Саакашвилӣ чи хел зиёд буданд. Зимнан интихоботи маҳаллӣ дар Зугдиди мисол буда метавонад,ки ҳамсари Саакашвилӣ тавонист 30 дарсади овозҳоро аз они худ кунад.

Маълум аст,ки мухолифин кӯшиш доранд, ба ҳар роҳе диққати мардумро ба худ ҷалб кунанд ва нотавонмандии ҳизби роҳбарро ифшо созанд.

Дар ин ҳол мо як чизи аҷиб ва  ғайривоқеӣ мушоҳида карда истодаем - Русия барои сиёсатмадорони гурҷистони мисли як "Enfant terrible" (кӯдаке беқарор). Раисҷумҳури Гурҷистон Саломе Зурабишвили, ки дар гирдиҳамоиҳои эътирозӣ Русияро гунаҳкор медонад бо "иғвогариҳо"-и он мубориза бурда истодааст. Чизи дигар наёфтаанд то ба Русия туҳмат кунанд, дар ҳоле, ки эътирозгарон тарафдорони "Ҳаракати ягонаи миллӣ" ва дигар ҷонибдорон мебошанд.

Аз зовияи дигар бошад, ҷониби мухолифин ҳукуматро гунаҳкор дониста ҳадс мезананд, ки он таҳти таъсири Русия қарор дорад. Ба гунаи дигаре душманон ҳамдигарро бо кӯмаки Русия мезананд. Аммо ин ҷо сабабро дар худи дохил бояд ҷуст.

Бесарусомониҳо дар Тбилиси: дар Гурҷистон чӣ шуд? - Видео

Зимнан дар ҳамин раванд дар охирҳои соли гузашта ва аввалҳои соли ҷорӣ қадамҳои кӯчакрро муовини вазири умури хориҷаи Русия Григорий Карасин ва Зураб Абашидзе намояндаи махсуси сарвазири Гурҷистон оид ба эътидол овардани муносибатхо бо Русия, ниҳода буданд. Он замон гап сари батартиб даровардани шароит дар соҳаи нақлиёт ва густариш додани муносибатҳои иқтисодӣ мерафт.

Бо вуҷуди ин ҳам дар Гурҷистон теъдоди зиёди сайёҳони рус боқӣ мемонанд ва Русия низ дар навбати худ кишварест,ки аз ҳама беш ба Гурҷистон маблағ интиқол медиҳад. Ин чиз барои Гурҷистон бисёр муҳим аст ва агар он ҳам раванди манфиро ба худ касб кунад, он гоҳ кор бо як сиёсати дохилӣ анҷом намешавад.

Ба фикри ман дар пешоруйи интихоботи парлумонӣ,ки дар соли 2020 сурат мегирад, ҷониби мухолифин дигарбора сари масъалаи Русия бармегардад. Хеле бад хоҳад буд, агар дар равандҳои сиёсии дохилии Гурҷистон, мавзӯи Русия туъма гардаду ҷараёни ба эътидол омадани муносиботи Русия ва Гурҷистон мутаваққиф гардад

404
Барчаспҳо:
муносибатҳо, тазоҳурот, Русия, Тбилисӣ