Ҳукми Аминбеков ва Тағоев барои қасди террори прокурор, сардорони амнияту милиса ва нозир

© Sputnik / Стас ЭтвешСотрудник милиции в Таджикистане
Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи вилояти Хатлон Абдушукур Аминбекови 19-сола ва Комилҷон Тағоеви 33-сола, сокинони ноҳияи Ёвонро дар қасди террори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нозирони роҳ дар ноҳияи зисташон гунаҳкор донистааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳи вилояти Хатлон, барои иштирок дар фаъолияти иттиҳодияҳои мамнуъ ва терроризм Аминбеков ба 15 сол ва Тағоев ба 12 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шудаанд.

Машины милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Супориши қатли Ятимов, таркондани ВУД ва хонасӯзии Муҳиддинов: пешгирии террор дар Душанбе

Манбаъ афзуд, ки Аминбеков солҳои 2014-2015 ҳангоми дар шаҳри Москва ва минтақаи  Краснодар қарор доштанаш бо роҳнамоии Саидмуҳаммад ном шаҳрванд тавассути сомонаҳои интернетӣ ба созмони террористии “ДОИШ” гаравидааст.

Бар асоси парванда, Аминбеков моҳи январи соли 2018 бо мубаллиғони фаъоли ташкилоти экстремистию террористии “ДОИШ” бо тахаллусҳои “Абу усомаи Норакӣ” ва “Абу-муҳоҷир” ба алоқа баромада, аз онҳо бо истифода аз барномаи мобилии “Telegramm” якчанд видео-наворҳои тарзи омодасозии маводҳои таркандаро дастрас намуда, Тағоевро ҳамчун ёрдамчӣ ҷалб кардааст.

“Дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2018 Аминбеков бо ҳамроҳии Тағоев бо мақсади содир намудани акти террористӣ нисбати прокурор, сардорони шуъбаҳои амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, суд ва кормандони бахши Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ноҳияи Ёвон, аз бозори марказии ноҳияи Ёвон 200 кило селитра ва аз бозорҳои “Корвон” ва “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе 1кг хокаи “олтингугирд”, ба миқдори 2 литр кислота, ба  андозаи 500 гр хокаи алюминий, 3 зарф “отсетон” ва аз назди Масҷиди марказии шаҳри Душанбе 1кг сиёҳдона харидорӣ намудаанд”, - иттилоъ дод додгоҳи Хатлон.

Погибшие американские туристы Lauren и Jay - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳур террор дар Данғараро кори наҳзатиҳо хонд: ҳам ҳиҷолати сахт ва ҳам ҳушдор шуд

Ин ниҳод таъкид кард, Аминбеков сипас аз таҷҳизоти дар ихтиёраш қарордошта, аз қабили симу борут ва батареяи қувватдиҳанда “детонатор” сохта, барои омода намудани моддаи тарканда таҷриба гузаронидааст, вале таркиш рух надодааст.

Додгоҳи Хатлон мегӯяд, Аминбеков баъди талоши бебарор аз “Абу-усомаи Норакӣ” ва “Абу-муҳоҷир”  5 видео-навори тарзи дигари омода намудани маводи таркишро тавассути барномаи мобилии “Telegramm” қабул намуда, якҷоя бо Тағоев аз пайи такроран омодасозии моддаи тарканда шудааст.

Бар асоси тафтишот баъди он, ки Аминбеков огоҳ мешавад, ки ӯро кормандони мақомоти амнияти миллӣ мавриди пурсуҷу қарор доданд, бо дархосташ маводи ҷамъовардаро модараш ҳамроҳ бо наздикони дигар дар наҳри обгузари назди манзили истиқоматиашон нобуд месозанд.

Додгоҳ таъкид намуд, ки Аминбеков ва Тағоев моҳи сентябри соли 2018 дастгир шуда, ахиран бо ҳукми додгоҳ барои 15 ва 12 сол равонаи зиндон шуданд.

Лентаи хабарҳо
0