Министр юстиции Таджикистана Рустами Шохмурод

Рустам Шоҳмурод: дар Тоҷикистон зиндонҳои замонавӣ месозанд

467
(Таҷдидшуда 14:38 17.07.2019)
Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод аз набудани зиндонҳои муосир дар Тоҷикистон интиқод кард

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Яке аз мубрамтарин мушкилоти зиндонхонаҳои Тоҷикистон, ин набудани бинои замонавӣ бо шароити хуби нигоҳдории маҳбусон ба ҳисоб меравад, изҳор намуд вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод.

Вазири адлия аз набудани бинои муосири зиндонҳо дар Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор намуда, афзуд, ки айни замон сохтмони бинои замонавии муассисаи ислоҳӣ ба назар гирифта шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ, вазири адлия аз қазияи заҳролудшавии маҳбусон дар зиндонхонаи шаҳри Ваҳдат низ ёдовар шуда, қайд намуд, ки айни замон дар қаламрави ин шаҳр, сохтмони бинои нави муассисаи ислоҳӣ идома дорад.

Пупанаки сархӯр: нони мағорбаста метавонист сабаби марги 14 маҳбус шавад

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи заҳролудшавии маҳбусон, 7-уми июли соли ҷорӣ замоне рух дод, ки 128 нафар маҳкумшуда - 120 нафар мард ва 8 нафар зан мебоист аз зиндонҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон интиқол медоданд.

Ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад нон – “хлеб”, ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст.

Баъди истифодаи он тақрибан бо гузашти ним соат бо 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашина буданд, ҳолати дилбеҳузӯрӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ба табибон муяссар гардид, ки аз 16 нафар маҳбусони заҳролудшуда, танҳо ҷони 2 нафарро наҷот диҳанд.

Зимнан, Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбати ҳодисаи ба амал омада парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, вобаста ба он гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода буд.

Раҳмон зери назорат гирифт: шарҳи лаҳза ба лаҳзаи ҳалокати маҳбусон аз қавли зиндонбонҳо

Бояд гуфт, ки ҳодисаи ба ин монанд, 19-уми майи соли равон дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат низ рух дода буд. Он замон маҳбусон даст ба ошӯб заданд, ки дар натиҷа 29 маҳбус ва се нафар зиндонбон ба ҳалокат расиданд.

467
Барчаспҳо:
нав, зиндон, бино, адлия, вазир, Тоҷикистон