Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

Раҳимзода вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Ворухро вазнин арзёбӣ кард

5094
(Таҷдидшуда 21:17 23.07.2019)
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон, эълон кард, ки дар ҳоли ҳозир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Ворух комиссия махсуси муштараки Қирғизистону Тоҷикистон фаъолият доранд, то вазъро муътадил кунанд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эълон дошт, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Ворух ва Оқсой вазнин аст ва ҳоло мақомоти ду кишвар барои муътадил намудани вазъ машғул ҳастанд.

Вай афзуд, ки муноқиша дар минтақае сар задааст, ки таҳти назорати кормандони милитсияву марзбонон нест.

“Муноқишаҳо дар ҷойҳое сар мезанад, ки дар онҷо марзбонон нестанд. Дар ҳоли ҳозир, комиссия муштараки Қирғизистону Тоҷикистон фаъолият дорад, то онки вазъро омӯхта, муътадил созанд”, - таъкид кард вазир.

Расоиддин Тешаев, сокини кушташудаи Ворух шаҳрванди Русия буд

Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, қайд намуд, ки барои таъмини амнияти шаҳрвандон тамоми чораҳо андешида шуда истодааст.

Вай инчунин, зикр кард, ки роҳ ҳоло бастааст, аммо мақомот барои озодона рафту омад кардани роҳ талош доранд.

Вазири умури дохилаи, зимни нишасти матбуоти тасдиқ кард, ки як корманди милитсияи Тоҷикистон дар муноқишаҳои ахир дар Ворух захмӣ гардидааст.

Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир, вазорат барои расонидани кумак ба корманди милитсия кушиш дорад.  

Раҳмон ва Жээнбеков дар Ворух масоили марзиро баррасӣ мекунанд

“Мо тамоми чораҳоро дида истодаем, ки кумак намоем. Ҳолат вазнин аст”, - гуфт Рамазон Раҳимзода Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки, рӯзи 22 июли соли 2019  сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчамиТоҷикистонро овезон намуданд.

Тахминан соати 16:35 дақиқа, шаҳрвандони Қирғизистон монеа шуда,  худсарона заминро кофта, навиштаҷоти "Оқсой" ва парчами кишварашонро насб карданд.

Ба гузориши КДАМ, азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд.

Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

КДАМ мегӯяд, маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии Сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.

5094
Барчаспҳо:
вазъият, муноқиша, Ворух, ВУД ҶТ, Рамазон Раҳимзода, Рамазон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (91)
Американский танк M1A2 Abrams

“Абрамс”-ҳо интиқол ёфтанд: амрикоиҳо дар назди сарҳади Белорус чӣ карданӣ ҳастанд

265
Тибқи мулоҳозаи мутахассисон, НАТО фаъолияти худро дар назди ҳудудҳои Русия аз соли 2014 ду маротиба зиёд кард

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik, Николай Протопопов. Қӯшунҳои хушкигард, тайёраҳои бомбаандоз, қиркунандаҳо ва гурӯҳҳои ҳамлавари флотӣ — Пентагон ва НАТО боз дар назди сарҳадҳои Давлати иттиҳод меафзоянд. Ба қарибӣ баталони танкии ИМА дар Литва фуруд омад — вай дар тамринҳои низомии “Ҷасорати атлантикӣ” (Atlantic Resolve) иштирок мекунад. Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия тез-тез парвозҳои ҳавонавардии стратегӣ ва тайёраҳои иктишофкунандаро муайян мекунанд. Сабаби ин чист — дар мақолаи РИА Новости хонед.

“Дӯстон” аз Балтика

Дар машқгоҳи шаҳри Пабраде даҳҳо танкҳои Abrams, мошинҳои ҷангии пиёдагарди Bradley, мошинҳои зиреҳпӯш ҷойгир карда буданд — дар машқгоҳи Пабраде як артиши хурд ташкил ёфт ва андак пеш аз ин амрикоиҳо ҳавонавардҳои худро — чархболҳои Apache ва Black Hawk-ро ҳам ба Литва интиқол доданд.

Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Белорус дар ин машқгоҳе, ки 15 километрии ҳудуди Давлати иттиҳодӣ ҷойгир аст, ҳамагӣ панҷсад хизматчии ҳарбӣ, 29 танк ва 43 мошини ҷангии пиёдагардро як ҷо ҷамъ кардаанд.

Мақомоти ҷумҳурии балтика шарҳ доданд, ки амрикоиҳо дар якҷоягӣ бо афсарони Литва вазифаҳои муштараки омӯзиширо таҳия хоҳанд кард. Ин амалиётҳо аз рӯи нақшаанд ва муқобили дигар кишварҳо равона нестанд. Бояд қайд кунем, ки Вилнюс аз амрикоиҳо дар бораи тез-тез гузаронидани тамринҳо дар машқгоҳҳои Литва дархост мекунад ва таъмини истиқомати бароҳат барои шарикони он сӯи уқёнус дер боз яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат мебошад.

 “Барномаи ротатсияи (ҷойивазкунии) қувваҳои амрикоии “Ҷасорати атлантикӣ” ҳанӯз замони раҳбарии собиқи Кохи Сафед оғоз ёфт, — изҳор дошт Артём Куреев, таҳлилгари ҳарбии клуби таҳлилии “Валдай” дар мусоҳиба бо РИА Новости. — Бо ҳодисаҳои Белорус ин мустақиман вобастагӣ надорад. Аммо дар айни замон, сарфи назар аз пандемияи коронавирус, хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ ҷадвали ҷойивазкуниро сахт риоя мекунанд ва амалиётҳои худро бекор намекунанд”.

Хотиррасон мекунем, ки амалиёти “Ҷасорати атлантикӣ”- ро ИМА якбора баъд аз ҳамроҳ шудани Қрим ба Русия соли 2014 шурӯъ кард. Бо баҳонаи “таҷовузи русӣ” амрикоиҳо қӯшунҳои худро дар кишварҳои гуногуни Аврупо ҷойгир мекунанд ва тадриҷан шумораи онҳоро афзуда истодааст.

Фаъолияти нодуруст

Тибқи мулоҳозаи мутахассисон, НАТО фаъолияти худро дар назди ҳудуди русия аз соли 2014 ду маротиба зиёд кард. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия эълон кард, ки кишварҳои Паймони Атлантикии шимолӣ ба муқобилаи замони Ҷанги Сард мехоҳанд баргарданд: НАТО инфраструктураи худро мустаҳкам карда истодааст ва ташкили системаҳои мушакии худро дар Аврупои Шарқӣ давом медиҳад.

“Гурӯҳи НАТО дар кишварҳои назди Балтика дақиқ кам намешавад, — боварӣ дорад Куреев. — "Раҳбарони ин давлатҳо ба ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида ниёз доранд, то дар назди интихобкунандагон аз" таҳдиди Русия "ҳимоят кунанд, ки ин метавонад ба нокомиҳои иқтисодӣ, бандарҳои истифоданашуда ва норозигии ақаллиятҳои русзабон рабт дода шавад."

Ғайр аз он, бар хилофи Олмон, кишварҳои назди Балтика —  Латвия, Эстония ва Литва барои хӯрондани қӯшуни бегона тайёранд ва бахши асосии хароҷотро барои инфраструктура ва ҷобаҷокунии қувваҳои амрикоӣ ба дӯш мегиранд.

Аз ҷой ба ҷой гузаштани доимии хизматчиёни ҳарбии ИМА дар Аврупо — як чизи одатӣ аст. Бузургтарин майдони амалиёти ҳарбии Пентагон дар Аврупои Шарқӣ дар Лаҳистон (Полша) воқеъ аст. Ҳоло дар он ҷой чоруним ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ҳастанд ва ба наздикӣ боз ҳазортои дигар оварда мешавад.

Вашингтон ва Варшава шартномаро дар бораи ҳамкории васеъи ҳарбӣ имзо карданд. Мувофиқи ин санад дар Полша тартиби фармондиҳӣ ва штабии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА беҳтар мешавад, марказҳои тайёрии ҳарбиро ташкил мекунанд, шароити мусоид барои ҷойгиркунии ҳавонавардии ҳарбию нақлиётӣ ва қувваҳои амалиёти махсус муҳайё мешавад.

Тибқи Қарори асосии Россия – НАТО соли 1997, алянс ӯҳдадор аст, ки дар сарҳадҳои шарқияш қувваҳои сершуморро доимӣ ҷойгир намекунад, аммо дар ин ҳол ИМА ин моддаҳоро моҳирона риоя намекунад.

Даҳҳо тайёраҳою чархболҳо бо мақсади “тарсондани” Русия ба Аврупо интиқол ёфтаанд. Ҳамин тавр дар Лаҳистон қиркунандаҳои F-16 ва тайёраҳои нақлиётии С-17 Hercules-ро ҷойгир кардаанд. Такроран барои посбонӣ кардани кишварҳои назди Балтика ва марзҳои фазоӣ ва баҳри Балтикаро ба Литва қиркунандаҳоро интиқол кардаанд. Пентагон гоҳ-гоҳ тайёраҳои муосири F-35 Lightning ва F-22 Raptor-ро барои намоиши қувваи худ ба фурудгоҳҳои иттифоқчиён мефиристад. Ҳамзамон дар Лаҳистон ҳам онҳо гурӯҳи бесарнишинҳои иктишофию ҳамлавари  MQ-9 Reaper-ро ташкил карданд.

Намоиши қувваи ҳарбӣ

Ҳавонавардии стратегии ИМА дар Аврупо ҳам фаъол аст. Ҳамин тавр, се тайёраи бомбаандози В-52Н зарбазаниро бо мушакҳои пардор дар охири август дар вилояти Калининград таҳия карданд. “Стратегҳо” аз базаи ҳавонавардии Фэрфорд парвоз карда, аз болои Нидерланд, Олмон, Лаҳистон ба сӯи минтақаи машқгоҳи эстониявии Тапа гузашта омаданд ва ба ҳадафҳо дар ҳудуди Русия зарбаҳои шартиро заданд.

Дар аввали сентябр тайёраҳои бомбаандози “Flying Fortress” гирдогирди Украина парвоз кардаанд. B-52 аввалин бор ба фазои ҳавоии ин кишвар даромад — се тайёра бо ҳамроҳии қиркунандаҳои украинӣ аз сарҳади ғарбии давлатӣ то баҳри Азов ва баргаштанд.
Тибқи гуфтаи Сергей Суровикин, раҳбари Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия, ҳатто дар давоми як ҳафта — аз 28 август то 4 сентябр — тайёраҳои ҳавонаварди бомбаандози ИМА даҳ парвози алоҳида ва гурӯҳӣ дар фазои ҳавоии Аврупои Ғарбию Шарқӣ иҷро кардаанд. Ғайр аз ин даҳҳо тайёраҳои “иктишофӣ” ҳар ҳафта қад-қади ҳудуди русия парвоз мекунанд — қиркунандаҳои Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия гоҳ-гоҳ маҷбуранд чанд бор дар як рӯз барои барои боз доштан ба осмон парвоз кунанд.

Аммо Куреев қайд мекунад, ки бар хилофи Хитой, Русия ба ҳар хел “машқҳои зарбазанӣ ба сарзамини худ”-ро оромтар қабул мекунад ва бо тамринҳои нақшавӣ ҷавоб медиҳад. “Масалан, Пекин ба ин хел чизҳо хеле асабӣ муносибат мекунад ва дар ҳамон замон кӯшиш мекунад қувваи низомии худро нишон диҳад”, — изҳор кард мутахассис.

ИМА ба фазои обӣ ҳам аҳамият медиҳад. Киштиҳои онҳо на фақат дар баҳри Сиёҳ  тез-тез пайдо мешаванд. Охири тобистон киштии зериобии ҳастаии USS Seawolf ба Норвеж интиқол ёфт ва андак пеш аз ин киштиҳои НАТО аз болои амалиётҳои зидди қаиқҳо дар Атлантикаи Шимолӣ дар назди соҳили Исландия машқ карданд.

Моҳи май флоти амрикоӣ аввалин бор дар сӣ сол ба баҳри Баренс даромад. Сарнишинони киштиҳои мушакии “Портер”, “Доналд Кук”, “Франклин Рузвелт” ва киштии бритониёии “Кент” дар шароити душвори иқлим машқ карданд.

Ҳамаи ин на танҳо дар бораи кӯшишҳои алянс дар таквият додани иқтидори ҳарбӣ дар Шимол, балки дар бораи қувваи афзудаи Флоти ҳарбии баҳрии Русия ва махсусан флоти Шимолӣ шаҳодат медиҳад. Дар ҳақиқат, пас аз анҷоми Ҷанги Сард ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА флоти Русияро ҳамчун рақиби муҳим ҳисоб намекард.

Акнун онҳо маҷбуранд онро ба назари эътибор гиранд.

265
Барчаспҳо:
Белорус, Литва, Аврупо, ИМА, НАТО, Русия
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Хотироти Раҳмон аз Раббонӣ, додани ҳукумат, музокироти Давҳа ва ибрат аз тоҷикон-видео

531
(Таҷдидшуда 09:41 21.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳамоиши онлайнӣ ба хотири бузургдошти Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ раисиҷумҳури Афғонистон, ки 9 сол қабл дар Кобул кушта шуд, хотироти худ ва нақши Раббонӣ дар сулҳи тоҷиконро баён дошт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр намуд, ки Бурҳониддин Раббонӣ 50 сол дар меҳвари равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фикрии Афғонистон қарор дошт ва замони нишасти баргузоршуда барои сухан дар бораи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёту фаъолият ва симои поки ӯ кифоят намекунад.

Тавсифи Раҳмон аз 1 амали таърихии Раббонӣ: ҳукуматдориро ба Карзай дод-видео

Эмомалӣ Раҳмон, гуфт,  мехоҳад, фақат яке аз амалҳои аз нигоҳи таърих тақдирсози Рабониро таъкид намояд.  

“Бурҳониддин Раббонӣ охири соли 2001 зимоми ҳукуматдориро ба таври мусолиатомез ба идораи муваққатӣ таҳти сарварии Ҳомид Карзай таҳвил дода, номи худро дар саҳифаҳои таърихи муосири Афғонистон барои ҳамеша сабт кард. Баъдан аз ҷониби ӯ пазируфтани раёсати Шӯрои олии сулҳ, далели дигари чеҳраи меҳварию сулҳпарвар ва хирадгаро будани ин сиёсатмадори варзида дар саҳнаи сиёсати Афғонистон мебошад”,-изҳор дошт раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Мулоқот дар Кобул, буҳрон дар музокирот ва даъвати Раббонӣ ба дидори дигар

Эмомалӣ Раҳмон дар идома афзуд, ки профессор Раббонӣ тамоми фаъолият ва ҳаёти худро ба истиқлол ва озодии кишвараш бахшида, ҳамзамон кӯшиш ба қаробати  миллатҳою тамаддунҳо дошта, муваффақ ҳам гардид. Раҳмон аз ҷумла саҳми арзандаи хотирмони ин абармарди сиёсат ва илмро дар мусолиҳаи байни тоҷикон хотиррасон намуд.

“Маҳз ба воситаи раисиҷумҳури онвақта соли 1995 дар шаҳри Кобул нахустин мулоқоти ҳайати сатҳи олии ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарияти Иттиҳоди мухолифини тоҷик баргузор гардид. Он роҳи гуфтушунид ва тафоҳумро миёни тарафҳо боз намуд. Мо пешниҳод намудем, ки дар Тоҷикистон сулҳи пойдор барқарор шавад, вале мутаассифона дере нагузашта музокироти сулҳи тоҷикон ба буҳрон рӯбарӯ шуд”, -  нақл кард кард Раҳмон.

Раҳмон: масъулияти роҳбарӣ маро водор мекард, ки қадами аввал гузорам-видео

Ӯ илова намуд, ки дар он рӯзҳо ба халқи Тоҷикистон ваъда дода буд, ки ба онҳо сулҳ меоварад.

“Аз ин рӯ масъулияти роҳбарии кишвар маро водор мекард, ки қадами нахустинро гузорам. Бо пешниҳоди профессор Раббонӣ, тасмим гирифта шуд, ки мулоқоти дигари ҷонибҳо доир гардад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ тавзеҳ дод, ки бо мусоидати шахсии Раббонӣ, як сол пас дар Хусдеҳи Афғонистон даври дигари мулоқоти сатҳи олии ҷонибҳои раванди сулҳи тоҷикон доир шуд, ки дар музокироти сулҳ гардиши куллиро ба вуҷуд овард.

“Дар натиҷаи музокироти Хусдеҳ, самтҳои калидии пешбурди раванди сулҳ муайян гардида, заминаи воқеии хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гузошта шуд. Агар дар таъмини ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта бошад, дар имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни 1997 дар Маскав сурат гирифт, музокироти Хосдеҳ нақши калидӣ дошт”, - изҳори боварӣ кард Раҳмон.

Музокироти Давҳа ва пешниҳоди Раҳмон барои истифодаи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон

Раҳмон гуфт, моҳи сентябри соли 2003 профессор Раббонӣ дар маросими солгарди ба шаҳодат расидани қаҳрамони миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд, дар баёнияи хеш иброз намуд, ки истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон барои Афғонистон намунаи ибрат мебошад.

Ин суханони Раббонӣ имрӯз низ моҳияти худро гум накардаанд, афзуд Раҳмон.

“Рӯзи 12 сентябри соли 2020, ҳамагӣ чанд рӯз қабл мо шоҳид будем, ки дар Давҳа, пойтахти давлати Қатар, маросими оғози музокироти байни афғонҳо пас аз даҳҳо соли ҷанги бародаркуш баргузор гардид. Ҷомеаи байналмилалӣ умедвор аст, ки музокироти Давҳа оғози иқстиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон хоҳад шуд”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ афзуд,  табиист, ки ҳар ихтилофу низоъ мушахассоти худро дорад, аммо бо вуҷуди ин салоҳ ба назар мерасад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар раванди сулҳи байниафғонӣ мавриди истифода қарор гирад.

Эмомалӣ Раҳмон: музокироти сулҳи тоҷикон натиҷаи хуб дод

Ба гуфтаи Раҳмон, музокироти сулҳи тоҷикон натиҷаи хуб дод ва сулҳ дар Тоҷикистон истиқрор ёфт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳи тоҷиконро ҳамчун намунаи барҷастаи ҳалли ихтилофу низоъҳои дохилӣ эътироф кард. Тоҷикистон омода аст, бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии худ ба бародарони афғонистонӣ дар раванди музокироти сулҳ дар доираи имкон ёрмандӣ расонад, изҳор дошт раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки профессор Раббонӣ, раисиҷумҳури вақти Афғонистон дар роҳандозии муносиботи муосири Тоҷикистону Афғонистон саҳми бузург дорад. Ӯ аввалин шахси олимақоми кишвари хориҷӣ буд, ки соли 1992 аз Тоҷикистони соҳибистиқлол боздиди расмӣ ба амал баровард. Зимни сафари ӯ созишнома дар бораи барқарории муносибатҳои дипломатии ду давлат ба имзо расид.

“Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлӯи низоми сиёсии ҶИА қарор дошт ва минбаъд низ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи ин кишвари дӯсту бародар пуштибонӣ хоҳад кард. Тоҷикистон ҷонибдори истиқрори сулҳ ва зербиноии Афғонистон мебошад, то тамоми мардуми ин кишвар дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кард, мардуми Афғонистон, ки дорои шахсиятҳои барҷаста аз қабили профессор Раббонӣ мебошад, метавонад, тақдиру ояндаи сарзамини куҳантаърихи худро ба даст гирифта, барои ободии кишвараш пайгирона талош кунад.

531
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане

"Мо ду агрегати НБО “Роғун”-ро ба кор даровардем": шахси бовариноки Раҳмон чӣ ваъда дод?

0
(Таҷдидшуда 14:45 24.09.2020)
Ахиран шахси бовариноки Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ бо интихобкунандагони вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар таъкид дошт, ки президент кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ то дараҷае раҳо кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шахси бовариноки номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳадафҳои барномавии ҳафт соли минбаъдаи ҲХДТ ба ҳозирин иттилоъ дода, таъкид кардааст, ки Раиси ҲХД Тоҷикистон тайи ин солҳо ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.

“Ду агрегати НБО “Роғун”-ро ба кор даровардем ва он дар сурати бо иқтидори пурра ба кор даромадан моро ба яке аз ҳадафҳои асосӣ – даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикӣ мерасонад. Ҳамчунин, дар ин давра тавонистем, ки мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ то дараҷае раҳо бахшем”, – қайд кард номбурда.

Дар ҳамин ҳол,  номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ваъда дод, ки дар оянда дар кишвар бояд бозори коғазҳои қиматнок таъсис ёбад, то маблағҳо дар дохили кишвар ба гардиш дароянд.

“Ҳамзамон, миқдори хоҷагиҳои деҳқониро дар ҷумҳурӣ зиёд карда, шумораи гирандагони субвенсияро коҳиш диҳем. Барои ин ифтитоҳи корхонаҳои нави истеҳсолӣ лозим аст, – иброз дошт Рустам Раҳматзода, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки Зарагул Мирҳасанова, котиби марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, аз номи Меъроҷ Абдуллоев, раиси ин ҳизб, барномаи пешазинтихобии ӯро ироа намуд.

Вай афзуд, ҳадафи асосии ҳизб ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнаткашон,  пойдор гардондани адолати иҷтимоӣ ва таъмини шароити арзанда барои мардум мебошад, – гуфт ӯ.

Дар охири ҷамъомад номзадҳо аз интихобкунандагон хоҳиш карданд, ки санаи 11-уми октябр ба участкаҳои интихоботӣ биёянд ва барои ояндаи дурахшони кишвар ба номзадҳо овоз диҳанд.

0
Барчаспҳо:
бунбаст, Роғун, Бохтар, Хатлон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон