Автомобильная дорога, ведущая к городу Худжанду-Исфаре, архивное фото

Роҳи Исфара-Ворух боз шуд

351
Ҳукумати Тоҷикистон пас аз боз шудани роҳ дар соати дуи шаб, нахуст ҷароҳатбардоштагонро аз Ворух ба Исфара интиқлол дод

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Мақомоти ҳукумати Исфара мегӯянд, ахиран ҳаракати нақлиёт дар масири Боткент-Исфара ва Исфара- Ворух шоми дирӯз боз гардид.

Бар хабари мақомоти ин минтақа, ҳукумати кишвар пас аз боз шудани роҳ дар соати дуи шаб, нахуст ҷароҳатбардоштагонро аз Ворух ба Исфара интиқлол доданд.

Задухӯрди милисаҳои қирғиз бо сокинони кишварашон дар марз бо Тоҷикистон

Гуфта мешавад, панҷ нафар захмиён, ки дар бемористони Ворух қарор доштанд, алакай ба беморхонаи марказии Исфара интиқол дода шуданд.

Зимнан маълум гардид, афсари тоҷик Абдурасул Шомирсаидов, ки бар асари тирпарронӣ дар марзи Тоҷикиистону Қирғизистон захм бардошта буд дар Ворух ҷарроҳӣ шуд ва интизор меравад боз як ҷароҳии дигарро дар Исфара ва ё шаҳри Хуҷанд паси сар кунад.

Ҳудуди 600 нафар сокинони маҳали даргир дар марзро ба ҷойҳои амнтар интиқол доданд

 Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи муноқишаи навбатӣ дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки баъд аз зӯҳри 22-юми июл оғоз шуд, як сокини Исфара ба ҳалокат расида, чандин тан аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар якҷоягӣ тирпарронӣ дар марзро санҷиш хоҳанд кард

Ба гуфтаи мақомоти Исфара, бар асари тиркушоӣ аз тарафи Қирғизистон Ҷалолиддин Қароеви 52-сола ҷони худро аз даст дод.

Ҳаракат дар ин масир дар пайи муноқиша сар аз 22-юми июл то бегоҳи дирӯз 24-уми июл, қатъ шуда буд.

351
Барчаспҳо:
Ворух, Исфара, роҳ
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (92)
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото

Дастури Раҳмон барои тақвияти артиш ва марз: вазъи минтақа мураккаб

155
(Таҷдидшуда 15:26 26.01.2021)
Бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳад, махсусан, бо Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дода, ки барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Тоҷикистон стратегияи миллии зидди терроризмро барои солҳои 2021-2025 таҳия хоҳад кард, гуфт президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон.

Президент гуфт, тадбирҳо на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои кишвари мо, балки ба оромиву суботи кишварҳои дуру наздик, бахусус, кишварҳои минтақа низ мусоидат менамоянд.

Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифадор шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ҷиҳати ҳимояи устувори сарҳади давлатӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ пайваста чораҷӯӣ карда, назоратро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намояд.

Раисиҷумҳури кишвар гуфт, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем.

Зеро вазифаи аз ҳама муҳим - ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.

Навигариҳои хизмати ҳарбӣ: хизмати пулакӣ, дипломдорҳо ҳам раванд, ба кор намегиранд

Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, моро зарур аст, ки бо дарназардошти шароити имрӯза Қувваҳои Мусаллаҳи худро азнавсозӣ кунем ва онҳоро бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин намоем.

“Таъкид месозам, ки дар ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимоя кардани давлат аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мебошад”,-гуфт, президент.

Кишвардори Тоҷикистон гуфт, Вазорати мудофиа барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиаи кишвар, тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, инчунин, таъмини артиш бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Қабули қонунҳо: хизмати ҳарбӣ барои кор дар гумрук, суд, додситонӣ ҳатмӣ шуд

Вазорати мудофиа, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки корро бо захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётӣ тақвият бахшида, омӯзонидани онҳоро аз рӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монад ва ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, таълими саҳроӣ ва машқҳои низомӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир аҳаммияти аввалиндараҷа диҳад.

155
Барчаспҳо:
артиш, минтақа, марз, Эмомалӣ Раҳмон
Послание президента Таджикистана парламенту

Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд

307
(Таҷдидшуда 14:56 26.01.2021)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз  вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир ёдовар шуда, аз мақомоти қудратии кишвар хост, ки ба масъалаи таъмини амният диққати ҷиддӣ диҳанд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона гуфт, зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд, гуфт ӯ.

"Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд”,-афзуд, раисиҷумҳури кишвар.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Ба гуфти президент, онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Ӯ гуфт, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд ва ба ин хотир ӯ Прокуратураи генералировазифадор кард, ки лоиҳаи нави “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025”–ро таҳия кунад.

Мо борҳо эълон намудаем, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ тавр ба муҳоҷирати меҳнатӣ хотима дод

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки ҳамкориро бо сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар ин самт тақвият бахшанд.

307
Барчаспҳо:
фарҳанг, нақша, терроризм, Эмомалӣ Раҳмон
Девочка в окне домика зимой

Ҳушдори КҲФ аз сардии шадиду яхбандӣ: беш аз 40 дараҷа хунук мешавад

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки давоми се рӯзи оянда дар кишвар ҳавои номусоид хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки  то 29 январи соли равон ҳавои сард дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боқӣ мемонад.

Ба иттилои манбаъ, дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ  ва қисмати ғарии ВМКБ ҳаво шабона -16-21 дараҷа, дар шарқи ВМКБ - 36-41 дараҷа, дар Булонкул - 51-53 сард мешавад.

Бо сабаби идомаи ҳавои сард, дар аксари минтақаҳои кишвар яхбандӣ боқӣ мондааст, мегӯяд, манбаъ.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирии садамаҳо ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми гаштугузор сару либоси мавсимӣ ба бар дошта бошанд, то худро аз бемориҳои сармохӯрдагӣ ҳифозат карда тавонанд.

Ба ронандагон тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд, аз ҳар гуна сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.  

Таркиши чойхона дар хиёбони Рӯдакӣ: 12 нафар ба бемористон интиқол ёфт

КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатрии сӯхторро ҷиддан риоя карда, дастгоҳҳои барқиро беназорат нагузоред, ва ҳама асбобҳои гармидиҳиро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд, то боиси ҳодисаи ногуфоре нагардад.

0
Барчаспҳо:
роҳҳо, ҳушдор аз яхбандӣ, сардӣ, ҳушдор, КҲФ Тоҷикистон