Батальон солдат США загружается в военный самолет

Дар Афғонистон сафи неруҳои Амрикоӣ коҳиш меёбад

79
(Таҷдидшуда 19:33 04.08.2019)
Вашингтон тасмим гирифтаст, нуфуси ҳарбиёнашро дар хоки Афғонистон коҳиш диҳад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вашингтон ба хотири он ки Толибон ҳарчӣ зудтар бо ҳукумати Афғонистон ба мувофиқа расанд, тасмим гирифтаст, сафи неруҳояшро дар ин кишвар ба маротиб кам мекунад.

Бар хабари сомонаи CNN, айни замон шумораи ҳарбиёни Амрико дар қаламрави ҷумҳурии Афғонистон ба 14 000 баробар аст.

"Пас аз вуруди Амрико дар Афғонистон фоҳишахонаҳо ташкил шуданд"

Аммо Вашингтон изҳор намудааст, ки сафи ҷангандаҳояшро аз 14 000 то 8 ва ё 9 ҳазор кам мекунад.

Толибон барои шумораи зиёди ҳарбиёни амрикоӣ мустақар дар Афгонистон аз музокирот бо ҳукумати кишварашон сарпечӣ мекунанд.

Музокироти намояндагони Кобулу ва ҷунбиши “Толибон” дар Самарқанд баргузор мегардад

Коҳиш ёфтани шумораи неруҳои Амрико дар Афғонистон яке аз шартҳои калидии Толибон барои музокирот ба ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.

79
Барчаспҳо:
коҳиш, Амрико, неруҳо, Афғонистон