ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Сарбозони Чин бо худравҳои зиреҳпӯш ва силоҳу аслиҳаи худ барои иштирок дар машқҳои низомии муштарак вориди хоки Тоҷикистон мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Тавре Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон иттилоъ додааст, тамринҳои низомии артиши Тоҷикистону Чин аз 8 августи соли равон шурӯъ шуда то 11 август дар минтақаи Ишкошими ВМКБ идома хоҳад ёфт.
Дар тамринҳои муштараки мазкур як гурдони сарбозони Вазорати дифои Тоҷикистон ва як вашти артиши Чин иштирок хоҳад кард.
Дар машқҳои мазкур низомиёни ду кишвар амалҳои муқовимати муштарак ҳангоми ворид шудани террористон аз хоки Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба Чинро тамрин хоҳанд кард.
Дар тамринҳои мазкур неруҳои ҳавоӣ, тонку туп ва дигар намуди аслиҳа истифода хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки тамринҳои низомии зиддитеррористии муштарак миёни низомиёни Тоҷикистону Чин дар моҳи июни соли 2015 анҷом ёфта буд.
Инчунин, моҳи октябри соли 2016 низомиёни ду кишвар дар ВМКБ амалиёти махсус барои омодагии низомӣ анҷом дода буданд.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Раҳимзода ва Фазлӣ дар Кохи Сомон, бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумат ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосирро баррасӣ кардаанд.
“Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ бо Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амниятӣ муҳокима карда буд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар мулоқот зикр шуд, ки то ба имрӯз миёни кишварҳо зиёда аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳоро ташкил медиҳанд.
"Вобаста ба ин сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади мазкур ҷалб кард", - иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳур.
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошоияш гуфт, мардуми Тоҷикистон хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
“Ман имрӯз дилпурона изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо, ки дар тӯли таърихи қариб сӣ соли сипаришуда аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сангину мураккаб сарбаландона гузаштаанд, рисолати касбӣ ва қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии худро минбаъд низ бошарафона иҷро мекунанд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки имрӯзҳо, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақаи моро таҳдиду хатарҳои муосир печида гардондаанд. Ӯ дар феҳрасти таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму ифротгароӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ном бурд.
“Мо бояд ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем”, - зарур хонд Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ риояи ҳатмии интизоми хизматӣ ва талаботи ойинномаҳои ҳарбиро таъкид карда, афзуд, ки дар ин раванд, ба масъалаи тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
“Зеро иқтидор ва қобилияти ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи касбияти мутахассисон, яъне кадрҳои низомӣ, донишу таҷриба ва маҳорату малакаи онҳо вобаста мебошад”, - тавзеҳ дод Раҳмон.
Раисиҷумҳур дастур дод, ки дар ҷараёни омода кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ба обутоби ҷисмониву маънавӣ, сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, забондонӣ, ҳисси ватандӯстӣ, одоби муошират ва дигар сифатҳои шахсиву ахлоқии кадрҳои оянда диққати ҷиддӣ диҳанд.
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.
Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй ба маъраз гузошта шуд.
Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.
Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир мегардад.
Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад
Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.