Генерал Сафиало бо ҷавонони Лахш аз оқибатҳои терроризму экстремизм суҳбат кард

© МВД РТГенерал Азизулозода Сафиало Азизуло провел встречу с молодежью района Лахш
Генерал Азизулозода Сафиало Азизуло провел встречу с молодежью района Лахш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бо ҷавонони ноҳияи мазкур, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Қирғизистон таҳсил мекунанд, дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран сардори Раёсати ВУД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал - майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло дар маҷлисгоҳи Мақомоти ноҳияи Лахш бо ҷавонони ноҳияи мазкур, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил менамоянд, дидору мулоқот кард.

Участие молодежи Согдийской области на конференции по терроризму в Узбекистане - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавонони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон мехоҳанд ояндаро бидуни терроризм созанд

Тавре манбаъ хабар додааст, дар ин вохӯри фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоату маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ноҳияи Лахш ширкат доштанд.

Масъулини Вазорат таъкид намуданд, ки зимни вохӯрӣ бо ҷавонон ва фаъолони ноҳияи Лахш дар атрофи масъалаҳои мубрами имрӯзи ҷумҳурӣ гуфтугӯи судманд баргузор шуд.

Супориши раисиҷумҳур ба Кумитаи амният дар бораи пулу моли афроди алоқаманд ба терроризм

“Азизулозода Сафиало дар мавзӯъҳои “Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, таҳсили ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар, оқибатҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он”, “Оид ба масъалаи оиладорӣ ва пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон” ва “Доир ба вазъи вақти даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои муасаллаҳ” баромад намуда, фикру андешаҳои худро иброз дошт”, - қайд намуд манбаъ.

Инчунин манбаъ илова кард, ки вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор шуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки ҷавонони ноҳияи мазкур, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Қирғизистон таҳсил мекунанд, аз дӯстию рафоқат сухан карда қайд карданд, ки онҳо давомдиҳандаи муносибатҳои неку дӯстонаи ду миллати ҳамсояю ҳамҷавор хоҳанд буд.

Лентаи хабарҳо
0