Шойгу вазъияти марз дар қисмати ғарби Русияро нигаронкунанда хонд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкСергей Шойгу
Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳор намуд, ки дар вобастагӣ ба афзоиши шумораи низомиёни Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар Аврупои Шарқӣ вазъият нигаронкунанда аст

ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Вазъият дар марзи қисмати ғарбии Русия ташвишовар аст, аз ин рӯ Федератсияи Русия барои таҳкими вазъ "як қатор чораҳо"- ро руйи даст гирифтаст, изхор доштаст вазири дифои ин кишвар Сергей Шойгу.

Президент РФ В. Путин посетил Главный военно-морской парад - Sputnik Тоҷикистон
Путин: Қувваҳои обии Русия қодиранд ҳама гуна таҷовузкорро нест кунанд

Ба изҳори Шойгу, вазъият бо тақвияти ҳузури низомии НАТО дар Аврупои Шарқӣ, ҷойгиркунии системаи дифоъи зиддимушакии Амрико  дар Полша ва Руминия ва густариши ҳамкориҳои низомии НАТО бо Финландия ва Шветсия печидатар гардидааст.

Шойгу вазъ дар марзи кишварҳои ИДМ-ро ваҳим хонд

Ба гуфтаи вазири мудофиа, то охири сол дар ҳавзаи низомии ғарбии Русия беш аз 20 размоиши низомӣ бо ҳузури  нерӯҳои дифои ҳавоӣ,  ва бахшҳои соҳилӣ баргузор мешавад.

Илова бар ин, ҳавзаи низомии ғарбӣ ба беш аз 1,3 ҳазор адад таҷҳизоти нав ва муосиршудаи низомӣ таъмин хоҳад шуд.

Фармони Путин барои санҷиши ногаҳонии омодагии ҷангии пойгоҳи 201 ва ҳавзаи марказӣ

Зимнан Шойгу қайд намудаст, ки феълан диққати асосии ҳавзаи мазкур ба омодагии размоиши муштараки Русия ва Белорусия, ки моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад, равона гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0