Валерий Герасимов, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия, акс аз бойгонӣ

Генерал Герасимов вориди Душанбе шуд

257
(Таҷдидшуда 19:39 22.08.2019)
Генерали артиш Валерий Герасимов, сардори сидоти генералии қувваҳои мусаллаҳи Русия вориди Душанбе шуд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Русия генерал Герасимов бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Кумитаи сардорони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ, ки 23 август дар Душанбе дар назар аст, озими ин шаҳр шуд.

Ҳайатҳои ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистону Тоҷикистон дар ин ҳамоиш иштирок хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, сардорони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсуд дар ҷараёни ҷаласа масъалаи дурнамои ҳамкориҳои муштарак ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, инчунин ташкили низомҳои муштараки низомӣ мавриди баҳсу баррас ӣ қарор медиҳанд.

Зимнан, қайд гардид, ки зимни сафари корӣ сардорони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ аз "Кохи Наврӯз", "Боғи Ирам" ва Осорхонаи миллӣ боздид мекунанд.

Вазорати дифои Русия мегӯяд, зимни ин нишаст ҳамчунин иштирокдорон вазъи сиёсӣ-низомии марзҳои ҷанубии ИДМ-ро баррасӣ мекунанд. Инчунин таҳдидҳою чолишҳо барои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил таҳлилу баррасӣ мешаванд.

257
Поисковая экспедиция на месте где были бои во время Великой Отечественной войны 1941-45 годов, архивное фото

Ҷасади Раҷабов, куҳансарбози тоҷик, дар Калининград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео

1122
(Таҷдидшуда 15:51 09.07.2020)
Ҷасади боз як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Зеленоград пайдо карда шуд, ки ба гуфтаи ҷустуҷӯгарон аз Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳҳои ҷустуҷӯии "Совест" дар минтақаҳое, ки ҳангоми амалиёти Пруссияи шарқӣ задухӯрдҳо сурат гирифтаанд, кор карда,  дар ноҳияи Зеленоград ҷасади боз як сарбози ҶБВ-ро пайдо намуданд, хабар дод шабакаи телевизионии  "Вести-Калининград".

Муайян шудааст, ки сарбози ҳалокгардида Каримҷон Раҷабов аз Тоҷикистон будааст.

Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

“Раҷабов зодаи Тоҷикистон мебошад. Феълан ба макони таваллуд ва даъваташ дархостҳо равон карда шудаанд. Умедворем, ки наздиконаш пайдо шаванду мо тавонем мукофоти ҷангияшро ба онҳо супорем. Шояд онҳо бихоҳанд, ки боқимондаҳо дар ватан ба хок супорида шаванд”, - изҳор дошт Руслан Хисамов, роҳбари гуруҳи ҷустуҷӯӣ дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан дар ин минтақа ҷасади 7 сарбозеро пайдо карданд, ки аз пораҳои гулӯлаҳои  артиллерӣ ба ҳалокат расидаанд.

1122
Барчаспҳо:
сарбоз, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон
Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1228
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1228
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон
День 11 июля

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:26 10.07.2020)
Рӯзи ёздаҳуми июл Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ ва рӯзи байналмилалии шоколад мебошад. Дар ин рӯз дар Тоҷикистон, Султон Усмонов (1958) – коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба дунё омадааст

Рӯзи 11 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1700 дар Берлин Академияи илмҳои Германия таъсис дода шуд.

Соли 1890 аввалин маротиба дар таърихи Ҷопон интихоботи сиёсӣ баргузор гардид.

День 10 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Ссоли 1933 дар Женева Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати маводи мухаддир созмон дода шуд.

Соли 1950 дар Англия аввалин  барномаи машҳури кӯдаконаи телевизиони ББС «Andy Pandy» пахш шуд.

Соли 1982  Италия маротибаи сеюм Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Он дар даври финалӣ дастаи Германияро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Соли 2006 дар натиҷаи таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Мумбайи Ҳиндустон 190 нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ оид ба масъалаҳои минаҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, ҷиҳати ҷудо намудани 20 миллион доллар барои дастгирӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф дар Тоҷикистон ба имзо расид.

День 9 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2007 дар Душанбе мағозаи нахустини бренди “Адидас” кушода шуд.

Соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи омӯзишии фурӯзонакҳои каммасраф сохта шуд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Латвия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени «Сеситорагии дараҷаи 1» бо занҷираи заррин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Валдис Затлерсро бо Ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1» сарфароз гардониданд.

Соли 2009 Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, зимни як амалиёти махсус оид ба безараргардонии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ноҳияи Тавилдара кушта шуд.

Соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2010-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Соли 2013 маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси тиббии судӣ ба фаъолият оғоз кард.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл

  • Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ.
  • Рӯзи байналмилалии шоколад.

Рӯзи 11 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 1920 — Юл Бриннер (соли даргузашт 1985), ҳунарманди амрикоӣ - зодаи Русия.

Соли 1934 - Джорджио Армани, мудели арманӣ, асосгузори ширкати Armani.

Соли 1976 — Эдгард Запашний, артист, ҳунарманди халқии Русия.

Рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Борис Баршаковский (1916- 1987)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Валентина Бикова (1936) – Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Александр Денисов (1938) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Павел Евтеев (1914-1989)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Сироҷиддин Комилов (1950) – доктори илми иқтисод, профессор.

Александр Осипов (1906- 1986)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Пир Садиров (1911 – 1993) – Ҳофизи халқи Тоҷикистон.

Мақсуд Умаров (1954) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Султон Усмонов (1958) – коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Шери Дўст (1958)- шоир.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Тоҷикистон, Ҷаҳон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон