Танкҳо, акс аз бойгонӣ

Полковники тоҷик аз зуҳури "ДОИШ" дар Афғонистон баъди шикаст дар Сурия гуфт

374
(Таҷдидшуда 10:53 16.09.2019)
Ҷаҳонгир Назарализод, полковники тоҷик дар пасманзари таҷаммӯи ҷангиёни "ДОИШ" дар Афғонистон размоиши муштаракаи "Марказ - 2019"-ро махсусан муҳим хонд

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.  Теъдоди ҷонибдорони созмони террористии мамнуъ, "ДОИШ" дар Афғонистон ба ҳадди буҳронӣ расидааст, изҳор дошт полковники тоҷик Ҷаҳонгир Назарализод зимни маросими ифтитоҳи тамринҳои "Марказ - 2019".

"Баъди амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ дар Ироқ ва Сурия ДОИШ шикаст хӯрд ва саркардаҳои он нерӯҳошонро ба Афғонистон равона карданд. Аз ҳисоби таблиғот ҳамарӯза теъдоди ҷонибдорони ДОИШ афзоиш ёфта, ба ҳадди буҳронӣ наздик омадааст", -таъкид кард полковник Назарализод, сардори ситоди нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки вазъ дар кишвари ҳаммарз - Афғонистон мояи нигаронӣ мебошад ва бояд тадобири амниятӣ таҳким бахшида шаванд.

Полковники тоҷик зикр намуд, ки ягон кишвари ҷаҳон аз хатари терроризм дар амон нест ва таҷриба нишон медиҳад, ки бо ин зуҳуроти бад танҳо якҷоя бояд мубориза бурд. Ӯ дар пасманзари афзоиши хатарҳо, гузарондани размоиши муштараки "Марказ - 2019"-ро махсусан муҳим арзёбӣ намуд. 

Генерал-полковник Новиков: “ДОИШ” дар Осиёи Марказӣ хилофат сохтанист

Размоиши стратегии "Марказ - 2019" аз 16 то 21-уми сентябр баргузор мешавад. Дар ин машқҳо низомиёни Тоҷикистон, Русия, Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳинд, Қазоқистон ва Узбакистон дар маҷмуъ ҳудуди 128 ҳазор нафар иштирок мекунанд. Зимни тамринот истифода аз 20 ҳазор техникаю силоҳ, ҳудуди 600 ҳавопаймо ва 15 киштӣ дар назар аст.

 

374
Барчаспҳо:
размоиш, Афғонистон, Тоҷикистон, ИДМ
Министр МВД РТ Рамазон Рахмизода встретился с пакистанским генералом Надим Раза

Генерали покистонӣ бо генерали тоҷик чӣ масъаларо баррасӣ карданд

444
(Таҷдидшуда 12:06 27.11.2020)
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо генерали покистонӣ тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 26 ноябр, вазири умури дохили Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо аъзоёни ҳайати расмии Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши Покистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи мазкур генерал Надим Раза, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро дар соҳаи таъмини амният, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ – терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар хотима ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории самаранок иброз дошта, самтҳои асосии ҳамкориҳои судманди тарафайнро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза мулоқот кард

Дар мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва мудофиавӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардида, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақа ва ҷаҳон дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.

444
Барчаспҳо:
ҷинояткорӣ, мубориза, мулоқот, генерал, Покистон, Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Надим Раза, сардори Ситоди артиши Покистон

Раҳмон бо генерали покистонӣ аз сулҳи Афғонистон ва мавқеъҳои наздик гуфт

274
(Таҷдидшуда 20:16 26.11.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид шудааст, ки робитаҳои феълии Тоҷикистон ва Покистон фарогири соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳанг, илм, маориф, амният ва дигар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн буда, бо назардошти имконияти мавҷуда, ба рушду густариши онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистону Покистон нисбати аксари масъалаҳои умдаи минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд ва ин мавқеъгириҳо имкон медиҳад, ки ду давлат дар ҳамоҳангӣ ба ҳалли мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мусоидат намоянд.

Мулоқоти Раҳмон бо Халилзод, аз ҳамкорӣ то музокироти сулҳи байниафғонӣ

“Дар мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва мудофиавӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардида, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақа ва ҷаҳон дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт”, - омадааст дар иттилоия.

274
Барчаспҳо:
генерал, Русия, Тоҷикистон

Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад

0
(Таҷдидшуда 20:57 28.11.2020)
Дар вилояти Хатлон бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёди 941 иншооти тандурустӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Хатлон 532 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ аз қавли шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, то ҷашни Истиқлол дар вилоят бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздики 70 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

“Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки айни ҳол сохтмони иншооти калонҳаҷм, аз қабили бинои Маркази перинаталӣ ва Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин, дар деҳот сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ идома дорад.

Нашрия зикр намудааст, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 115 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 41 муассисаи амбулаторию госпиталӣ фаъолият менамоянд.

0
Барчаспҳо:
сохтмон, Тоҷикистон