Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Аҳмадзода бовар дорад сарбозон ва генералҳо марзи Тоҷикистонро хуб ҳимоят мекунанд

409
(Таҷдидшуда 15:32 07.10.2019)
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, бовар дорад, аз сарбози қаторӣ то генерал бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона ба Ватан, марзи Тоҷикистонро аз ҳама гуна амалиёти таҳрибкорона ҳимоя менамоянд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ин нуктаро раиси вилояти Суғд, зими маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иброз намуд.

Рӯзи 6 октябр, дар Амфитеатри Қасри Арбоби шҳари Хуҷанд, ба муносибати гусели аввалин гуруҳи даъватшавандагон чорабинии тантанавӣ доир шуд ва 1500 нафар ҷавонони шуҷоъ ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни ширкат ва суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ таъкид кардааст, ки ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ мебошад.

"Насли ҷавон дар баробари хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад", - гуфтааст ӯ.

Раиси вилоят ҳамзамон зикр кардааст, ки мақомоти вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси вилоят "Оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ" якҷо бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро мунтазам ба роҳ монда, нақшаи даъвати баҳории соли 2019-умро пеш аз мӯҳлати муқарраршуда иҷро намуд, ки ин дар навбати худ, аз болоравии ҳиссиёти худшиносии милливу ватанпарварии ҷавонони суғдӣ башорат медиҳад.

Таъкид гардидааст, ки корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоргардида, боиси он шуд, ки дар ин рӯз 1500 нафар ҷавонони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуданд.

Раиси вилоят дар фарҷоми суханронӣ изҳори боварӣ намуд, ки дигар ҳамсолони даъватшавандагон низ бо дарки масъулияти фарзандиву шаҳрвандӣ ва ҳидояти волидони худогоҳашон, ҳамчун номбардорони падару бобоёни шуҷои худ, дар рӯзҳои наздиктарин барои хизмати Модар – Ватан камари ҳиммат мебанданд.

"Боварии комил дорам, ки хизматчиёни ҳарбӣ - сокинони вилоят - аз сарбози қаторӣ то генерал бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона ба Ватан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм гузошта, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро карда, марзи Ватани азизамонро аз ҳама гуна амалиёти таҳрибкорона ҳимоя менамоянд ва иқтидори мудофиавии мамлакатро густариш мебахшанд", - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Мавриди зикр аст, ки дар рӯзи нахусти гусели даъватшавандагон ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Исфара нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро таъмин намуданд.

409
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, сарбозон, наваскарон, иҷрои нақшаи даъват, Қувваҳои мусаллаҳ, Суғд