Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд

Афви 434 маҳбус: садҳо нафар барои истиқболи наздиконаш назди зиндони шаҳри Хуҷанд омаданд

590
(Таҷдидшуда 11:44 29.10.2019)
Интизор меравад, имрӯз беш аз 400 маҳбус аз муассисаи ислоҳии 3/5 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба озодӣ бароянд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Имрӯз бар асоси Қони авф 2019, гуруҳи маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ ва маҳкамаҳои тафтишотӣ озод карда мешаванд.

Пайвандонии афвшудагон дар шаҳри Хуҷанд
акс аз Sputnik Тоҷикистон
Пайвандонии афвшудагон дар шаҳри Хуҷанд

Дари муассисаи ислоҳии 3/5 - и шаҳри Хуҷанд ба рӯи 434 маҳбус боз хоҳад шуд. Дар дари ин муассиса феълан садҳо нафар аз наздикону пайвандони маҳбусин ҷамъ омаданд ва интизори дидори онҳо ҳастанд.

Тафсилоти бештар вобаста ба раҳо шудани 400 маҳбусро дар соатҳои наздик муфассал нашр хоҳем кард.

Маврид ба зикр аст, ки рӯзи якшанбе дари маҳбасхонаи Ёвон низ барои 50 дарсади зиндониён кушода шуд. Зимнан аз маҳбаси занонаи шаҳри Норак низ 165 нафар ба озодӣ баромаданд.

Раҳмон Қонуни афвро имзо кард: 20 ҳазор зиндонӣ бахшида мешаванд

Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ дар доираи қонуни афв 7 ҳазор аз маҳбас озод мегарданд, 4500 нафари дигар аз ҷазоҳое, ки марбут ба ҳабс нестанд, озод мешаванд.

Инчунин зиёда аз 2 ҳазор нафаре, ки парвандаашон дар ҳоли таҳқиқ аст, афв мегарданду муҳлати ҳабси маҳкумшудаҳои дигар кам мешавад.

590
Барчаспҳо:
афв, Хуҷанд