Госдепартамент США, архивное фото

Департаменти Амрико Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои барои сайёҳон хатарзо шомил намуд

573
(Таҷдидшуда 13:34 14.11.2019)
Департаменти давлатии Амрико ба шаҳрвандони кишвараш ҳушдор додааст, ки аснои сайёҳат ба Тоҷикистон эҳтиёткор бошанд. Зеро Амрико Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои барои сайёҳон ноамн ворид намуд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Депортаменти давлатии Амрико пас аз ҳамлаи террористон ба постгоҳи марзии Тоҷикистону Узбакистон дар вебгоҳи расмии худ огоҳиномаеро нашр намудаст, хабар медиҳад сомонаи ТоҷикТа.

Ба гуфтаи манбаъ, огоҳиномаи ВУХ - и  Амрико дирӯз, 13 - уми ноябр нашр гардида, ва дар он аз шаҳрвандони амрикоӣ даъват карда шудааст, ки аснои сайёҳат намудан дар Тоҷикистон аз эҳтиёт кор бигиранд.

Тоҷикистон тафтишоти ҳамлаи Данғараро ба анҷом расонд

Аз ҷумла гуфта мешавад, ки аз ҳузур дар ҷойҳои серодам ва аз истифодаи нақлиёии ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд.

Зимнан, департаменти Амрико аз қатли ваҳшиёнаи сайёҳони амрикоӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон  ёдовар шудаст, ки бар асари он ҳодисаи даҳшатбор миёни чаҳор сайёҳи кушта шуда ду шаҳрванди амрико қарор доштанд.

Раисиҷумҳур террор дар Данғараро кори наҳзатиҳо хонд: ҳам ҳиҷолати сахт ва ҳам ҳушдор шуд

Гузашта аз ин мақомоти Амрико аз шаҳрвандони худ хостаанд, ҳангоми сафар ба Тоҷикистон расонаҳои маҳаллиро назорат кунанд ва нақшаи худро дар асоси иттлои нав танзим намоянд.

573
Барчаспҳо:
хатар, сайёҳон, Тоҷикистон, департаменти давлатии ИМА
Афганский офицер безопасности

Ҳамлаи Толибон ба низомиён дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон

817
(Таҷдидшуда 14:17 19.01.2021)
Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар шабонарӯзи гузашта ҳадафи як қатор ҳамлаҳои гуруҳи тундрави Толибон қарор гирифтаанд, яке аз онҳо дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон рух додааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҷангиёни гуруҳи мамнӯи Толибон шаби гузашта дар ноҳияи Хоҷаи Ғори вилояти Тахор, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, низомиёнро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Афғонистон, нерӯҳои давлатӣ тавонистанд, ҳамлаи Толибонро* пас гардонанд. Манбаъ афзуд, зимни даргирӣ ҳашт нафар толиб кушта шуда, ҳафт нафари дигар маҷруҳ гардидаанд.

Таъкид шудааст, ки аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ танҳо як нафар маҷруҳ шудааст.

Ба иттилои Вазорат, ҷангиёни толиб ҷасади ҳамроҳонашонро гирифта ба волусволии Дашти Арчӣ ақибнишинӣ кардаанд.

Дар баробари ин Вазорати мудофиаи Русия аз 5 ҳамлаи дигари Толибон хабар додааст, ки аз сӯи нерӯҳои амниятӣ пас гардонда шудааст. Дар маҷмуъ таъкид шудааст, ки тайи як шабонарӯз ҳудуди 60 толиб кушта шуда, 42 нафари дигар маҷруҳ гардиданд.

*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия

817
Барчаспҳо:
Толибон, ҳамла, Афғонистон, Тоҷикистон
Хобгоҳи сарбозон, акс аз бойгонӣ

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

2414
(Таҷдидшуда 12:26 19.01.2021)
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.

“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

2414
Барчаспҳо:
қонун, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон
День 21 января

Аз Рӯзи оғӯш то ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон дар боғи "Наврӯзгоҳ": имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:37 20.01.2021)
Рӯзи бисту якуми январ дар Лаҳистон – Рӯзи бибиҳо, дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ. Рӯзи байналмилалии оғӯш мебошад

Рӯзи 21 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1862 Адам Опел дар шаҳри Рюсселхайми Олмон корхонаи истеҳсоли мошинаҳои дӯзандагӣ ифтитоҳ намуд. Соли 1886 ширкати "Опел" истеҳсоли дучарха ва соли 1899 истеҳсоли мошинро сар кард ва  ҳоло яке аз ширкатҳои машҳуртарин дар ҷаҳон мебошад.

Соли 1932 дар Остона аввалин шумораи рӯзномаи "Ҳақиқати Қазоқистон" («Казахстанская правда») нашр шуд.

Соли 1954 дар ҷаҳон нахустин маротиба бомбаи атомии зери обӣ сар дода шуд.

Соли 2011 дар Остона, дар  Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон ҷаласаи дуюми Шӯрои ректорони консерваторияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2014 дар пойтахти Чин- шаҳри Пекин ҷаласаи якуми раёсати Шӯрои расмии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарони қисмҳои миллии Шӯрои расмии кишварҳои иштирокчии СҲШ- Тоҷикистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки дастаҳои футболи Испания — "Реал" ва "Барселона", инчунин "Манчестер Юнайтед"-и Англия дар соли 2015 беш аз 500 миллион евро ба даст овардаанд.

Рӯзи 21 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 нахустин шумораи ҳафтаномаи "Азия-Плюс" аз чоп баромад.

Соли 2004 Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард, ки мувофиқи он муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ барои хатмкунандагони донишгоҳҳо аз 18 ба 12 моҳ поин оварда шуд.

Соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2014 сарвазир Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои наздисоҳилии  шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шинос шуд.

Соли 2017  Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла, кӯдакону наврасон бар асари садамаи воситаи нақлиётӣ дар Италия ба Президенти Венгрия Янош Адер барқияи тасаллият ирсол намуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 январ

  • Дар Лаҳистон – Рӯзи бибӣ (модаркалон).
  • Дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ.
  • Рӯзи байналмилалии оғӯш.

Рӯзи 21 январ кӣ ба дунё омадааст

Анвар Абдурасулов (1947)- физикдон, профессор.

Аҷамӣ Муҳаммадалӣ (1954) – шоир.

Бандишоева Савсан (1922 – 2003) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Гулов Тағоймурод (1945) – доктори илми кишоварзӣ.

Ғаниев Комилҷон (1950) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Кандинов Лев (1932) – нависанда.

Каримова Аза (1925 – 2000) – доктори илми филологӣ.

Қаландарбеков Имомёрбек (1955)- доктори илми техникӣ, профессор.

Мастонгулов Мирзо (1939-2008)- доктори илми иқтисод, аввалин лётчики касбии тоҷик.

Маҳкамов Файз (1941) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Мирзоев Кароматулло (1941) – Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Мусулмонкулов Раҳим (1938) – доктори илми филологӣ, профессор.

Собиров Султон ( 1933 – 1998) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих
Таъсиси "ЦРУ" ва тасдиқи лоиҳаи "CASA-1000" аз ҷониби Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Рӯзи ҳамсар, таъсиси ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир ва зодрӯзи Дастин Поре: имрӯзи таърих