Раиси КДАМ аз афзоиши ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ гуфт

Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҷиноятҳое, ки ба терроризму экстремизм рабт доранд, дар ҳоли афзоишанд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Саймӯъмин Ятимов, ки дар ҷаласаи вижаи мақомоти судӣ бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм дар соли 2019, мутаассифона, рӯ ба афзоишанд.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди ахбори носаҳеҳ ба Президент: эроди Раҳмон аз ёвар, Ятимов ва додситони кул-видео

“Таҷриба нишон медиҳад, ки ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм, алайҳи низоми конститутсионӣ ва системаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ягонагиву якпорчагии давлат созмон дода шудаанд, рӯ ба афзоиш аст ”, - афзуд раиси Кумитаи давлатии миллии Тоҷикистон.

Дар суханронии Саймӯъмин Ятимов, ки тариқи телевизиони давлатии “Тоҷикистон” намоиш дода шуд, ҷузъиёти аз ин бештар дода нашуд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран аз ҳамлаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи “Ишқобод” – и отряди сарҳадии “Султонобод”, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон хабар дода шуд, ки бино ба додаҳои манобеъи расмӣ - 17 ва ғайрирасмӣ - 21 кушта ба ҷой гузошт.  Мақомоти тафтишотӣ то ба ҳол натиҷаҳои таҳқиқи ин ҳодисаро ба пуррагӣ дар ихтиёри ҷомиа нагузоштаанд. Мақомот ин ҳамларо кори дасти гурӯҳи худхондаи ДОИШ хонданд. Худи ин гурӯҳ ҳам ин ҳамларо ба дӯш гирифт.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси ҳамлаи “Ишқобод” бо ҳузури Раҳмон ва ҳифзи марз-аксҳо

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, тайи панҷ соли ахир ин ниҳод 1629 парванда нисбати 1693 нафарро асосан аз рӯи моддаҳои 179 (терроризм), 189 (барангехтани нафрати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё мазҳабӣ), 307 (даъвати умумӣ барои тағйири хушунатомезонаи низоми конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 401 (зархаридӣ) ва ғайра тафтиши пешакӣ карда, ба судҳо пешниҳод кардааст.

“Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Прокуратураи генералӣ, вазорати корҳои дохилӣ нисбати 18 ташкилоту сохторҳое, ки фаъолияти экстремистӣ ва террористиро пеш мебурданд, маводи лозима ҷамъ оварда шуда, ба Суди Олӣ пешниҳод шуд ва фаъолияти онҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ манъ карда шуд”, - гуфт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0