Раджаббой Ахмадзода, глава согдийской области

Ташвиши Аҳмадзода аз бозгашти ҷавонон ба мадрасаҳои хориҷӣ ба далели бекорӣ

685
(Таҷдидшуда 19:12 23.11.2019)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни ҷаласа дар масъалаи мубориза бо терроризм ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур додааст, барои баргардонидани донишҷӯёне, ки таҳсилашон дар мадрасаҳои хориҷи кишвар ғайрирасмӣ мебошад, кор баранд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Раиси вилояти Суғд аз таҳсили ғайриқонунии ҷавонон дар мадрасаҳои хориҷи кишвар изҳори нигаронӣ намуда, ба раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Ашт, Истаравшан, Исфара дастур додааст, барои ба ватан баргардонидани донишҷӯёне, ки таҳсилашон дар мадрасаҳои кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ мебошад, чораандешӣ кунанд.

“Мо донишҷӯёнро аз хориҷи кишвар як дафъа ҷамъ карда овардем, вале бо баҳонаи набуди ҷои кор баъзеи онҳо баромада рафтанд. Мо ин маълумотномаҳоро дорем. Дар хориҷа таҳсил кардани онҳо лозим нест. Кӣ медонад, ки онҳо дар кишварҳои хориҷ чӣ кор мекунанд. Мо дар дохили кишвар ҳамаи шароитҳоро дорем. Барои баргардондани ҳар яки онҳо ба кишвар талош кунед”, - таъкид намудааст Аҳмадзода.

Раисон бо бел ба мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд оғоз бахшиданд

Бо ироаи ин дастур, раиси вилоят, аз сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ин шаҳру ноҳияҳо тақозо кардааст, ки дар самти баргардонидани ин ҷавонон бо волидони онҳо корбарӣ намоянд.

Зимнан ба иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 18 донишҷӯ дубора барои таҳсил ба хориҷа рафтаанд. Онҳо, 3 сокини ноҳияи Ашт, 1 сокини шаҳри Бӯстон, 2 сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 2 сокини шаҳри Истаравшан, 1 сокини шаҳри Исфара, 2 сокини шаҳри Конибодом, 2 сокини ноҳияи Масчоҳ, 3 сокини шаҳри Панҷакент ва 2 сокини шаҳри Хуҷанд будаанд.

Масъулин мегӯянд, бозгашти дубораи ин шумор ҷавонон ба мадрасаҳои хориҷи кишвар аз роҳи муҳоҷират сурат гирифта ва ба ин ҳол таҳсили динии онҳо ғайрирасмӣ мебошад.

Мақомоти Тоҷикистон сар аз соли 2010 ба баргардонидани донишҷӯёни тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои хориҷӣ оғоз намуданд. Ин дастур баъди он роҳандозӣ гардид, ки зимни як суханронии худ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба волидон аз ифротгаро шудани бархе аз муҳассилин дар мадрасаҳои хориҷӣ таъкид намуда буд.

685
Барчаспҳо:
донишҷӯён, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Тоҷикистон