Ноутбук, архивное фото

Таъсиси сохторҳои махсуси мубориза бо экстремизм дар Тоҷикистон

922
(Таҷдидшуда 19:01 30.11.2019)
Мақомоти Тоҷикистон аз таъсиси ниҳодҳои махсуси мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла алайҳи таблиғи ҳаракатҳои мамнуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон қонун “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” дар таҳрири навро қабул кард, ки аз ҷониби мақомоти амнияти миллӣ, умури дохилӣ, адлия ва додситонии кул таҳия шудааст.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон, зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дод, ки дар ҳайати Прокуратураи генералии кишвар сохтори махсусгардонида - Раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорат аз болои иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи амнияти миллӣ ва бо мақсади муқовимат бо тарғиботи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар воситаҳои ахбори иҷтимоӣ шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис ёфт.

Ӯ татбиқи Стратегияи миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020-ро зикр карда, илова намуд, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъо­лияти мақомоти тафтишот ва хизматҳои оперативӣ дар назди прокурори генералии Тоҷикистон ситоди ягона таъсис дода шуд.

Аз феҳристи созмонҳои террористӣ ҳазф кунед: дархости 7 узви собиқи "Гурӯҳи 24 " аз додгоҳ

“Ба зиммаи он вазифаи муайян кардану ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки шаҳрвандонро ба сафи “Давлати исломӣ” ҷалб ва ба минтақаҳои ҷангзада, аз ҷумла Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳо, равон мекунанд, вогузор шуд”, - хабар дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Холмуҳаммадзода.

Ӯ таъкид намудааст, ки лоиҳаи нави қонун бо забони одиву оммафаҳм эҷод гардида, дар он аз ҷумла муайян шудааст, ки “экстремизм” - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистӣ буда, барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгаройӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона шудааст.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки феълан бо қарорҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон 18 ташкилот – “Давлати исломӣ”, “Ҳаракати Толибон”, “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”), “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Салафӣ”, “Ал-Қоида”, “Ҷабҳат-ун – Нусра”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари тоиба”, “Гурӯҳи исломӣ” (“Ҷамоати исломии Покистон”), “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, “Гурӯҳи-24”, “Тоҷикистони озод”, “Созмони таб­лиғот” (Ҷамоати Таблиғ) ва “Шоҳидони Иеговы” экстремистӣ ва террористӣ эътироф гардида, фаъолияти ҳар яке аз онҳо дар Тоҷикистон қатъ карда шуд.

922
Барчаспҳо:
экстремизм, мубориза, Додситонии кулл, Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин

Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

253
(Таҷдидшуда 17:43 25.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.

253
Барчаспҳо:
Владимир Путин, ИМА, Путин, Русия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

383
(Таҷдидшуда 00:01 23.10.2020)
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимн ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

383
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон

Путин кушташудаҳо дар Қарабоғро бо ҷонбохтагон дар Афғонистон қиёс кард: хеле зиёд-навор

0
(Таҷдидшуда 19:44 27.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, теъдоди кушташудаҳо аз ҳар ду ҷониб дар Қарабоғи Куҳӣ тайи як муддати кӯтоҳ ба 5 ҳазор нафар наздик омадааст

Раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тайи 10 соли ҷанг дар Афғонистон, нерӯҳои Иттиҳоди шӯравӣ 13 ҳазор нафарро аз даст доданд, аммо дар Қарабоғ тайи чунин як муддати кӯтоҳ теъдоди ҷонбохтагон аз ҳарду ҷониб ба 5 ҳазор нафар наздик шудааст.

“Чӣ қадар маҷруҳанд, чӣ қадар мардум азоб мекашанд, чӣ қадар кӯдакон? Аз ин лиҳоз ҳодисаи мазкур барои мо махсус мебошад”, -изҳор дошт раисиҷумҳури Русия.

“Мухолифат ба шеваи бадтаринаш”, - тасвир кард Владимир Путин ҳаводис дар Қарабоғи Куҳиро.

Раисиҷумҳури Русия таъкид намуд, ки фоҷиаи асосӣ ин марги одамон мебошад. Талафот аз ҳар ду ҷониб беш аз 2 ҳазор нафариро ташкил медиҳад.

Алиев мегӯяд, Боку ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлолияти Қарабоғро намепазирад: Пашинян чӣ мегӯяд

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки Маскав тамоми талошашро мекунад, то хунрезӣ дар Қарабоғи куҳӣ қатъ шавад.

0
Барчаспҳо:
шарҳ, Владимир Путин, ҷанг дар Қарабоғ, Қарабоғи Кӯҳӣ