Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев

Патрушев аз хатари ҳамлаи ҷангиёни ДОИШ ба хоки Тоҷикистон ҳушдор дод

563
(Таҷдидшуда 14:26 18.12.2019)
Ҷангиёни ДОИШ ба хотири забт кардани Осиёи Марказӣ тавассути Тоҷикистон ва Туркманистон майдони амалиёти ҳарбиро омода мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik.  Котиби Шӯрои Амнияти Русия Николай Патрушев дар ҳошияи нишасти бисёрҷонибаи роҳбарони амният дар Теҳрон, аз хатари ҳамлаи ҷангандаҳои ДОИШ ба Осиёи Марказӣ ҳушдор дод, хабар медиҳад сомонаи Интерфакс.

"Кӯшиши асосии доишиҳо пурқувват кардани ҳузури худ дар шимоли Афғонистон аст. Феълан шумораи онҳо дар ин кишвар марзи 2 ҳазор нафарро убур намудаст. Ҷангиёни ДОИШ тасмим доранд барои ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шудан майдони мувофиқи ҳарбиро барои худ омода мекунанд", - изҳор намудаст Патрушев.

Баҳои баланди вазири рус Дмитрий Патрушев ба кулчаҳои бонувони Хатлон

Котиби Шӯрои амнияти Русия илова намудаст, ки ҳадафи асосии ҷангиёни ин созмони мамнӯъ созмон додани давлати Хуросони Бузург, ки ба тобеияти он Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шомил мегарданд.

"Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳадафи ҳамлаи доишиҳо метавонанд объектҳои инфрасохтори муҳим, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагиҳои дипломатӣ, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ қарор бигиранд", -  гуфт Патрушев.

Қобили зикр аст, ки дар нишасти шашҷонибаи роҳбарони амният дар Теҳрон, котибони шӯрои амнияти Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Чин ва Покистон  ширкат мекунанд.

563
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ДОИШ, хатар, Николай Патрушев
Афганский офицер безопасности

Ҳамлаи Толибон ба низомиён дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон

622
(Таҷдидшуда 14:17 19.01.2021)
Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар шабонарӯзи гузашта ҳадафи як қатор ҳамлаҳои гуруҳи тундрави Толибон қарор гирифтаанд, яке аз онҳо дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон рух додааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҷангиёни гуруҳи мамнӯи Толибон шаби гузашта дар ноҳияи Хоҷаи Ғори вилояти Тахор, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, низомиёнро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Афғонистон, нерӯҳои давлатӣ тавонистанд, ҳамлаи Толибонро* пас гардонанд. Манбаъ афзуд, зимни даргирӣ ҳашт нафар толиб кушта шуда, ҳафт нафари дигар маҷруҳ гардидаанд.

Таъкид шудааст, ки аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ танҳо як нафар маҷруҳ шудааст.

Ба иттилои Вазорат, ҷангиёни толиб ҷасади ҳамроҳонашонро гирифта ба волусволии Дашти Арчӣ ақибнишинӣ кардаанд.

Дар баробари ин Вазорати мудофиаи Русия аз 5 ҳамлаи дигари Толибон хабар додааст, ки аз сӯи нерӯҳои амниятӣ пас гардонда шудааст. Дар маҷмуъ таъкид шудааст, ки тайи як шабонарӯз ҳудуди 60 толиб кушта шуда, 42 нафари дигар маҷруҳ гардиданд.

*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия

622
Барчаспҳо:
Толибон, ҳамла, Афғонистон, Тоҷикистон
Хобгоҳи сарбозон, акс аз бойгонӣ

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

2337
(Таҷдидшуда 12:26 19.01.2021)
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.

“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

2337
Барчаспҳо:
қонун, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Афзоиши фавти эрониён аз COVID-19

0
(Таҷдидшуда 20:57 19.01.2021)
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ 83 нафар ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

Манбаъ афзуд,  маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси корона, Эрон