Саймумин Ятимов. акс аз бойгонӣ

Сипоси Ятимов ба Аҳмад Зиё барои ошкорсозии қасди террори мудҳиш дар Тоҷикистон

3066
(Таҷдидшуда 21:07 15.01.2020)
Аҳмад Зиё Сироҷ, роҳбари мақомоти амнияти миллии Афғонистон бо ҳамтои тоҷикистонияш Саймумин Ятимов густариши ҳамкориҳо барои таҳкими амниятро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон барои ошкор сохтани гуруҳҳои террористӣ ба Аҳмад Зиё изҳори сипос кардааст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Аҳмад Зиё, раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон бо ҳайати баландпоя рӯзҳои 14-15-уми январ дар Тоҷикистон қарор дошт, хабар дод “Ховар”.

Манбаъ афзуд, "ҷониби Тоҷикистон миннатдории худро ба Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон барои ошкор сохтан, муборизаи беамон бурдан ба муқобили  гурӯҳҳои террористие, ки омодагии махсус дида, барои содир намудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Тоҷикистон супориш гирифта буданд, изҳор дошт".

Дар иттилоия гуфта нашудааст, ки мушахассан гап дар бораи кадом гуруҳҳо аст ва чӣ супоришҳо дар мавриди Тоҷикистон гирифта будаанд.

"Тарафҳо ибрози нигаронӣ карданд, ки қаламрави Афғонистон бо дахолати қувваҳои муайяни тахрибкори байналмилалӣ ба майдони ҳарбу зарб табдил ёфтааст. Ин ҳолат боиси эҷоди хавфу хатар барои кишварҳои ҳамсоя низ мебошад", - омадааст дар иттилоия.

Дар идома аз таҳдиди мустақими созмонҳои террористии байналхалқӣ, аз ҷумла “ал-Қойида”, “Давлати исломӣ”, “Ҳизби наҳзати ислом”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҳаракати исломии Туркистон” ва ғайра таъкид гардидаст.

Зикр аз Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳолест, ки раёсати ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон иддаои террористӣ буданашро дорои ангезаи сиёсӣ гуфта, даст доштанаш дар тахрибкориҳоро рад мекунад.  

Дар ҳамин ҳол мақомоти тоҷик таъкид намудаанд, ки тарафҳо омодагии худро барои боз ҳам амиқтар гардонидани ҳамкориҳо барои таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир таъкид карданд.

Дар фарҷоми мулоқот Аҳмад Зиё Сироҷ аз натиҷаи ташрифи худ ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, аз Саймумин Ятимов даъват кардааст, ки дар фурсати муносиб ба Афғонистон сафари корӣ анҷом диҳад. Дар иттилоия таъкид шудааст, ки даъват пазируфта шуд.

3066
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, терроризм, Афғонистон, Тоҷикистон
На таджикский-афганской границе, архивное фото

Раҳимзода дар бораи сафар ба ВМКБ ва вазъ дар марз гуфт

665
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар бораи сафари кориаш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақл кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ахиран ба ВМКБ сафари хидматӣ дошта аз вазъ дар сарҳад бо кишвари ҳамсоя Афғонистон огаҳӣ пайдо кардааст.

Ба гуфти Раҳимзода, ҳоло вазъ дар марз ором аст ва кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо марзбонон ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар ба ҳимояи марз машғул ҳастанд.

Дарозии марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 370 километрро ташкил дода, аксари он аз манотиқи куҳӣ убур мекунад, ки назорату нигоҳубини онро мушкил менамояд.

Вазъият дар умум дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад. Дар кишвар зуд зуд миёни низомиёни давлатӣ ва ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамлаҳои мусаллаҳона сар мезанад. Дар баробари ин вақтҳои охир дар Афғонистон аъзоёни гурӯҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) фаъол шудаанд.

Фармондеҳони марзии ИДМ дар Самарқанд вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Ёдрас мешавем, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

665
Барчаспҳо:
вазъият, марз, Рамазон Раҳимзода Ҳамроҳ, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Спецназ Таджикистана на 201-й российской военной базе, архивное фото

ВУД Тоҷикистон: дар соли равон аз ду амали террористӣ ҷилавгирӣ кардем

184
(Таҷдидшуда 14:54 03.08.2020)
Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз эълон доштанд, ки дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ду амали террористӣ пешгирӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Шодӣ Ҳафиззода , сардори раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки террористон қасд доштанд  кормандони милитсияро дар Рашту Шаҳринав кушанд.

 Вай афзуд кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон аз ду амали террористӣ, ки террористон аввали сол онҳоро нисбат ба кормандони милитсия дар ноҳияҳои Рашт ва Шаҳринав тарҳрезӣ карда буданд, пешгирӣ намуданд.

“Ҳар ду амали террористиро ҷонибдорони созмони террористтии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати исломӣ” содир карданӣ буданд”, - таъкид дошт сардори Раёсат.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели омодагӣ ба амали террористӣ чанд нафар аъзои “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Аммо ӯ аз ифшои ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ кард.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли равон 247 нафар шаҳрвандони кишвар ба гумони узвият ё робита доштан бо созмонҳои террористӣ ва ифротгаро боздошт шудаанд.

Аз ин шумор 203 нафараш аъзои созмони “Ихвон ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), 27 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстреместии “Давлати исломӣ”, 17 нафар “Салафия”, 8 нафар ҷамоати “Ансоруллоҳ”, чаҳор нафар “Гурӯҳи 24”, се нафар ҲНИТ, се нафар “Ал-Қоида”, ду нафар “Ҳизб-ут-Таҳрир”, як нафар ҳаракати исломии Ӯзбекистон, як нафар аъзои гурӯҳи Толибон ва як нафар дигар аъзои “Ҷамоати таблиғ”  буда, онҳо дар ҳоли ҳозир дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷиноятӣ ҷалб шуданд.

184
Барчаспҳо:
Вазорати умури дохила, Тоҷикистон, ҷилавгирӣ, амали террористӣ, ВУД
Девочка плачет, архивное фото

Шарҳи пурраи ҳодисаи таҷовузи духтарчаи сесола дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 13:59 10.08.2020)
Прокуратураи генералии Тоҷикистон шарҳи бештари ҳодисаи таҷовузи духтарчаи сесола дар пойтахтро аз суи як ҷавон нашр кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Зиёев Юсуф Раҷабалиевич, ки қаблан ду маротиба суд шуда буд, аз гузаштаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз дар ҳолати ретсидиви хавфнок ба содир намудани ҷиноятҳои қасдонаи махсусан вазнин - таҷовуз ба номус ва ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида даст задааст. 

Манбаъ мегӯяд, ӯ бо мақсади мардикорӣ ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷои зисти доимӣ надошт, мунтазам машруботи спиртӣ истеъмол намуда, дар даромадгоҳҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна, майдончаҳои варзишӣ ва кӯчаву паскӯчаҳои беодам шабҳоро гузаронидааст.

  “05 майи соли 2020 ҳангоми гузаштан аз кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев, бинобар ҳолати мастии майзадагӣ ҳиссиёти шаҳвониаш боло рафта буд, хурдсол “А”, соли таваллудаш 2017-ро танҳо дида, дар вуҷудаш қасди содир намудани алокаи ҷинсӣ ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ ба вуҷуд омадааст”,-афзудааст манбаъ.

  Ӯ бо роҳи фиреб, бо баҳонаи аз мағоза барояш харидани маводи хурока, охиринро тариқи автомашинаҳои мусофиркаши ҷамъиятӣ аз кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев ба кӯчаи Зарафшон-2 ноҳияи Сино бурдааст.

  “Зиёев Ю.Р. баъд аз ин, ба назди истгоҳи трансформатори № 9/4 ноҳияи Сино омада, аз ҳолати кушода будани дари хуҷраи трансформатори мазкур ва набудани одамони гирду атрофи он истифода карда, духтари хурдсол “А”-ро дохили ҳуҷраи номбурда, ки тавоноии 1000 кВА-ро дорад, даровардааст. Барои озодона анҷом додани қасди ҷинояткоронаи худ, шароит фароҳам оварданӣ шуда, аз гирду атроф як адад палос ва курпаи истифодашудаи фарсударо пайдо карда, дар замин партофтааст”,-мегӯяд манбаъ.

  Тибқи иттилои манбаъ, ӯ аз ҳолати оҷизии духтари хурдсол “А” истифода карда, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст. Баъди содир намудани ҷинояти таҷовуз ба номус ва анҷом додани ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

 Гуфта мешавад духтарчаро 7 майи соли 2020 шаҳрвандон дар кӯча танҳо дарёфт намуда, дар ин хусус ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Дар пайи чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯйи номбурда боздошт гашта, аз суи додгоҳи шаҳри Душанбе санаи 9 июли соли 2020 бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша зиндонӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол мақомот, аз вазъи саломативу равонии духтарча иттилоъ надодааст.

 

0