Намояндагони Қатар дар Академияи Тоҷикистон

Дар меҳмонии амири Қатар: кормандони ВКД Тоҷикистон боз ба Қатар даъват шуданд

623
(Таҷдидшуда 09:12 31.01.2020)
Як гурӯҳи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар маросими хатми курсантони Коллеҷи политсияи Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар ширкат карда, аз тарафи амири Қатар ба зиёфат даъват шуданд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik.  Як гурӯҳи кории сенафара таҳти роҳбарии сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳамроҳии сардори шуъбаи тайёрии кадрҳои Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД подполковники милитсия Набизода М.И. ва сарнозири маркази тестии шуъбаи таълими Академияи ВКД подполковники милитсия Мирзозода дар маросими хатми курсантони Коллеҷи политсияи Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар ширкат карданд.

Бино ба гузориши ВКД, дар доираи ин сафар, рӯзи 22-юми январ ҳайати меҳмонони тоҷикистонӣ ба Департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии ВКД Қатар ташриф рафта, бо мудири он Алӣ Ҳасан Алӣ ал-Қубайсӣ вохӯрда, бо сохтор ва тарзи корбарӣ дар ин департамент аз наздик шинос шудаанд.
Ҳамчунин, рӯзи 23-юми январ ҳайати мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз Коллеҷи политсияи ВКД Давлати Қатар боздид карда, дар маросими тантанавии хатми курсантони Коллеҷи мазкур иштирок намудаанд.

Бояд гуфт, ки муҳлати таҳсил дар он чор сол буда, соли равон 110 нафар Коллеҷро хатм кардаанд. Манбаъ афзуда, ки ин маросим амири Қатар Тамим бин Ҳамад ал-Тани ва масъулини мақомоти корҳои дохилии ин кишвар низ ширкат намудаанд.

Амири Қатар расман иштирокчиёни чорабиниро ба хӯроки нисфирӯзӣ даъват карда, дар интиҳои чорабинӣ маросими супоридани туҳфаҳои хотиравӣ баргузор гардидааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки дар асоси Созишномаи ҳамкориҳои байналмилалии байни Академияи ВКД Тоҷикистон ва Коллеҷи политсияи ВКД Қатар, директори Коллеҷи мазкур генерал-майор, доктор Абдулло ал-Муҳанно ал-Маррӣ даъват намудааст, ки то охири соли таҳсили 2019-2020 ҳайати гурӯҳи кормандони Академияи ВКД метавонанд барои ошноӣ ва омӯзиш дар самти ҷиноятҳои иттилоотӣ ва ҳолатҳои фавқулода ташриф намоянд.

Инчунин, даъват карда шуд, ки ҳамасола дар маросими хатми курсантони Коллеҷ намояндагони Академияи ВКД Тоҷикистон ширкат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта намояндагони Коллеҷи политсияи ВКД Қатар бо роҳбарии директори он ба Академияи ВКД Тоҷикистон омада буданд.

Он замон ҳайати меҳмонон бо инфрасохтори нави Академия шинос шуда, аз баъзе синфхонаҳо, аз ҷумла синфхонаҳои махсуси ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5, техникаи махсус, китобхонаи электронии шуъбаи илм, тири интерактивӣ дидан намуда, дар рафти дарс ширкат карданд.

623
Барчаспҳо:
меҳмонӣ, ВКД, Тоҷикистон, Қатар
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

1792
(Таҷдидшуда 15:42 24.05.2020)
Тирандозӣ байни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон суръат гирифтааст. Феълан байни намояндагони нерӯҳои марзбонии ду кишвар гуфтушунид идома дорад

ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирандозӣ сар зад, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии давлатии ҷумҳурӣ.

Таниш субҳи имруз дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон дар минтақаи Суғд, ки бо вилояти Бодканд ҳамсарҳад аст, суръат гирифтааст.

Бино бар маълумоти ҷониби қирғизҳо, баҳси марзбонҳо дар пайи кӯшиши чарронидани чорво аз ҷониби сокинони ҷамоати Ворух дар ҳудуди вилояти Бодканд будааст.

"Тақрибан, соати 11:40 байни марзбонони ду кишвар тирпарронии кӯтоҳе сар зад", - менависад дафтари матбуотӣ.

Бино бар иттилои пешакӣ, талафоте ба қайд гирифта нашудааст.

Қайд мегардад, ки феълан намояндагони нерӯҳои марзбонии кишвар гуфтушунид анҷом медиҳанд. 

Сабаб коронавирус: Қирғизистон тадбирҳои амнияти дар марз бо Тоҷикистонро шидидтар кард

"Вазъ дар минтақаи марзи давлатӣ феълан нисбатан босубот аст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

1792
Места лишения свободы, архивное фото

4 зиндонии фавтида ва вазъи Зайд Саидов: суҳбати сардори зиндонҳои Тоҷикистон

6076
(Таҷдидшуда 21:07 11.05.2020)
Гузоришҳое, ки аз чаҳор тараф мерасанд, ҳокиянд, ки вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дар робита ба “вируси корона” вахим шудаву он ҷо як фоҷиаи инсонӣ ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik, Фахриддини Холбек. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги як руҳонӣ дар зиндон хабар пахш шуд ва бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, ду нафари дигар ҳам дирӯзу имрӯз ҷон ба ҳақ супурдаанд. Ҳамзамон фарзандону пайвандони зиндониёни маъруф Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, яке аз раҳбарони Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон, тариқи расонаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки падаронашон вазъи хеле вазнине доранд.

Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъҳо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо зиндонбони №1 – и кишвар, генерал – лейтенант Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон тамос гирифта, нахуст аз ӯ пурсид, ки оё маргумир дар зиндонҳо зиёд шудаву ҳукумати Тоҷикистон ин арқомро пинҳон медорад? 

Мансурҷон Умаров: Бале, ин ки маргумир дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳаст, дуруст аст. Зиндон ҳам як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамин ҷомиа аст. Он чӣ дар берун иттифоқ меафтад, таъсири ба зиндонҳо низ дорад. Аммо ин ки маргумир зиёд шудааст, мегӯянд, ба маънои он нест, ки ҳама зиндониён сар ба сар фавтида истода бошанд. То ҳамин лаҳзае, ки ман бо шумо суҳбат мекунам, 4 зиндонӣ бо ташхиси пневмония ҷон додаанд, аммо қанду дилу дигар маризиҳои ҳамрадиф доштанд. Аксарият аз 50 – сола зиёд буданд. Ду нафарашон ёдам ҳаст, ки бо моддаи 200 – и Кодекси ҷиноӣ – тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир ҳабс шуда буданд.

Sputnik Тоҷикистон: 9 май ҷавоне ба номи Абдулфайз Раҷабов, маъруф ба Эшони Абдулфайз, ки 47 сол бештар синн надоштааст, дар зиндони шумораи 1-и Душанбе фавтидааст. Марги ӯро ҳам таъйид мекунед?

Мансурҷон Умаров: Ягон ҷои пинҳон доштан нест. Ин маризӣ имрӯз дар тамоми дунё бедодгарӣ дорад, касе напӯшидааст, мо ҳам пӯшида наметавонем. Бале, Абдулфайз Раҷабов ё Эшони Абдулфайз аз гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим буд ва бино ба иттилое, ки ман дар даст дорам, аввал тасф карда, сипас бо ташхиси "илтиҳоби шуш" фавтидааст.

Sputnik Тоҷикистон: Ҷаноби генерал, оё Шумо ҳам мутмаин ҳастед, ки ин фавтҳо ҳамоно пневмония асту "вируси корона" нест? Охир, пневмония маризии гузаранда намебошад?

Мансурҷон Умаров: Ҳеҷ аҷобат надорад, ки чунин бошад. Дар тамоми ҷаҳон ва дар кишвари мо ин маризиро расман эътироф карданд. Дигар як чизи маълуму рӯшан аст. Аммо аз нигоҳи ман, ҳоло муҳим ин нест, ки чӣ маризӣ аст, муҳим мо бояд вазъро мудирият кунем ва нагузорем, ки талафот зиёд шавад. Масалан, мо дар зиндонҳо тамоми тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва вазорати тандурустии кишварро ҳангоми ҷилавгирӣ, табобат ва назорати зиндониёни мариз риоят мекунем. Ҳатто дастурҳои алоҳидаи хаттӣ дарёфт карда, аз рӯи низоми пешниҳод кардаи онҳо табобат мекунем. Хушбахтона, беш аз 100 нафар табобат гирифта, рухсат шуданд.

Sputnik Тоҷикистон: Ҳоло боз чанд нафари дигар ҳастанд, ки таҳти тадовиянд ё вазъашон вазнин аст?

Мансурҷон Умаров: Тақрибан ҳаволии зуҳр вақте ман ҳисобот хостам, хабар ёфтам, ки ҳудуди 30 нафар ҳоло таҳти назорати табибонанд ва вазъи 4 нафари дигар вазнин аст. Шахсан дастур додам, ки духтурон ҷиддӣ бигиранд. Ин ки бо тасфу дигар авориз муроҷиат карда, ташхис мешаванд ва рухсат мешаванд, боз даҳҳо нафари дигар аст.

Sputnik Тоҷикистон: Оё вазъ то кадом дараҷа таҳти контрол аст ва то куҷо ба наздикону пайвандони зиндониён эътимод дода метавонед, ки як фоҷиаи башарӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон иттифоқ намеафтад?

Мансурҷон Умаров: Мо дар зиндонҳо қарантина эълон кардаем. Афроде, ки каме тасф бароварданд, зуд таҳти назорат гирифта мешаванд. Мо ин омодагиҳоро аз хеле пеш гирифта будем. Ба мардуми худ итминон медиҳем, ки ҳеҷ фоҷиае ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Мехоҳам як чиро дарк кунанд: дар зиндонҳо ҳам он шароите ҳаст, ки дар берун ҳаст. Бунгоҳи тиббӣ, шифохона, духтур, дору, таҷҳизоти тиббӣ – оксигенератор, дастгоҳи нафаси сунъӣ... ҳама ҳаст. Аз кӯмакҳое, ки ба кишвар омаданд, доруву дармону таҷҳизот ба мо ҳам расид, худи ҳукумат ҳам ҷудо кард. Хотирашон ҷамъ бошад, ки ин ҷо вазъи сиҳӣ таҳти назорат аст.

Sputnik Тоҷикистон: Ҷаноби генерал, писарони Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зайд Сайидов, ки дар зиндон нигаҳ дошта мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бад шудани вазъи саломатӣ ва эҳтимоли ба "коронавирус" гирифтор шудани падаронашон изҳори ташвиш карданд. Оё воқеан, вазъи онҳо вахим аст?

Мансурҷон Умаров: Дуруст гуфтаанд, ки вазъи ҳам Раҳматуллоҳи Раҷаб ва ҳам Зайд Сайидов як муддат вахим шуд. Ҳарду тасф бароварданд ва ҳарду ба бунгоҳи тиббӣ интиқол ёфтанд. Ҳоло вазъи ҳарду рӯ ба беҳбудӣ аст. Бахусус, ҳолати Раҳматуллоҳи Раҷаб вазнин шуда буд, ки ҳоло аз вазъи буҳронӣ гузашта, саломатиаш беҳбуд меёбад. Худи ҳамин саҳар ман аз пизишкони муассисаи якум шахсан вазъи Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зайд Саидовро пурсидам, ки чӣ тур ҳастанд. Посух доданд, ки ҳарду сари по шудаанд, роҳ мегарданд.

Sputnik Тоҷикистон: Шумо дурустии чанд иттилоеро, ки мо аз шабкаҳои иҷтимоӣ хонда, бо Шумо матраҳ кардем, таъйид кардед. Оё ин иттилоот чӣ гуна ба берун дарз мекунанд ва чӣ тур пайвандон аз вазъи хешовандони худ огоҳ мешаванд?

Ходжамахмад Умаров, эксперт Института экономики и демографии АН РТ
© из личного архива Умарова Ходжамахмада

Мансурҷон Умаров: Ёдатон бошад, аз 31 март тамоми тамосу мулоқоту дастовезҳо ба зиндониёнро манъ карда будем. Аммо тамоси телефонӣ ва ҳам қабули хӯрока тибқи меъёру низомнома қатъ нашудааст. Мо 24 соат дар ихтиёри маҳбусон телефон гузоштаем, ки бо наздикони худ робита дошта бошанд. Дар ҳамаи муассисаҳо аз чунин тилфонҳо 20 – тоӣ дорем. Шумо чӣ фикр мекунед, ин хабарҳоеро, ки наздикон аз дохили зиндонҳо ба даст меоранд, аз куҷост? Тариқи ҳамин тамосҳост ва мо ҳам хабар дорем.

Sputnik Тоҷикистон: Ин иқдоми худи Шумост е...?

Мансурҷон Умаров: На, ин тақозои қонун аст, иқдоми шахсии ман ё Раёсату вазорат нест.

Sputnik Тоҷикистон: Агар Шуморо дуруст фаҳмида бошем, ҳар маҳбус метавонад озод бо пайвандонаш дар тамос шавад, ҳатто онҳое, ки бо иттиҳомҳои вазнинтарин – даст доштан дар терроризму қочоқи маводи мухаддир муттаҳаманд?

Мансурҷон Умаров: Бале, ин талаботи қонун аст ва ҳар маҳбус новобаста аз сатҳи ҷинояташ ҳақ дорад бо хонаводааш тамоси телефонӣ дошта бошад. ҲНИТ аз куҷо фаҳмид, ки Раҳматуллоҳи Раҷаб мариз аст? Аз фарзандаш, ки бо ӯ дар тамос мебошад ва ин тамоси қонунӣ аст. Метавонед худашро пурсед. Вазъи "наҳзатиҳо" – и дигар ҳам хуб аст, шикояте надоранд. Хуллас, дар дохили зиндонҳо ягон гапи пӯшидае нест. Ҳар чӣ мешавад, хабар меёбанд. Лутфан афроди судҷӯ воҳима наангезанд.

Sputnik Тоҷикистон: Бархе кишварҳои ҷаҳон аз хавфи ин, ки "вируси корона" ба маҳбасҳо ворид шуда, фоҷиа барпо накунад, ё зиндониёнро раҳо карданд, ё авф ва ё озод. Оё пеши рӯи ҳукумати Тоҷикистон низ суол пеш омадааст?

Мансурҷон Умаров: Ростӣ, ин мавзуъ ба вазорати адлия, бахусус, Раёсати зиндонҳо рабт намегирад. Салоҳияти мо нест. Мо иҷрогар ҳастем. Тасмимро ҳукумат, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ ва дигар мақомоти зидахл мегиранд. Агар дастур доданд, чаро не? Ҳоло коре, ки мо мекунем, назорат ва мудирияти вазъ аст.

6076
Барчаспҳо:
суҳбат, Зайд Саидов, Идораи зиндонҳо

"Барои аввалин бор": кӯчаҳои холии Душанбе дар арафаи Иди Фитр - акс

0
  • Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе
  • Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯсти - и  шаҳри Душанбе
  • Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр
  • Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд
  • Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд
  • Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин
  • Дари масҷидҳои пойтахт ба рӯйи намозгузорон баста аст
  • Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад
  • Роҳравҳо низ орӣ аз мошину роҳгузарҳо ҳастанд
Як рӯз қабл дар Тоҷикистон пас аз анҷом ёфтани моҳи мубораки Рамазон, тоҷикистониён аз Иди Саиди Фитр ҷашн гирифтанд

Иди Фитр ин охири моҳи мубораки Рамазон аст, ки мусалмонон пас аз 30 рӯзи гирифтани Рӯза онро ҷашн мегиранд. Ид чун ҳамешагӣ бо намози шом оғоз меёбад.

Ин Ид бозгӯкунандаи меҳрубониву салоқат миёни мардум, кумаки дастгирии ниёзмандон, хайру сахо намудан дар ҳаққи бенавоён, ва моҳи бахшоиш мебошад.

Маъмулан дар ин мо одамони доро ба мусалмонону мазлумон ва ҳамзамон пирони барҷоймонда кумаку меҳрубонӣ мебахшанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон аз ин иди шариф васеъ ҷашн мегирифтанд. Имсол бошад авҷи маризии коронавирус нагузошт, то мусалмонон ин иди барои онҳо муқаддасро ба таври лозимӣ ҷашн гиранд.

Дар Маскав ба хотири Иди Фитр ҳаракати мошинҳоро дар чандин кӯчаҳо маҳдуд мекунанд

Дар ин рӯз маъмулан хешу пайвандон ба хабаргирии ҳамдигар мераванд, кӯдакон ба дари ҳамсояҳо рафта муждаи фаро расидани ин идро иброз медоранд, ҳамсояҳо низ бо дастурхони пурноз ба табрикоти ҳамдигар мебароянд.

Аммо имсол Иди Фитр ба мисли дигар солҳо нагузашт.

Мардум танҳо дар доираи оилаи худ ин ҷашнро қайд карданд ва ба дари ҳамдигар барои шодбошӣ гуфтан нарафтанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи расмии маризии коронавирус дар Тоҷикистон 30 - юми апрел эълон гардид. То ҳол аз ин маризӣ 46 тоҷикистонӣ ҷон аз даст доданд.

0
  • Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе

  • Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯсти - и  шаҳри Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муҷассамаи "Исмоили Сомонӣ" дар майдони "Дӯсти" - и шаҳри Душанбе

  • Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр
    © Sputnik / Амир Исаев

    Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр

  • Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд

  • Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд

  • Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин
    © Sputnik / Амир Исаев

    Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин

  • Дари масҷидҳои пойтахт ба рӯйи намозгузорон баста аст

  • Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад

  • Роҳравҳо низ орӣ аз мошину роҳгузарҳо ҳастанд

Барчаспҳо:
акс, Иди Фитр, Душанбе