Арест, архивное фото

Боздошти Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Зафаробод: 1900 доллар гирифтааст

843
(Таҷдидшуда 19:55 25.02.2020)
Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз дастгир шудани Сайдалӣ Мирасилов, Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Зафаробод хабар додааст, ки бо гирифтани 1900 доллар пора муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ, Мирасилов Сайдалӣ Рустамович дар вазифаи Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод  дар ду ҳолат муттаҳам мешавад.

Манбаъ мегӯяд, Мирасилов замони кораш дар ниҳоди зикршуда, моҳи августи соли 2015 аз шаҳрванд Худойбердиев Камолиддин Нуриддинович барои мусоидат намудан ҷиҳати ҷудо намуда додани 0,08 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 800 доллари ИМА талаб карда гирифтааст.

“Бо ҳамин тарзу усул моҳи сентябри соли 2015 аз шаҳрванд Норматов Бахтиёр Рузибоевич тавассути шаҳрванд Сулаймонов Нурали Эсаналиевич барои ҷудо намуда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 1100 доллари амрикоӣ талаб карда гирифтаст”,-афзудааст манбаъ.

Дафтари матуботии Оҷонсӣ мегӯяд, оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Мирасилов бо моддаи 247 қисми 3 банди ”а” КҶ ҶТ. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

843
Барчаспҳо:
пора, боздошт, Агентии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод