Додгоҳ раиси қиморхонаи "Инвест Лото"-ро барои 19 сол равонаи зиндон кард

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРулетка и игровые фишки, архивное фото
Рулетка и игровые фишки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Душанбе Муҳиддин Назаров, раҳбари ширкати "Инвест Лото"-ро бо як гурӯҳ ҳамкоронаш аз 6 то 22 солӣ равонаи зиндон кардааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар ин бора як манбаи Sputnik Тоҷикикстон дар додгоҳи шаҳрӣ гуфт, Додгоҳ  раҳбари ширкати "Инвест Лото"-ро ба муҳлати  19 сол равонаи зиндон кард.

Ба иттилои манбаъ, кормандони дигари ширкати "Инвест Лото" Фаромарз Наҷотов ва Максим Попович 22-солӣ, Каюмарс Киромовро ба 19 сол, Комбиз Наҷотовро 18 сол ҳукм гирифтаанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин, Нурулло Аҳроров 11 сол, Саидшоҳ Камаров 10, Машҳур Алиев 7  ва  Комбиз Истадов ва Лоиқшоҳ Сайфуддинов бошад шашсолӣ ҳукм гирифтанд.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе нисбати ду шаҳрванди Черногория барои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд

Гуфта мешавад, ҳоло се корманди дигари шаиркат, Милош Алексич сербиягӣ ва ду ҳамроҳи дигараш дар пайгард қарор доранд

Ёдовар мешавем, Додситонии шаҳри Душанбе моҳи ноябри соли гузашта аз ошкор шудани шабакаи қиморхонаҳои “Инвест лото” дар пойтахт хабар дод, ки мизоҷонашро хонабардӯш кардааст.

Хуршед Сатторзода, сардори шӯъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонии Душанбе гуфта буд, ки  20 сентябри соли 2019 дар пайи муроҷиати гуруҳи шаҳрвандон дар бораи фаъол будани қиморхонаҳо дар пойтахт, якҷоя бо маъмурини раёсати кофтукоби ҷиноии ВУД Тоҷикистон амалиёт гузарондаанд.

Бар асоси гузориши телевизиони Тоҷикистон, қиморхонаҳоро ширкати “Инвест Лото” дар маҳаллаи Гипрозем, кӯчаҳои Бухоро, Нусратулло Махсум, Лоҳутӣ ва Неъмат Қарабоеви пойтахт ва навоҳии атроф ташкил намудааст.

Ба иттилои манбаъ, “Инвест лото” 5 майи соли 2019 аз ҷониби Муҳиддин Назаров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ташкил шуда, аввал дар тарабхонаи “Миллениум”-и Душанбе баъдан дар нуқтаҳои дигари пойтахт ва Ваҳдату Ёвон фаъолияташро роҳандозӣ кардааст. Манбаъ афзуд, ки Назаров ташкили қиморбозиро дар Бишкек аз афроди номаълум ёд гирифтааст.

Ба иттилои додситонӣ, аз муттаҳамон 1 миллион 300 ҳазор сомонӣ, 200 ҳазор доллар, 3 ҳазор евро, 200 ҳазор рубли русӣ, 18 автомашинаи гаронарзиш мусодира гардида, суратҳисоби бонкияшон ба ҳабс гирифта шудааст.

Парванда нисбат ба боздоштшудаҳо аз суи Додситонии кишвар ба Додгоҳи шаҳри Душанбе сентябри соли гузашта ирсол гашта буд.

 

Лентаи хабарҳо
0