Məhbus, arxiv şəkli

Ҳабси ҷавони 23-сола дар Суғд: зери наворҳои террористон шарҳ мегузоштааст

723
(Таҷдидшуда 14:02 04.03.2020)
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, Зуҳриддин Ҷураев сокиини 23-солаи Деваштичро барои дастгирии ақоиди террористӣ ба 10 соли зиндони низомаш сахт равона кардааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дафтари матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Суғд мегӯяд, номбурда аз ҷониби мақомоти пулис барои тарафгирӣ ва тарғиби ғояҳои террористии ДИИШ моҳи декабри соли 2019 боздошт гаштааст.

Манбаъ мегӯяд, Зуҳриддин Ҷураев ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштан, тавассути шабакаҳои интернетӣ баромади аъзоёни ташкилоти террористии ДИИШ-ро оиди даъват ба ҷиҳод тамошо карда, ақидаҳои онҳоро дастгирӣ ва дуруст эътироф намудааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда ҳамчунин, бо мақсади ба таври оммавӣ сафедкунии фаъолияти террористӣ бо истифода аз шабакаҳои интернет, даъвати оммавиро барои содир намудани ҷиноятҳои террористӣ ба амал баровардааст.

Гуфта мешавад, ӯ ҳамчунин ба дигар шахсоне, ки муқобили ақоиди ифротӣ ва террористӣ мебошанд бо навиштани шарҳ дурустии ақидаҳои террористро дар хусуси ҷиҳод тарғиб намуда, бо роҳи гузоштани шарҳ дар зери наворҳои видеоӣ амалу рафтори аъзоёни ДИИШ-ро сафед кардааст.

ВУД мегӯяд, Зуҳриддин Ҷураев бо моддаи 179 қисми се, ки  даъвати оммавӣ барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ё сафедкунии оммавии терористӣ унвон дорад, аз озодӣ маҳрум шудааст.

723
Барчаспҳо:
ҳабс, додгоҳ, Суғд, Тоҷикистон