Инфиҷор дар Кобул 18 куштаю захмӣ барҷой гузошт

© Sputnik / Tariq AzimКабул во время карантина
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Афғонистон гузориш доданд, ки инфиҷори терорристӣ дар шаҳри Кобул, пойтахти кишвар 18 кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ториқ Орин, сухангуи Вазорати кишвари Афғонистон, эълон кард як муҳоҷим субҳи имрӯз, чоршанбе камарбанди инфиҷории худро дар минтақаи Решхури Кобул миёни мардум инфиҷор кард, ки дар натиҷа се ғайринизомӣ кушта шуданд.

Встреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина - Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар нақшаҳои ояндаро баррасӣ карданд

Хабаргузории “Парстудей” аз қавли Орин афзуд, ки дар ин инфиҷори интиҳорӣ 15 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Манбаъ таъкид кард, ки то кунун фард ё гуруҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Асадуллоҳ Хуррам, узви Шурои вилоятии Сарипул эълон карда буд, ки ҷангҷӯёни Толибон ба ду мақарри полис дар минтақаи Масҷиди сабзи шаҳристони Сончорак ва Сузмақалъа дар ин вилоят ҳамла карданд. Ба гуфтаи вай, дасти кам ёздаҳ корманди полис кушта, ҳудуди 20 нафари дигар захмӣ ва шумори дигаре низ асир шуданд.

Мужчина в защитной маске едет на велосипеде по Кабулу, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, 3 миллион афғонистонӣ ниёзманди кумаки фаврии тиббиянд

Асадуллоҳ Хуррам вахомати вазъият дар шаҳристонҳои Сузмақалъа ва Сончорак  дар шимоли Афғонистонро нигаронкунанда хонд ва гуфт, бетаваҷҷуҳии давлат ва набуди таҷҳизоти низомӣ дар ихтиёри низомиёни ин вилоят сабаб шуд то неруҳои полис ин талафотро мутаҳаммил шаванд.

Ин мақоми давлатии Афғонистон дар идома ҳушдор дод, агар давлат ба вилояти Сарипул аҳамият надиҳад на танҳо ин ду шаҳристон суқут мекунад, балки ҳодисаи Мирзоланг такрор хоҳад шуд.

Дар ҳамлаи густурдаи тобистони соли гузашта Толибон ба шаҳристони Мирзоланг  дар вилояти Сарипул, даҳҳо неруи амниятӣ ва ғайринизомӣ кушта шуданд ва ин шаҳристон низ суқут кард.

Лентаи хабарҳо
0