Места лишения свободы, архивное фото

4 зиндонии фавтида ва вазъи Зайд Саидов: суҳбати сардори зиндонҳои Тоҷикистон

6514
(Таҷдидшуда 21:07 11.05.2020)
Гузоришҳое, ки аз чаҳор тараф мерасанд, ҳокиянд, ки вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дар робита ба “вируси корона” вахим шудаву он ҷо як фоҷиаи инсонӣ ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik, Фахриддини Холбек. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги як руҳонӣ дар зиндон хабар пахш шуд ва бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, ду нафари дигар ҳам дирӯзу имрӯз ҷон ба ҳақ супурдаанд. Ҳамзамон фарзандону пайвандони зиндониёни маъруф Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, яке аз раҳбарони Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон, тариқи расонаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки падаронашон вазъи хеле вазнине доранд.

Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъҳо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо зиндонбони №1 – и кишвар, генерал – лейтенант Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон тамос гирифта, нахуст аз ӯ пурсид, ки оё маргумир дар зиндонҳо зиёд шудаву ҳукумати Тоҷикистон ин арқомро пинҳон медорад? 

Мансурҷон Умаров: Бале, ин ки маргумир дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳаст, дуруст аст. Зиндон ҳам як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамин ҷомиа аст. Он чӣ дар берун иттифоқ меафтад, таъсири ба зиндонҳо низ дорад. Аммо ин ки маргумир зиёд шудааст, мегӯянд, ба маънои он нест, ки ҳама зиндониён сар ба сар фавтида истода бошанд. То ҳамин лаҳзае, ки ман бо шумо суҳбат мекунам, 4 зиндонӣ бо ташхиси пневмония ҷон додаанд, аммо қанду дилу дигар маризиҳои ҳамрадиф доштанд. Аксарият аз 50 – сола зиёд буданд. Ду нафарашон ёдам ҳаст, ки бо моддаи 200 – и Кодекси ҷиноӣ – тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир ҳабс шуда буданд.

Sputnik Тоҷикистон: 9 май ҷавоне ба номи Абдулфайз Раҷабов, маъруф ба Эшони Абдулфайз, ки 47 сол бештар синн надоштааст, дар зиндони шумораи 1-и Душанбе фавтидааст. Марги ӯро ҳам таъйид мекунед?

Мансурҷон Умаров: Ягон ҷои пинҳон доштан нест. Ин маризӣ имрӯз дар тамоми дунё бедодгарӣ дорад, касе напӯшидааст, мо ҳам пӯшида наметавонем. Бале, Абдулфайз Раҷабов ё Эшони Абдулфайз аз гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим буд ва бино ба иттилое, ки ман дар даст дорам, аввал тасф карда, сипас бо ташхиси "илтиҳоби шуш" фавтидааст.

Sputnik Тоҷикистон: Ҷаноби генерал, оё Шумо ҳам мутмаин ҳастед, ки ин фавтҳо ҳамоно пневмония асту "вируси корона" нест? Охир, пневмония маризии гузаранда намебошад?

Мансурҷон Умаров: Ҳеҷ аҷобат надорад, ки чунин бошад. Дар тамоми ҷаҳон ва дар кишвари мо ин маризиро расман эътироф карданд. Дигар як чизи маълуму рӯшан аст. Аммо аз нигоҳи ман, ҳоло муҳим ин нест, ки чӣ маризӣ аст, муҳим мо бояд вазъро мудирият кунем ва нагузорем, ки талафот зиёд шавад. Масалан, мо дар зиндонҳо тамоми тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва вазорати тандурустии кишварро ҳангоми ҷилавгирӣ, табобат ва назорати зиндониёни мариз риоят мекунем. Ҳатто дастурҳои алоҳидаи хаттӣ дарёфт карда, аз рӯи низоми пешниҳод кардаи онҳо табобат мекунем. Хушбахтона, беш аз 100 нафар табобат гирифта, рухсат шуданд.

Sputnik Тоҷикистон: Ҳоло боз чанд нафари дигар ҳастанд, ки таҳти тадовиянд ё вазъашон вазнин аст?

Мансурҷон Умаров: Тақрибан ҳаволии зуҳр вақте ман ҳисобот хостам, хабар ёфтам, ки ҳудуди 30 нафар ҳоло таҳти назорати табибонанд ва вазъи 4 нафари дигар вазнин аст. Шахсан дастур додам, ки духтурон ҷиддӣ бигиранд. Ин ки бо тасфу дигар авориз муроҷиат карда, ташхис мешаванд ва рухсат мешаванд, боз даҳҳо нафари дигар аст.

Sputnik Тоҷикистон: Оё вазъ то кадом дараҷа таҳти контрол аст ва то куҷо ба наздикону пайвандони зиндониён эътимод дода метавонед, ки як фоҷиаи башарӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон иттифоқ намеафтад?

Мансурҷон Умаров: Мо дар зиндонҳо қарантина эълон кардаем. Афроде, ки каме тасф бароварданд, зуд таҳти назорат гирифта мешаванд. Мо ин омодагиҳоро аз хеле пеш гирифта будем. Ба мардуми худ итминон медиҳем, ки ҳеҷ фоҷиае ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Мехоҳам як чиро дарк кунанд: дар зиндонҳо ҳам он шароите ҳаст, ки дар берун ҳаст. Бунгоҳи тиббӣ, шифохона, духтур, дору, таҷҳизоти тиббӣ – оксигенератор, дастгоҳи нафаси сунъӣ... ҳама ҳаст. Аз кӯмакҳое, ки ба кишвар омаданд, доруву дармону таҷҳизот ба мо ҳам расид, худи ҳукумат ҳам ҷудо кард. Хотирашон ҷамъ бошад, ки ин ҷо вазъи сиҳӣ таҳти назорат аст.

Sputnik Тоҷикистон: Ҷаноби генерал, писарони Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зайд Сайидов, ки дар зиндон нигаҳ дошта мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бад шудани вазъи саломатӣ ва эҳтимоли ба "коронавирус" гирифтор шудани падаронашон изҳори ташвиш карданд. Оё воқеан, вазъи онҳо вахим аст?

Мансурҷон Умаров: Дуруст гуфтаанд, ки вазъи ҳам Раҳматуллоҳи Раҷаб ва ҳам Зайд Сайидов як муддат вахим шуд. Ҳарду тасф бароварданд ва ҳарду ба бунгоҳи тиббӣ интиқол ёфтанд. Ҳоло вазъи ҳарду рӯ ба беҳбудӣ аст. Бахусус, ҳолати Раҳматуллоҳи Раҷаб вазнин шуда буд, ки ҳоло аз вазъи буҳронӣ гузашта, саломатиаш беҳбуд меёбад. Худи ҳамин саҳар ман аз пизишкони муассисаи якум шахсан вазъи Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зайд Саидовро пурсидам, ки чӣ тур ҳастанд. Посух доданд, ки ҳарду сари по шудаанд, роҳ мегарданд.

Sputnik Тоҷикистон: Шумо дурустии чанд иттилоеро, ки мо аз шабкаҳои иҷтимоӣ хонда, бо Шумо матраҳ кардем, таъйид кардед. Оё ин иттилоот чӣ гуна ба берун дарз мекунанд ва чӣ тур пайвандон аз вазъи хешовандони худ огоҳ мешаванд?

Ходжамахмад Умаров, эксперт Института экономики и демографии АН РТ
© из личного архива Умарова Ходжамахмада

Мансурҷон Умаров: Ёдатон бошад, аз 31 март тамоми тамосу мулоқоту дастовезҳо ба зиндониёнро манъ карда будем. Аммо тамоси телефонӣ ва ҳам қабули хӯрока тибқи меъёру низомнома қатъ нашудааст. Мо 24 соат дар ихтиёри маҳбусон телефон гузоштаем, ки бо наздикони худ робита дошта бошанд. Дар ҳамаи муассисаҳо аз чунин тилфонҳо 20 – тоӣ дорем. Шумо чӣ фикр мекунед, ин хабарҳоеро, ки наздикон аз дохили зиндонҳо ба даст меоранд, аз куҷост? Тариқи ҳамин тамосҳост ва мо ҳам хабар дорем.

Sputnik Тоҷикистон: Ин иқдоми худи Шумост е...?

Мансурҷон Умаров: На, ин тақозои қонун аст, иқдоми шахсии ман ё Раёсату вазорат нест.

Sputnik Тоҷикистон: Агар Шуморо дуруст фаҳмида бошем, ҳар маҳбус метавонад озод бо пайвандонаш дар тамос шавад, ҳатто онҳое, ки бо иттиҳомҳои вазнинтарин – даст доштан дар терроризму қочоқи маводи мухаддир муттаҳаманд?

Мансурҷон Умаров: Бале, ин талаботи қонун аст ва ҳар маҳбус новобаста аз сатҳи ҷинояташ ҳақ дорад бо хонаводааш тамоси телефонӣ дошта бошад. ҲНИТ аз куҷо фаҳмид, ки Раҳматуллоҳи Раҷаб мариз аст? Аз фарзандаш, ки бо ӯ дар тамос мебошад ва ин тамоси қонунӣ аст. Метавонед худашро пурсед. Вазъи "наҳзатиҳо" – и дигар ҳам хуб аст, шикояте надоранд. Хуллас, дар дохили зиндонҳо ягон гапи пӯшидае нест. Ҳар чӣ мешавад, хабар меёбанд. Лутфан афроди судҷӯ воҳима наангезанд.

Sputnik Тоҷикистон: Бархе кишварҳои ҷаҳон аз хавфи ин, ки "вируси корона" ба маҳбасҳо ворид шуда, фоҷиа барпо накунад, ё зиндониёнро раҳо карданд, ё авф ва ё озод. Оё пеши рӯи ҳукумати Тоҷикистон низ суол пеш омадааст?

Мансурҷон Умаров: Ростӣ, ин мавзуъ ба вазорати адлия, бахусус, Раёсати зиндонҳо рабт намегирад. Салоҳияти мо нест. Мо иҷрогар ҳастем. Тасмимро ҳукумат, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ ва дигар мақомоти зидахл мегиранд. Агар дастур доданд, чаро не? Ҳоло коре, ки мо мекунем, назорат ва мудирияти вазъ аст.

6514
Барчаспҳо:
суҳбат, Зайд Саидов, Идораи зиндонҳо
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

1247
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

1247
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

700
(Таҷдидшуда 12:46 26.02.2021)
Президенти ИМА, Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиавӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

700
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия
Таджикская певица Манижа, архивное фото

Тоҷикдухтар Манижа Сангин, Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

453
(Таҷдидшуда 01:05 09.03.2021)
Сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шабакаи якуми телевизиони Русия дар бораи роҳёбии Манижа Сангин ба Евровидение-2021 эълон кард.

Гуфта мешавад, Манижа Сангин Русияро бо таронаи Russian woman. намояндагӣ хоҳад кард.

Қаблан шабака иттилоъ дода буд, ки иштирокчии Евровидение аз кишвар рӯзи душанбе - бо овоздиҳии тамошобинон дар як намоиши махсуси идона муайян карда мешавад.
Довталабон Manizha, #2Маши или Therr Maitz буданд, ки тоҷикдухтар соҳиби роҳхат ба Евровидение-2021 гардид.
Евровидение-2021 рӯзҳои 18-22 май дар шаҳри Роттердами Нидерландия баргузор мешавад ва дар он сарояндагон аз 41 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, озмун ба таври муқаррарӣ баргузор мешавад, аммо ҳайатҳо ва шумораи рӯзноманигорон коҳиш дода мешаванд.

Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Ҳанӯз маълум нест, ки тамошобинон ба намоишҳо ҳозир мешаванд ё не.

Соли гузашта Евровидение бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуда буд. Мебоист Русияро гурӯҳи Little Big намояндагӣ мекард.

Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики муқими Русия соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст ва ба гуфти худаш замони нооромиҳо бо аҳли оилаашон ба Русия омадааст.

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфт қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд. Ахиран ӯ намоҳанги худ "Не до славянка"-ро пешкаши мухлисон кард ва дар он бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом дод, ки ин тарона мавриди истиқболи коргарон қарор гирифт. 

Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Номбурда мегӯяд, аз 8-солагӣ ба эҷоди суруд машғул ҳаст ва ҳамаи намоҳангҳои худро худаш монтаж ва омода мекунад.

Ӯ ахиран соли гузашта нахустин сафири ҳусни нияти Русия оид ба гурезагон дар Созмони Миллали Муттаҳид интихоб шуд.

453