Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1228
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1228
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон
Поисковая экспедиция на месте где были бои во время Великой Отечественной войны 1941-45 годов, архивное фото

Ҷасади Раҷабов, куҳансарбози тоҷик, дар Калининград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео

1127
(Таҷдидшуда 15:51 09.07.2020)
Ҷасади боз як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Зеленоград пайдо карда шуд, ки ба гуфтаи ҷустуҷӯгарон аз Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳҳои ҷустуҷӯии "Совест" дар минтақаҳое, ки ҳангоми амалиёти Пруссияи шарқӣ задухӯрдҳо сурат гирифтаанд, кор карда,  дар ноҳияи Зеленоград ҷасади боз як сарбози ҶБВ-ро пайдо намуданд, хабар дод шабакаи телевизионии  "Вести-Калининград".

Муайян шудааст, ки сарбози ҳалокгардида Каримҷон Раҷабов аз Тоҷикистон будааст.

Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

“Раҷабов зодаи Тоҷикистон мебошад. Феълан ба макони таваллуд ва даъваташ дархостҳо равон карда шудаанд. Умедворем, ки наздиконаш пайдо шаванду мо тавонем мукофоти ҷангияшро ба онҳо супорем. Шояд онҳо бихоҳанд, ки боқимондаҳо дар ватан ба хок супорида шаванд”, - изҳор дошт Руслан Хисамов, роҳбари гуруҳи ҷустуҷӯӣ дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан дар ин минтақа ҷасади 7 сарбозеро пайдо карданд, ки аз пораҳои гулӯлаҳои  артиллерӣ ба ҳалокат расидаанд.

1127
Барчаспҳо:
сарбоз, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон
Генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ

Баррасии гирдиҳамоиҳо дар ҷаласаи оперативии Ситоди таъмини амният дар ВМКБ-видео

5558
(Таҷдидшуда 17:16 19.06.2020)
Гирдиҳамоиҳо, ки чанд рӯзи қабл дар ноҳияи Рӯшон сурат гирифтанд, яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи оперативии Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ таҳти раёсати генерал Абдураҳмон Аламшозода буданд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Генерал Абдураҳмон Аламшозода, сардори Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот дар ВМКБ, зимни ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ таъкид кардааст, ки маъмурин бо мардум хушмуомила бошанд.

Тибқи гузориши телевизиони “Бадахшон”, Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот минбаъд низ фаъолияташро дар вилоят идома хоҳад дод.

Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласаи оперативӣ масъалаи гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, тартибот дар роҳҳо, пешгирии фурӯши нӯшокиҳои ғайристандартӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Бар асоси гузориши ТВ Бадахшон, Ситоди байниидоравии таъмини тарбтибот, аз фаъолону зиёиён даъват кардааст, ки ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят намоянд, аз таъсири гуруҳҳои манфиатҷуӯй, иштирок дар гирдиҳамоӣ ва даст задан ба бетартибиҳо пешгирӣ намоянд.

Анҷоми ҳамоишҳо дар Рӯшон

Баррасии ин масоил аз ҷониби Ситод дар ҳолест, ки ҳамоиши ахир дар пайи боздошти Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамроҳаш дар Рӯшон сурат гирифт, ки ба иддаои гуруҳи сокинони Рӯшон, рабте ба қазияи қочоқи маводи мухаддир надоранду тайи чанд соати боздошт латукӯб шудаанд.  Гуруҳи эътирозгарон боздоштшудаҳоро озод карда, тайи чанд рӯз даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада буданд.

Феълан сокинон мегӯянд, ин қазия бо он, ки гуруҳи наздик ба 10-нафарӣ барои нақзи тартибот ҷаримабандӣ мешаванд, анҷом ёфт. Дар мавриди муҷозоти маъмурине, ки ба иддаои бархе сокинон даст ба латукӯб задаанд, феълан иттилое ироа нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон расман ин қазияро шарҳ надоданд, танҳо котиботи ҳукумати ВМКБ қаблан эътироз дар Хоруғ дар ҳамраъйӣ бо сокинони Рӯшонро рад карда, наворе нашр намуда буд.

5558
Барчаспҳо:
Рӯшон, Тоҷикистон, ҳамоиш, ВМКБ, телевизион, гузориш
Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон

Ӯзбекистон дигарбора дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон баст

0
Ӯзбекистон дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус то авоили моҳи август дари масҷидҳоро ба рӯи намозгузорон мебандад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон аз баста шудани тамоми масоҷиди ин кишвар то авоили август хабар дод, хабар медиҳад "Парс тудей".

Бар хабари манбаъ, идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон дар сайти худ афзуд: Манӯият аз таърихи 10 июл сарфи назар аз ин, ки устон дар минтақаи "сабз" ва ё "қирмиз" қарор дорад, иҷроӣ мешавад.

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

Пештар комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус тасмим гирифта буд, маҳдудиятҳои карантин дар ин кишварро дар бурҳаи замони ёдшуда ташдид кунад.

Гуфтанӣ аст, ниҳодҳои динии Ӯзбекитсон 8 июни соли 2020 мелодӣ дар манотиқи "сабз"-и ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ (пӯшидани иҷбории ниқоб) ва ҳамчунин доштани фосилаи иҷтимоӣ муҷаддадан оғоз ба фаъолият карда буданд.

0
Барчаспҳо:
намоз, баста, масҷид, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон