Низомиёни НАТО, акс аз бойгонӣ

Таҷаммӯи фаврии нерӯҳои низомӣ: дар Норвегия чӣ мегузарад?

294
(Таҷдидшуда 12:14 21.08.2020)
Киштиҳои зериобии ҳастаӣ, истгоҳҳои тавонманди радарӣ, размоишҳои бузург ва амалиёти кашшофии НАТО дар шимоли Аврупо фаъолтар шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Николай Протопопов. Ба ақидаи Вазорати умури хориҷии Русия, Эътилоф ҳадафмандона Норвегияро бо нерӯҳои низомӣ фаро гирифта истодааст. Ин кор чун дар дигар кишварҳои Аврупо бо баҳонаи "таҳдиди Русия" амалӣ мешавад. Дар бораи он, ки оё шоҳигарии Скандинавия барои эътилоф ба Лаҳистони дигаре табдил меёбад, РИА Новости матлабе таҳия кардааст.

Фаъолии ғайримуқаррарӣ

Аз сухан дар бораи зарурати таҳкими ҳузури низомӣ дар Норвегия, НАТО ба амал гузашта истодааст. Ба таври назаррас, теъдоди тамринҳои низомии киштиҳои эътилоф бо иштироки нерӯҳои обии норвеж дар баҳрҳои Баренс ва Норвегия афзоиш ёфтаанд. Хадамоти кашшофии эътилоф низ дар минтақа густариш ёфта истодааст, дар наздикиҳои марзи Русия дар Арктика киштиҳои кашшофии нерӯҳои Норвегия ҷой гирифтаанд ва аз пойгоҳҳои ин кишвар барои дидбонӣ, ҳавопаймоҳои Poseidon-и ИМА парвоз мекунанд. Осло ва Вашингтон созишнома дар бораи ҳузури нерӯҳои хушкигарди баҳрии ИМА-ро тамдид карда, теъдоди ҳайаташонро ду баробар зиёд намуданд.

Соли 2018-ум дар Норвегия бузургтарин размоиши НАТО зери унвони  Trident Juncture баргузор шуда буд. Ҳудуди 50 ҳазор низомӣ мудофиаи муштаракро дар сурати ҳамлаи душмани шартӣ тамрин карданд. Дар майдони тамрин ҳудуди 65 киштии низомӣ, аз ҷумла киштии ҳавопаймобари амрикоӣ  "Гарри Трумен" сафарбар шуданд, ки бори аввал баъди аноҷоми ҷанги сард дар баҳри Норвеж истифода шуда буд.

Дар Норвегияи шимолӣ НАТО низоми радарии огоҳкунанда дар бораи ҳамлаи мушакҳо зери унвони “Глобус 3”-ро насб карда истодааст. Сохтмон дар ҷазираи Вардё, дар чанд даҳкилометрии марзи Русия идома дорад. Бо кумаки ин истгоҳи радиолокатсионӣ “натоӣ”-ҳо метавонанд, озмоиши силоҳи мушакии Русия, масири ҳаракати киштиҳои Нерӯҳои баҳрии шимол ва навоҳии дохилии “ҳарифи шартӣ”-ро назорат кунанд. Инчунин фурудгоҳҳои низомии Бардуфосс, Эвенес, Банак, Эрлан, Рюгге ва инчунин бандари Гротсунд барои қабули киштиҳои зериобии амрикоӣ бозсозию муҷаҳҳаз шуда истодаанд.

ВУХ Русия борҳо изҳор дошт, ки иқдоми НАТО дар шимоли Аврупо ба низомисозии Арктика мусоидат карда истодааст. Махсусан парвозҳои эътилоф бо ҳадафи кашшофӣ ташвишоваранд. Дер боз гузоришҳои Вазорати дифои Русия дар бораи парвозҳои ҳавопаймоҳои ҷосусии амрикоӣ дар наздикии марз маъмулӣ шудаанд. Ҳар бор зарур меояд, ки ба фазо ҳавопаймоҳои қиркунанда парвоз кунанд, то онҳоро аз фазои дохилии ҳавоӣ дур кунанд.
Ҳафтае пеш МиГ-31 ҳавопаймои "Посейдон" дар фосилаи таҳдидовар ба  марз боздошт. Рӯзи 4 август дастгоҳҳои назорати фазоӣ дар баҳри Баренс ҳавопаймои ҷосуси радиотехникии Falcon 20-ро сабт карданд, ки онро низ бо кумаки ҳавопаймои қиркунанда баргардонданд.

Пойгоҳи шимолии НАТО

Константин Сивков, доктори илмҳои низомӣ дар суҳбат бо РИА Новости таъкид кард, ки то ҳол Осло талош дорад, ки аз маъракаҳои НАТО фосилагирӣ кунад, аммо бо мурури замин ин кор мушкилтар шудааст.

"Дар сурати тағйири ҳокимият дар кишвар ҳар чӣ шудан имкон дорад, аз ҷумла зуҳури пойгоҳҳои низомии амрикоӣ. Норвегия аллакай ҷузъҳои низомии амрикоиро барои размоишҳо пазируфт, киштиҳои зериобиро дар пойгоҳҳояш қабул мекунад. Самтгирӣ сӯи низомисозӣ аён аст. Маълум нест, ки вазъ чӣ гуна тағйир меёбад. Аммо рӯшан аст, ки бо мурури шиддат ёфтани вазъи низомию сиёсӣ Осло ба фишори Вашингтон гузаштҳо хоҳад кард. Аз ҷумла барои он, ки дар пазманзари муборизаи мунтазираи шадид барои Арктика норвежҳо ба пуштибонии амрикоиҳо умед доранд", - таъкид кард таҳлилгар.

Изҳороти Мартен Хаг Лунд , роҳбари хадамоти кашшофии хориҷии Норвегия, ки таҳдиди асосиро барои шоҳигарӣ Русия ва Чин хонд, далели ташаннуҷи сунъии вазъ барои пайдо кардани душмани хориҷӣ мебошад. Нигаронии махсусро мушакҳои ҷадиди дурпарвози Русия ба бор овардаанд. Инчунин мақомдори норвеж ба таҳкими пойгоҳи низомии Русия дар нимҷазираи Колск дар қисмати шимолии баҳри Баренс, размоиши Флоти шимол ва низомҳои муосири аслиҳа ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, инчунин маҷмӯаи мушакии байниқитъавии  "Сармат" ва фаросадоии "Авангарда"-у  "Кинжал" таҳдидоваранд.

Аҳолиро аз “таҳдиди Русия”, аз ҷумла тариқи телевизион метарсонанд, изҳор дошт коршиноси клуби таҳлилии “Валдай”, Артём Куреев.

"Элитаи сиёсии норвеж моиланд, ки дар симои Русия ҳамсояи хатарнок, ҳарифи эҳтимолиро бинанд. Ду мавсими силсилафилми маҳаллии “Истилло”, дар бораи забти кишвар аз ҷониби Русия бо хомӯшии ризокоронаи Иттиҳоди Аврупо низ як нишондиҳанда аст”, - таъкид кард коршинос.

Куреев зикр кард, ки баъди анҷоми ҷанги сард шоҳигарии шимол сиёсати мутақилонаеро дар шимоли Русия пеш мебурд. Аз ҷумла хадамоти махсуси норвеж бодиққат ҳолати нерӯҳои баҳрии шимолро пайгирӣ мекарданду ҳатто ҷудоихоҳии халқиятҳои хурдро пуштибонӣ менамуданд.  Талош доштанд “корти помор”-ро ба бозӣ дароварда, аз вуҷуди халқияти алоҳидаи помор эълон кунанд, ки аз “империализми Русия” ҷабр дидаанд.

Нишастан дар ду курсӣ

Маврид ба зикр аст, ки Норвегия дар саргаҳи эътилофи Атлантикаи шимолӣ қарор дошта, ба ин блок соли 1949 шомил шуд, аммо таърихан мавқеъгирии эҳтиёткорона мекард, то муносибот бо Иттиҳоди Шӯравиро муташанниҷ насозад. Аз ҷумла дар Осло бунёди пойгоҳҳои низомиро дар замони осоишта рад карда, ҷой додани силоҳи ҳастаӣ ва мушакҳои миёнапарвозро дар кишвар рад карданд. Бо созишномаи алоҳида дар Норвегия танҳо чандсад хушкигардҳои баҳриро ҷой доданд.

Аммо аз ҳисоби ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, ин кишвари скандинавӣ барои НАТО ҳамеша аҳамияти стратегӣ дошт. Чун дар наздикиҳояш ягона роҳест, ки тавассути он киштиҳои зериобии шӯравӣ ва баъдан Русия бевосита вориди уқёни Атлантика мешуданд. Зиёда аз ин Норвегия ҷузъи калидии низоми мудофиаи ҳавоии эътилоф зери унвони NADGE - NATO Air Defence Ground Environment, мебошад. Аз ин ҷо садди истгоҳҳои радарие оғоз мегашт, ки тариқи тамоми Аврупо то Туркия тӯл мекашид.

“Назорат дар Норвегия ба НАТО имкон медод, ки дар сурати ҷанг роҳёбии киштиҳои зериобии шӯравиро ба Атлантика пешгирӣ намояд, ё кам кунад. Дар баробари ин Осло талош мекард, Маскавро дар сулҳдустӣ ва хусусияти мудофиавӣ доштани НАТО муътақид созаду, пойгоҳҳои эътилоф ва ИМА-ро ба қаламраваш роҳ намедод. Аммо ин ҳеч гоҳ монеа намешуд, ки бозмондаҳои викингҳо дар кишварашон размоиши густурдаи эътилофро қабул кунанду истгоҳҳои радарии пайгиркунандаро насб намоянд”, - тавзеҳ дод Куреев.

Ин кишвар дер боз паноҳгоҳи амн барои киштиҳои зериобии ИМА шудааст, ки ба дидбонии Атлантикаи шимолӣ машғул мебошанд. Дар ин ҷо фурудгоҳҳое фароҳам шудаанд, ки ба қабули “радарҳои парвозкунанда”-AWACS ва ҳавопаймоҳои ҷосус машғуланд. Дар ин ҷо пйгоҳҳои ҳавоӣ барои қабули техникаи НАТО, анборҳои зиёди аслиҳаи вазнин, ифрасохтори зарурӣ барои ҷой кардани нерӯҳои иттифоқчиён дар сурати зарурат ҷой доранд.
Аммо гуфтан, ки Норвегия ба Лаҳистони дуюм табдил меёбад, дуруст нест, чун Осло доктринаи мудофиавии худро дорад, таъкид кард коршинос.

“Аҳолӣ метавонад, ҷой додани сарбозони амрикоӣ дар кишварашонро манфӣ қабул кунад ва ин ҷо ҳеҷ филмҳои даҳшатафкан кумак намекунанд. Интихобкунандагон ин иқдомро ҳамчун оҷизӣ дар ҳимоя аз худ арзёбӣ кунад, ки ба суди ҳукуматдорон нест”, - таъкид кард ӯ.

Бо вуҷуди ин бисёре аз коршиносони пурсидаи РИА Новости бар инанд, ки солҳои наздик ҳузури амрикоиҳо дар шимоли Скандинавия зуд-зуд хоҳад шуд, ки ҳадафашон низ сулҳомез нахоҳад буд.

294
Барчаспҳо:
Аврупо, НАТО, Русия

Миёнаравии Русия барои қатъи мухолифати мусаллаҳонаи Арманистону Озорбойҷон

319
Вазорати умури хориҷии Русия тамоми талошашро равона мекунад, то мухолифати мусаллаҳона миёни Озарбойҷону Арманистон бартараф карда шавад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфтушунидҳо дорад, то Арманистону Озарбойҷон сари мизи музокирот нишинанд, хабар дод намояндаи расмии ВУХ Русия, Мария Захарова.

Лавров аллакай бо ҳамтоёнаш аз Арманистону Туркия гуфтушунид карда, дар назар аст, чунин як суҳбат бо ҷониби Озорбойҷон низ анҷом дода шаавад. Манбаъ афзуд, Русия миёнаравияшро барои ба эътидол овардани вазъ миёни Озорбойҷону Арманистонро идома медиҳад.

То ҳол ҷонибҳоро борҳо ба қатъи даргириҳои мусаллаҳона даъват карда буданд. Аз ҷумла бо чунин даъватҳо ба ҷониби Арманистону Озорбойҷон намояндагони Австрия, Фаронса, Олмон, Гурҷистон ва инчунин намояндаҳои Шӯрои Аврупо, СААД ва САҲА муроҷиат карда буданд.

Ба ҷонибҳои даргир инчунин Попи Рум зимни мавъизаи анъанавияш муроҷиат намуда, даъват кард, ки қадамҳои мушаххас сӯи бародарӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда бидуни истифода нерӯ, гузошта шавад.

Шаби гузашта мухолифати мусаллаҳона миёни Арманистону Озорбойҷон рух дод. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шиддат гирифтани мухолифат муттаҳам карданд.Ин даргирӣ миёни аҳолии осоишта низ маҷруҳ ва ҳалокшудаҳо барҷой гузошт.

Роҳбари ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи куҳӣ ҳолати низомӣ эълон кардааст. Ҳукумати Арманистон низ дар кишвар ҳолати низомӣ эълон намудааст.  

319
Барчаспҳо:
Озарбойҷон, Арманистон, Русия
Американский танк M1A2 Abrams

“Абрамс”-ҳо интиқол ёфтанд: амрикоиҳо дар назди сарҳади Белорус чӣ карданӣ ҳастанд

276
Тибқи мулоҳозаи мутахассисон, НАТО фаъолияти худро дар назди ҳудудҳои Русия аз соли 2014 ду маротиба зиёд кард

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik, Николай Протопопов. Қӯшунҳои хушкигард, тайёраҳои бомбаандоз, қиркунандаҳо ва гурӯҳҳои ҳамлавари флотӣ — Пентагон ва НАТО боз дар назди сарҳадҳои Давлати иттиҳод меафзоянд. Ба қарибӣ баталони танкии ИМА дар Литва фуруд омад — вай дар тамринҳои низомии “Ҷасорати атлантикӣ” (Atlantic Resolve) иштирок мекунад. Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия тез-тез парвозҳои ҳавонавардии стратегӣ ва тайёраҳои иктишофкунандаро муайян мекунанд. Сабаби ин чист — дар мақолаи РИА Новости хонед.

“Дӯстон” аз Балтика

Дар машқгоҳи шаҳри Пабраде даҳҳо танкҳои Abrams, мошинҳои ҷангии пиёдагарди Bradley, мошинҳои зиреҳпӯш ҷойгир карда буданд — дар машқгоҳи Пабраде як артиши хурд ташкил ёфт ва андак пеш аз ин амрикоиҳо ҳавонавардҳои худро — чархболҳои Apache ва Black Hawk-ро ҳам ба Литва интиқол доданд.

Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Белорус дар ин машқгоҳе, ки 15 километрии ҳудуди Давлати иттиҳодӣ ҷойгир аст, ҳамагӣ панҷсад хизматчии ҳарбӣ, 29 танк ва 43 мошини ҷангии пиёдагардро як ҷо ҷамъ кардаанд.

Мақомоти ҷумҳурии балтика шарҳ доданд, ки амрикоиҳо дар якҷоягӣ бо афсарони Литва вазифаҳои муштараки омӯзиширо таҳия хоҳанд кард. Ин амалиётҳо аз рӯи нақшаанд ва муқобили дигар кишварҳо равона нестанд. Бояд қайд кунем, ки Вилнюс аз амрикоиҳо дар бораи тез-тез гузаронидани тамринҳо дар машқгоҳҳои Литва дархост мекунад ва таъмини истиқомати бароҳат барои шарикони он сӯи уқёнус дер боз яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат мебошад.

 “Барномаи ротатсияи (ҷойивазкунии) қувваҳои амрикоии “Ҷасорати атлантикӣ” ҳанӯз замони раҳбарии собиқи Кохи Сафед оғоз ёфт, — изҳор дошт Артём Куреев, таҳлилгари ҳарбии клуби таҳлилии “Валдай” дар мусоҳиба бо РИА Новости. — Бо ҳодисаҳои Белорус ин мустақиман вобастагӣ надорад. Аммо дар айни замон, сарфи назар аз пандемияи коронавирус, хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ ҷадвали ҷойивазкуниро сахт риоя мекунанд ва амалиётҳои худро бекор намекунанд”.

Хотиррасон мекунем, ки амалиёти “Ҷасорати атлантикӣ”- ро ИМА якбора баъд аз ҳамроҳ шудани Қрим ба Русия соли 2014 шурӯъ кард. Бо баҳонаи “таҷовузи русӣ” амрикоиҳо қӯшунҳои худро дар кишварҳои гуногуни Аврупо ҷойгир мекунанд ва тадриҷан шумораи онҳоро афзуда истодааст.

Фаъолияти нодуруст

Тибқи мулоҳозаи мутахассисон, НАТО фаъолияти худро дар назди ҳудуди русия аз соли 2014 ду маротиба зиёд кард. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия эълон кард, ки кишварҳои Паймони Атлантикии шимолӣ ба муқобилаи замони Ҷанги Сард мехоҳанд баргарданд: НАТО инфраструктураи худро мустаҳкам карда истодааст ва ташкили системаҳои мушакии худро дар Аврупои Шарқӣ давом медиҳад.

“Гурӯҳи НАТО дар кишварҳои назди Балтика дақиқ кам намешавад, — боварӣ дорад Куреев. — "Раҳбарони ин давлатҳо ба ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида ниёз доранд, то дар назди интихобкунандагон аз" таҳдиди Русия "ҳимоят кунанд, ки ин метавонад ба нокомиҳои иқтисодӣ, бандарҳои истифоданашуда ва норозигии ақаллиятҳои русзабон рабт дода шавад."

Ғайр аз он, бар хилофи Олмон, кишварҳои назди Балтика —  Латвия, Эстония ва Литва барои хӯрондани қӯшуни бегона тайёранд ва бахши асосии хароҷотро барои инфраструктура ва ҷобаҷокунии қувваҳои амрикоӣ ба дӯш мегиранд.

Аз ҷой ба ҷой гузаштани доимии хизматчиёни ҳарбии ИМА дар Аврупо — як чизи одатӣ аст. Бузургтарин майдони амалиёти ҳарбии Пентагон дар Аврупои Шарқӣ дар Лаҳистон (Полша) воқеъ аст. Ҳоло дар он ҷой чоруним ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ҳастанд ва ба наздикӣ боз ҳазортои дигар оварда мешавад.

Вашингтон ва Варшава шартномаро дар бораи ҳамкории васеъи ҳарбӣ имзо карданд. Мувофиқи ин санад дар Полша тартиби фармондиҳӣ ва штабии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА беҳтар мешавад, марказҳои тайёрии ҳарбиро ташкил мекунанд, шароити мусоид барои ҷойгиркунии ҳавонавардии ҳарбию нақлиётӣ ва қувваҳои амалиёти махсус муҳайё мешавад.

Тибқи Қарори асосии Россия – НАТО соли 1997, алянс ӯҳдадор аст, ки дар сарҳадҳои шарқияш қувваҳои сершуморро доимӣ ҷойгир намекунад, аммо дар ин ҳол ИМА ин моддаҳоро моҳирона риоя намекунад.

Даҳҳо тайёраҳою чархболҳо бо мақсади “тарсондани” Русия ба Аврупо интиқол ёфтаанд. Ҳамин тавр дар Лаҳистон қиркунандаҳои F-16 ва тайёраҳои нақлиётии С-17 Hercules-ро ҷойгир кардаанд. Такроран барои посбонӣ кардани кишварҳои назди Балтика ва марзҳои фазоӣ ва баҳри Балтикаро ба Литва қиркунандаҳоро интиқол кардаанд. Пентагон гоҳ-гоҳ тайёраҳои муосири F-35 Lightning ва F-22 Raptor-ро барои намоиши қувваи худ ба фурудгоҳҳои иттифоқчиён мефиристад. Ҳамзамон дар Лаҳистон ҳам онҳо гурӯҳи бесарнишинҳои иктишофию ҳамлавари  MQ-9 Reaper-ро ташкил карданд.

Намоиши қувваи ҳарбӣ

Ҳавонавардии стратегии ИМА дар Аврупо ҳам фаъол аст. Ҳамин тавр, се тайёраи бомбаандози В-52Н зарбазаниро бо мушакҳои пардор дар охири август дар вилояти Калининград таҳия карданд. “Стратегҳо” аз базаи ҳавонавардии Фэрфорд парвоз карда, аз болои Нидерланд, Олмон, Лаҳистон ба сӯи минтақаи машқгоҳи эстониявии Тапа гузашта омаданд ва ба ҳадафҳо дар ҳудуди Русия зарбаҳои шартиро заданд.

Дар аввали сентябр тайёраҳои бомбаандози “Flying Fortress” гирдогирди Украина парвоз кардаанд. B-52 аввалин бор ба фазои ҳавоии ин кишвар даромад — се тайёра бо ҳамроҳии қиркунандаҳои украинӣ аз сарҳади ғарбии давлатӣ то баҳри Азов ва баргаштанд.
Тибқи гуфтаи Сергей Суровикин, раҳбари Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия, ҳатто дар давоми як ҳафта — аз 28 август то 4 сентябр — тайёраҳои ҳавонаварди бомбаандози ИМА даҳ парвози алоҳида ва гурӯҳӣ дар фазои ҳавоии Аврупои Ғарбию Шарқӣ иҷро кардаанд. Ғайр аз ин даҳҳо тайёраҳои “иктишофӣ” ҳар ҳафта қад-қади ҳудуди русия парвоз мекунанд — қиркунандаҳои Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия гоҳ-гоҳ маҷбуранд чанд бор дар як рӯз барои барои боз доштан ба осмон парвоз кунанд.

Аммо Куреев қайд мекунад, ки бар хилофи Хитой, Русия ба ҳар хел “машқҳои зарбазанӣ ба сарзамини худ”-ро оромтар қабул мекунад ва бо тамринҳои нақшавӣ ҷавоб медиҳад. “Масалан, Пекин ба ин хел чизҳо хеле асабӣ муносибат мекунад ва дар ҳамон замон кӯшиш мекунад қувваи низомии худро нишон диҳад”, — изҳор кард мутахассис.

ИМА ба фазои обӣ ҳам аҳамият медиҳад. Киштиҳои онҳо на фақат дар баҳри Сиёҳ  тез-тез пайдо мешаванд. Охири тобистон киштии зериобии ҳастаии USS Seawolf ба Норвеж интиқол ёфт ва андак пеш аз ин киштиҳои НАТО аз болои амалиётҳои зидди қаиқҳо дар Атлантикаи Шимолӣ дар назди соҳили Исландия машқ карданд.

Моҳи май флоти амрикоӣ аввалин бор дар сӣ сол ба баҳри Баренс даромад. Сарнишинони киштиҳои мушакии “Портер”, “Доналд Кук”, “Франклин Рузвелт” ва киштии бритониёии “Кент” дар шароити душвори иқлим машқ карданд.

Ҳамаи ин на танҳо дар бораи кӯшишҳои алянс дар таквият додани иқтидори ҳарбӣ дар Шимол, балки дар бораи қувваи афзудаи Флоти ҳарбии баҳрии Русия ва махсусан флоти Шимолӣ шаҳодат медиҳад. Дар ҳақиқат, пас аз анҷоми Ҷанги Сард ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА флоти Русияро ҳамчун рақиби муҳим ҳисоб намекард.

Акнун онҳо маҷбуранд онро ба назари эътибор гиранд.

276
Барчаспҳо:
Белорус, Литва, Аврупо, ИМА, НАТО, Русия
День 29 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:26 28.09.2020)
Рӯзи бисту нӯҳуми сентябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии дил ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ мебошад

Рӯзи 29 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1829 дар шаҳри Лондон бо фармони Вазири вақти корҳои дохилии ин шаҳр Роберт Пиля политсияи гражданӣ таъсис дода шуд.

День 28 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1973 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Мексика  зиёда аз 700  нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2000 марди 93-солаи австриягӣ куҳансолтарин одами дунё маҳсуб меёфт, ки мехост ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст орад.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва  Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфтанд.

Соли 2011 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ҳавопаймои нави худ — "Боинг 737-900"-ро муаррифӣ намуд, ки он дар фазои ИДМ нав пайдо шуда буд.

 

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото
Самолет компании "Сомон Эйр", архивное фото

 

Соли 2013 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Соли 2015 ба будубоши дивизияи 201-уми ҳарбии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  70 сол пур шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуданд.

Соли 2016 дар Қасри Миллат Эмомалӣ Раҳмон  бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот карданд.

 

Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей
Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей

 

Соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Форуми байналмилалии иқтисодӣ зинаи 77-умро соҳиб шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии дил.
  • Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ.
  • Рӯзи Конститутсия дар Бруней.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1921-1994)  Шоир Ҳамдам Ҷура.

Соли 1925 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон  Нисон Шоулов.

Соли 1951 Қаҳрамони олимпӣ Юрий Лобанов.

Соли 1982 Варзишгар Расул Боқиев.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон