Пост БДА в Хороге, архивное фото

Президент дар бораи зарурат ва кори анҷомдодаи Ситоди таъмини амният дар ВМКБ

247
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ далели таъсиси Ситоди байниидоравии таъмини амниятро баён дошта, дар бораи корҳои анҷомдодашуда тайи ин муддат гузориш дод

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ҳамаи шумо дар хотир доред, аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сар карда, то соли 2018 вазъият дар ҳудуди вилоят ва пеш аз ҳама, дар маркази он – шаҳри Хоруғ тамоюли мураккабшавӣ дошт, изҳор дошт Раҳмон.

“Вобаста ба вазъи бамиёномада ва бо мақсади ба эътидол овардани вазъият мо ҳангоми сафар ба вилоят моҳи сентябри соли 2018 қарор кардем, ки аз ҳисоби роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ таъсис диҳем”, - зикр кард Раҳмон.

Ӯ афзуд, ки пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки бинобар пушаймонӣ аз кирдор ва ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта нисбат ба амалҳои ғайриқонунии 119 нафар сокинони вилоят ҷазоҳои сабук татбиқ карда шуданд.

“Аз ҷумла нисбат ба 25 нафар шахсоне, ки қонуншиканиҳои гуногун содир карда буданд ва дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, бинобар сабаби ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ихтиёран ҳозир шудан, худиқрории онҳо ва бо тафтишот ҳамкорӣ карданашон ҷазои аз озодӣ маҳрум шудани онҳо аз меъёри пешбиникардаи қонунгузорӣ нисбатан кам таъин карда шуд”, - иттилоъ дод раисиҷумҳур.

Ба иттилои Раҳмон, инчунин, 40 нафар ҷавононе, ки бори аввал даст ба ҷиноятҳои авбошӣ зада, ба истифодаи зӯроварӣ ва таҳдид ба муқобили намояндагони ҳокимият - кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ роҳ дода буданд, бинобар ҷавон ва синну солашон ба даъвати ҳарбӣ баробар будан нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда нашуданд.

“Бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфтани ин ҷавонон онҳо ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, ҳоло дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бомуваффақият хизмат карда истодаанд”, - илова намуд раисиҷумҳур.

Инчунин иттилоъ дода шуд, нисбат ба 20 нафар сокинон, ки ба амалу кирдори авбошӣ, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият ва қасдан расонидани зарар ба саломатӣ роҳ дода буданд, ба хотири ҷавон буданашон ва дар оянда ба ҳаёти фарзандонашон наовардани маълумоти иснодоваранда, яъне доғи судӣ ба ҷойи оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҳар яки онҳо ба муҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.

Раисиҷумҳур афзуд, ки дар ин давра аз тарафи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ дар вилоят 1190 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, кушодашавии он беш аз 90 фоизро ташкил кард.

“Илова бар ин, 54 ҳолати дахолат кардан ба фаъолияти намояндагони ҳокимияти давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, истифодаи зӯроварӣ ва таҳқиру таҳдид ба қайд гирифта, нисбат ба 67 нафар сокинони вилоят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”, - изҳор дошт раисиҷумҳур. .

Инчунин ба иттилои ӯ, барои дар ҳолати сархушӣ содир намудани кирдорҳои майдаавбошӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 2000 нафар сокинони вилоят дастгир гардида, 1750 нафари онҳо аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.

247
Барчаспҳо:
ҷиноят, амният, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Хотироти Раҳмон аз Раббонӣ, додани ҳукумат, музокироти Давҳа ва ибрат аз тоҷикон-видео

78
(Таҷдидшуда 00:59 21.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳамоиши онлайнӣ ба хотири бузургдошти Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ раисиҷумҳури Афғонистон, ки 9 сол қабл дар Кобул кушта шуд, хотироти худ ва нақши Раббонӣ дар сулҳи тоҷиконро баён дошт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр намуд, ки Бурҳониддин Раббонӣ 50 сол дар меҳвари равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фикрии Афғонистон қарор дошт ва замони нишасти баргузоршуда барои сухан дар бораи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёту фаъолият ва симои поки ӯ кифоят намекунад.

Тавсифи Раҳмон аз 1 амали таърихии Раббонӣ: ҳукуматдориро ба Карзай дод-видео

Эмомалӣ Раҳмон, гуфт,  мехоҳад, фақат яке аз амалҳои аз нигоҳи таърих тақдирсози Рабониро таъкид намояд.  

“Бурҳониддин Раббонӣ охири соли 2001 зимоми ҳукуматдориро ба таври мусолиатомез ба идораи муваққатӣ таҳти сарварии Ҳомид Карзай таҳвил дода, номи худро дар саҳифаҳои таърихи муосири Афғонистон барои ҳамеша сабт кард. Баъдан аз ҷониби ӯ пазируфтани раёсати Шӯрои олии сулҳ, далели дигари чеҳраи меҳварию сулҳпарвар ва хирадгаро будани ин сиёсатмадори варзида дар саҳнаи сиёсати Афғонистон мебошад”,-изҳор дошт раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Мулоқот дар Кобул, буҳрон дар музокирот ва даъвати Раббонӣ ба дидори дигар

Эмомалӣ Раҳмон дар идома афзуд, ки профессор Раббонӣ тамоми фаъолият ва ҳаёти худро ба истиқлол ва озодии кишвараш бахшида, ҳамзамон кӯшиш ба қаробати  миллатҳою тамаддунҳо дошта, муваффақ ҳам гардид. Раҳмон аз ҷумла саҳми арзандаи хотирмони ин абармарди сиёсат ва илмро дар мусолиҳаи байни тоҷикон хотиррасон намуд.

“Маҳз ба воситаи раисиҷумҳури онвақта соли 1995 дар шаҳри Кобул нахустин мулоқоти ҳайати сатҳи олии ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарияти Иттиҳоди мухолифини тоҷик баргузор гардид. Он роҳи гуфтушунид ва тафоҳумро миёни тарафҳо боз намуд. Мо пешниҳод намудем, ки дар Тоҷикистон сулҳи пойдор барқарор шавад, вале мутаассифона дере нагузашта музокироти сулҳи тоҷикон ба буҳрон рӯбарӯ шуд”, -  нақл кард кард Раҳмон.

Раҳмон: масъулияти роҳбарӣ маро водор мекард, ки қадами аввал гузорам-видео

Ӯ илова намуд, ки дар он рӯзҳо ба халқи Тоҷикистон ваъда дода буд, ки ба онҳо сулҳ меоварад.

“Аз ин рӯ масъулияти роҳбарии кишвар маро водор мекард, ки қадами нахустинро гузорам. Бо пешниҳоди профессор Раббонӣ, тасмим гирифта шуд, ки мулоқоти дигари ҷонибҳо доир гардад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ тавзеҳ дод, ки бо мусоидати шахсии Раббонӣ, як сол пас дар Хусдеҳи Афғонистон даври дигари мулоқоти сатҳи олии ҷонибҳои раванди сулҳи тоҷикон доир шуд, ки дар музокироти сулҳ гардиши куллиро ба вуҷуд овард.

“Дар натиҷаи музокироти Хусдеҳ, самтҳои калидии пешбурди раванди сулҳ муайян гардида, заминаи воқеии хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гузошта шуд. Агар дар таъмини ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта бошад, дар имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни 1997 дар Маскав сурат гирифт, музокироти Хосдеҳ нақши калидӣ дошт”, - изҳори боварӣ кард Раҳмон.

Музокироти Давҳа ва пешниҳоди Раҳмон барои истифодаи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон

Раҳмон гуфт, моҳи сентябри соли 2003 профессор Раббонӣ дар маросими солгарди ба шаҳодат расидани қаҳрамони миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд, дар баёнияи хеш иброз намуд, ки истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон барои Афғонистон намунаи ибрат мебошад.

Ин суханони Раббонӣ имрӯз низ моҳияти худро гум накардаанд, афзуд Раҳмон.

“Рӯзи 12 сентябри соли 2020, ҳамагӣ чанд рӯз қабл мо шоҳид будем, ки дар Давҳа, пойтахти давлати Қатар, маросими оғози музокироти байни афғонҳо пас аз даҳҳо соли ҷанги бародаркуш баргузор гардид. Ҷомеаи байналмилалӣ умедвор аст, ки музокироти Давҳа оғози иқстиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон хоҳад шуд”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ афзуд,  табиист, ки ҳар ихтилофу низоъ мушахассоти худро дорад, аммо бо вуҷуди ин салоҳ ба назар мерасад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар раванди сулҳи байниафғонӣ мавриди истифода қарор гирад.

Эмомалӣ Раҳмон: музокироти сулҳи тоҷикон натиҷаи хуб дод

Ба гуфтаи Раҳмон, музокироти сулҳи тоҷикон натиҷаи хуб дод ва сулҳ дар Тоҷикистон истиқрор ёфт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳи тоҷиконро ҳамчун намунаи барҷастаи ҳалли ихтилофу низоъҳои дохилӣ эътироф кард. Тоҷикистон омода аст, бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии худ ба бародарони афғонистонӣ дар раванди музокироти сулҳ дар доираи имкон ёрмандӣ расонад, изҳор дошт раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки профессор Раббонӣ, раисиҷумҳури вақти Афғонистон дар роҳандозии муносиботи муосири Тоҷикистону Афғонистон саҳми бузург дорад. Ӯ аввалин шахси олимақоми кишвари хориҷӣ буд, ки соли 1992 аз Тоҷикистони соҳибистиқлол боздиди расмӣ ба амал баровард. Зимни сафари ӯ созишнома дар бораи барқарории муносибатҳои дипломатии ду давлат ба имзо расид.

“Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлӯи низоми сиёсии ҶИА қарор дошт ва минбаъд низ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи ин кишвари дӯсту бародар пуштибонӣ хоҳад кард. Тоҷикистон ҷонибдори истиқрори сулҳ ва зербиноии Афғонистон мебошад, то тамоми мардуми ин кишвар дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кард, мардуми Афғонистон, ки дорои шахсиятҳои барҷаста аз қабили профессор Раббонӣ мебошад, метавонад, тақдиру ояндаи сарзамини куҳантаърихи худро ба даст гирифта, барои ободии кишвараш пайгирона талош кунад.

78
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо Муҳаммад Ҳаниф Атмар, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон

Раҳмон ҷонибдорияш аз музокироти байниафғониро баён дошт

233
(Таҷдидшуда 20:46 17.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе бо Муҳаммад Ҳаниф Атмар, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон вазъи имрӯзаи амниятӣ ва оғози музокироти сулҳи байниафғониро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мавриди яке аз равандҳои калидии фазои сиёсии Афғонистон, ки имрӯзҳо диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст, яъне музокироти сулҳи Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки  Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу суботи пойдор ҳамеша ҷонибдорӣ карда, аз ҳар иқдоме, ки ба ҳалли мусолиҳатомези қазияи Афғонистон мусоидат мекунад, истиқбол менамояд.  

“Дар ин робита қайд гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то  ҷиҳати  мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он дар ростои манофеи мардуми бародари он саҳми худро гузорад”, - омадааст дар иттилоияи котибот.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки  ҳамкорӣ бо Афғонистон дар сохтори сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои авлавиятнок муқаррар шудааст ва ҷониби мо ба густариши ҳамкориҳо бо ин кишвари ҳамҷавор  пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикии минтақавиро, ки омили  ҷалби васеи Афғонистон ба раванди ҳамкориҳои минтақавӣ маҳсуб меёбанд, баррасӣ намудаанд.  

Баъди ҳамла: мулоқоти Ятимов бо Амруллоҳ Солеҳ ва Абдулло Абдулло дар Кобул

Ҷонибҳо инчунин зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин дар ҷодаи мубориза бо ҳамагирии КОВИД-19 ва рафъи оқибатҳои он  қайд намудаанд.

233
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва профессор Лутфулло Солиев

Даргузашти профессор Солиев, чанд ҳафта баъд аз гирифтани ҷоизаи махсус

0
Профессор, олими маъруфи кимиё, Лутфулло Солиев, ки чанд ҳафта қабл бо ҷоизаи махсуси Президент дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуда буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.  Дар бораи даргузашти Солиев, ки тайи солҳои охир мудири кафедраи кимиёи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд, шогирдонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, фавташро фоҷиа ва талафоти бузург барои илм хондаанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Солиев 79 сол дошт. Феълан дар бораи сабаби даргузашташ чизе маълум нест. Ӯ чанд ҳафта қабл аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуда буд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки “бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бо Амри Президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардид”.

Бар асоси донишномаи озод, Лутфулло Солиев, кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ буд. Ӯ соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ,  собиқ ноҳияи Ленин таваллуд шуда, солҳои 1959–1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст.

“Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултети химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд”, - омадааст дар ҳолномаи Солиев дар донишномаи озод.

Ӯ аз соли 2007 то дами марг ба ҳайси мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. Шогирдону ҳамкорон ӯро ҳамчун омӯзгори ҳалим, олими пуркор пухтакор ва хоксор ёд мекунанд.

0
Барчаспҳо:
профессори фахрӣ, даргузашт, Тоҷикистон