Саймумин Ятимов. Архивное фото

Ятимов бо фиристодаи ИМА сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ кард

242
(Таҷдидшуда 16:27 03.10.2020)
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, бо Залмай Халилзод, намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Залмай Халилзод, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо Ятимов оиди раванди музокироти сулҳ миёни Ҳукумати Афғонистон ва Ҳаракати “Толибон”* дар шаҳри Давҳаи Қатар суҳбат кардааст.

Ба иттилои “Ховар” зимни мулоқот дар бораи аҳамияти барқарории суботу оромӣ дар мамлакати ҳамсоя барои минтақа, нақши кишварҳои ҳамҷавор дар мусоидат ба тарҳи сулҳи Афғонистон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Таъкид гардидаст, ки нақши Тоҷикистон бо назардошти сарҳадҳои тулонӣ бо ҶИА, муштаракоти зиёди таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, инчунин дурнамои таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар раванди сулҳи Афғонистон ниҳоят муҳим аст.

“Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон оиди истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ барои тамоми кишварҳои ҷаҳон, махсусан Афғонистони ҳамсоя қобили омӯзишу пайравӣ ва намунаи ибрат мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, таъмини амният дар сарҳадот, тақвияти ҳамкориҳои тахассусии мақомотҳои амниятии ду кишвари дӯст омили муҳими мусоидат дар амалисозии тарҳи сулҳ дар Афғонистон ва минтақа маҳсуб мегардад.

*Толибон, созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон

242
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

380
(Таҷдидшуда 00:01 23.10.2020)
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимн ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

380
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон
Ҳаракат алайҳи қудратихоҳии Толибон дар Афғонистон

“Толибон қудрат мехоҳанд, на сулҳ! Амрико моро фиреб дод” мусоҳиба бо Фаҳими Куҳдоманӣ

516
(Таҷдидшуда 15:47 17.10.2020)
Дар Афғонистон як ҷунбиши мардумие ба саҳна меояд, ки аз музокироти сулҳ миёни ҳукумату созмони террористии Толибон розӣ нест ва Амрикоро заминасози як ҷанги дигар дар минтақа медонад

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ҷаҳон чашм ба Доҳа, пойтахти Қатар, ки беш аз як моҳ ба ин сӯ мизбони музокироти сулҳи байнулафғонӣ аст, дӯхтааст. Нерӯҳои амрикоӣ пойгоҳҳои худро дар Афғонистон тахлия намуда, аз хоки ин кишвар берун мешаванд. Чанде қабл Доналд Трамп, президенти Амрико, эълон дошт, ки афсару сарбозон ва техникаи низомии ин кишвар то охири соли равон пурра аз Афғонистон берун хоҳанд шуд. Ин вазъ нигаронии мардум, бахусус нерӯҳои зиддитолибро ба вуҷуд оварда, онҳоро ба гирдиҳамоиву раҳпаймоӣ ва толори ҷаласаҳо кашондааст.

Ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон Фаҳим Куҳдоманӣ, рӯзноманигор ва аз фаъолони сиёсии Афғонистон аст, ки феълан дар Шимолӣ, вилоятҳои шимоли шаҳри Кобул, яке аз мубтакирони чунин таҳаррукот аст. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон, дар умум Осиёи Марказиву Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) ин интизорро доранд, ки дар Доҳа ниҳоят як тавофуқи сулҳ миёни ҳукумати Афғонистону Толибон* ба миён меояд ва кишвар ба сулҳу оромиш мерасад, аз Фаҳими Куҳдоманӣ суол кардем:

- Чӣ дар ин раванд ё музокироти сулҳ ба шумо маъқул нест?

- Ин ҷо чанд нуктаи нигаронӣ аст. Аз он чӣ ҷараён дорад, дида мешавад, ки Толибон на сулҳ, балки қудрат мехоҳанд. Он ҷо аз сулҳ мегӯянд, аммо ин ҷо бо террору ҷиноят машғуланд ва бо ДОИШ мепайванданд.

- Ин ҷое, ки мегӯед, куҷост? ДОИШ дар Шимолӣ ҳузур дорад?

- Бино ба иттилои мо, на фақат ҳузур дорад, балки дар Ғурбанд, Тагоб, Қарабоғ, Шакардара ва баъзе деҳоти дигар бо Толибон дар як ҳамоҳангӣ кор мекунад. Раҳбари “Хуросон” – и ДОИШ дуктур “Шаҳоб ал-Муҳоҷир”, аз паштунҳои тоҷикшудаи қавми харутии Саройи Хӯҷаи Куҳдоман, аз қавмҳои Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон аст.

- Аммо агар сулҳ шавад, ин нигаронӣ аз миён меравад?

- Гап ҳам ин аст, ки музокироти сулҳ як марҳалаи тӯл додани фурсат шудааст, то нерӯҳои байнулмилалӣ хориҷ шаванду Толибону ДОИШ қудратро ба даст гиранд. Нигаронӣ ҳам ин аст, ки вақте нерӯҳои байнулмилалӣ бо раҳбарии Амрико ба Афғонистон омаданд, маъмурияташон мубориза бо терроризм буд. Бояд террористонро аз байн мебурданд. Мо ба онҳо бовар кардем, аммо ҳоло чаро берун мешаванд?

Дуюм, 5 ҳазор зидонии толибро, ки бадтарин ва бераҳмтарин ҷинояткорони ҳатто сатҳи ҷаҳонӣ буданд, ҳукумат бо тақозои Амрико озод кард. Ҳоло онҳо ба сангарҳо рафта, ҳар рӯз сарбозу мардуми оддиро мекушанд.

Ҳаракат алайҳи қудратхоҳии Толибон дар Афғонистон
акси пешниҳодкардаи Фаҳим Куҳдоманӣ
Ҳаракат алайҳи қудратхоҳии Толибон дар Афғонистон

Севум, ҷанги дигари толибҳо, ҷанги қавмӣ буду ҳаст. Толиб як лашкари қавмиву қабилаӣ аст, ки бо мардуми тоҷик, ҳазора, ӯзбек ва ҳатто паштунҳои ватандӯст душманӣ доранд. Инҳо агар ҳукуматро бигиранд, дубора мардуми моро қатли ом мекунанд. Қабл аз ин ки чунин ҳолат пеш биёяд, мо маҷбур ҳастем, ки дар муқобили Толиб биҷангем. Чораи дигар ҳам надорем.

- Дар музокироти Доҳа чӣ аломатҳоеро мебинед, ки Толибон майл ба сулҳ надоранд?

- Адабиёти Толибон дар Доҳа хушунат аст, бо зӯру туфанг ҳарф мезананд ва инро намепӯшанд. Масалан, мехоҳанд ҳамон низоми “аморат” - и худро ба ҷои “ҷумҳурият” биншонанд. Он ҷо аз сулҳ мегӯянд, ин ҷо ба террору ҷиноят машғуланд. Дар таркиби ҳайати Толибон як зан ҳам нест ва дар музокирот ҳарфи занҳои ҷониби ҳукуматро нодида мегиранд. Ин ҳама ба он маъност, ки Толибон намехоҳанд ба тарҳи сулҳи Афғонистон ҳамроҳ шаванд, балки худ сари қудрат оянд.

Сулҳҷӯи зӯргӯй: Трамп мехоҳад, сарбозони амрикоиро ба хона орад - YouTube
Ruptly / Sputnik / dvids / FoX News / us department of defense / twitter.com/realDonaldTrump

- Ба фикри Шумо, онҳо бояд чӣ кор кунанд, ки ба шумо маъқул шаванд?

- Толибон бояд мисли Гулбуддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломӣ, ба тарҳи сулҳ пайвандад, дар сиёсат ба унвони як ҳизби сиёсӣ фаъолият кунад, дар парлумон намоянда дошта бошад, талошашро барои қудрат аз роҳи муборизаи сиёсӣ - маданӣ анҷом диҳад. Нишон диҳад, ки як нерӯи сиёсии афғонӣ аст, на артиши малишаии созмонҳои истихборотии кишварҳои хориҷӣ, ки тарҳи барбодии Афғонистонро рӯи даст доранд.

- Бовар доред, ки онҳо чунин шартҳоро қабул мекунанд?

- Чорае ғайри ин надоранд. Як гуруҳ ё ҳизби сиёсӣ бояд сиёсати инсонӣ дошта бошад, на ҷинояткорона. Дар акси ҳол, сулҳ ҳам намеояд ва онҳо ҳам орзуи худро ба хок хоҳанд бурд. Мо дар канори ҳукумат хоҳем истод ва ҷангид.

- Толибон ҳукумати Кобулро як ҳукумати дастнишонда меҳисобанд. Созишномаи сулҳро ҳам бо Амрико бастанд...

- Агар Толибон ҳукумати Кобулро қабул надоштанд, бо он сари мизи музокирот наменишастанд. Ҳайате, ки дар Доҳа ҳаст, ҳайати ҳукумати Афғонистон аст, на нерӯҳои алоҳида.

- Заминаи музокироти байнулафғонӣ танҳо пас аз тавофуқи Толибону Амрико ба миён омад. Нақши Амрико дар ин ҳама таҳаввулот чӣ аст?

- Нақши Амрико хеле мармуз, тақрибан мунофиқона аст. Агар ҳадаф нобудии терроризм буд, чаро дар замони худаш бо нерӯҳои муқовимат таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд, ки амалан танҳо дар сангари зидди терроризм буданд, ҳамкорӣ накард, аммо ҳоло бо Толибон – пуштибонони терроризм созишнома мебандад? Амрикоиҳо 20 сол дар Афғонистон буданд. Ҳукумат ташкил шуд, занон ба кору мактаб рафтанд, демократия таҷриба мешавад, озодии баён ба вуҷуд омад, хубу бад чанд интихобот баргузор гардид. Аммо чаро имрӯз аз майдон фирор мекунад?

- Яъне Шумо мехоҳед, ки нерӯҳои амрикоӣ нараванд?

- На, онҳо тасмимашонро гирифтанд, мераванд. Суол ин аст, ки сарнавишти он ҳама дастовардҳо чӣ мешавад? Ҳамаро пеши пойи Толибон қурбонӣ мекунад. Ин барои мардуми Афғонистон хеле сахт аст. Агар чунин буд, мегузоштанд, ки мо худ 20 соли пеш ҳисоби худро бо терроризм баробар мекардем. Омаданд, моро бесилоҳ карданд... Агар сулҳ бошад, як сулҳи боиззат бошад, на ба нафъи як ҷониб, дар мавриди мо Толибон, ки ҳоло амалан аз сӯи Амрико ба Кобул баргардонда мешаванд. Амрико моро фиреб дод.

- Чаро Амрико чунин корро мекунад?

- Маълум аст, ки манифташро дар ин кор мебинад.

- Чӣ манфиат? Дар ҳоли рафтани Амрико дар Афғонистон як ҷанги дохилии дигар сар мезанад. Масалан, худи Шумо мегӯед, ки бо Толибон хоҳед ҷангид. Оё ин ҷанг ба манфиати Амрикост?

- Аввал, ин пешгӯиҳо собит мешаванд, ки Амрико аслан барои саркӯби терроризм ё ободии Афғонистон наомадааст. Дуввум, собит мешавад, ки пас аз вориди саҳна кардани Толибон ва иттиҳоди онҳо бо ДОИШ тарҳи савқ додани ин ду ба Чину Осиёи Миёна ва Эрон матраҳ аст. Пӯшида нест, ки дар сафи онҳо ҷангиёни он кишварҳо меҷанганд. Амрико меравад, аммо бо нерӯҳои ниёбатӣ ҳузур хоҳад дошт. Дар умум, Афғонистон мисли солҳои 90 – уми асри гузашта як пойгоҳи бузурги нерӯҳои ифротгарову террорист хоҳад шуд, ки ҳадафашон ҳамоно таарруз ба кишварҳои шарқу шимол ва ғарб аст.

- Амрико Толибонро ҳамеша як нерӯи афғонӣ мехонд, боре ҳам террорист нахонда буд. Ҳоло ҳукумати Афғонистонро ҳам икмол мекунад, бо Толибон низ сулҳ баст. Ин чӣ бозӣ аст?

- Ҳамин моро ба шак андохтааст. Як “сулҳе” дар роҳ аст, ки заминаи ба қудрат расидани Толибро фароҳам кунад. Ҳамин бархӯрди Амрико буд, ки толиб дубора қувват гирифт ва кор ба ин ҷо кашид, ки бо як гуруҳи террористӣ созишнома баст.

- Мегӯед, барои он ки Афғонистон барбод нашавад ва манбаъи хатар ба ҳамсоягон набошад, аввал, як сулҳи боиззат бояд шавад. Ин чӣ маъно дорад?

- Дар сатҳи байнулмилал тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳтии раҳбари Созмони Милали Муттаҳид бояд як ҷаласаи фавқулодда бигиранд, чун мушкили терроризм ҷаҳонӣ аст, на марбут ба Афғонистон. Дунё бояд тасмим бигирад. СММ бояд як тарҳеро рӯи даст дошта бошад, ки тайи даҳ сол Толибонро аз ҳолати зиндагии ҷангҷӯёнаву террористие, ки тарбият шуданд, дубора ба зиндагии оддии маданӣ баргардонад.

Дар сатҳи Афғонистон агар Толибон сулҳ мехоҳанд, бояд аз ҷангу хушунат даст бардоранд, биёянд, ба ҳукумат идғом шаванд. Масалан, курсиҳои ҳукуматро ба даст оранд, нерӯҳояшон ба сафи Неруҳои мусаллаҳи Афғонистон пайванданд, минҳайси як ҳизби сиёсӣ ба фаъолият пардозанд.

- Ҷолиб ин аст, ки ҳоло шиорҳои зиддитолибӣ аз Шимолӣ (Парвон, Панҷшер, Кописо ва Куҳдоман (як қисмати вилояти Кобул)) баланд мешаванд. Чаро?

- Солҳои ҳукуматаш (1996 – 2001) Толибон дар Шимолӣ ҷиноят ва зулми зиёд кард, сиёсати “замини сӯхта” – ро ба роҳ андохт. Вақте Шимолиро гирифтанд, ҳазорҳо инсони моро  ба шаҳодат расонданд. Хонаҳои моро оташ заданд. Боғҳову токистонҳои моро аз бех буриданд. Ҳатто ба ҳайвони хонагиву сагҳои Шимолӣ раҳм накарда, онҳоро тирборон карданд.

Аз сӯи дигар, онҳо як уқдаи таърихӣ бо мардуми Шамолӣ доранд. Ин ихтилофот реша дар ихтилофоти қавмии гузашта дорад. Онҳо бар ин фикранд, ки Шимолӣ танҳо монеаи расидани онҳо ба қудрат буду ҳоло ҳам ҳаст.

- Хуб, Шумо чӣ тур мубориза мекунед? Бо дасти холӣ?

- Феълан муборизаи мо сиёсиву маданӣ аст. Мардумро огоҳ мекунем, музоҳира, гирдиҳамоӣ, раҳпаймоӣ, маҷлисҳои афроди саршиносро ба роҳ андохтаем, то як зеҳният ба вуҷуд ояд. Мардуми мо, аксаран ҷавонон, зеҳнияти зиддитеррористӣ ва ангезаи муборизаро доранд. Як ҷумбиши мардумие дар ҳоли шакл гирифтан аст, ки ҳадафаш мубориза бо Толибону ДОИШ аст.

То ҳол ҳеҷ кишваре аз доияи зиддитолибӣ аланӣ ҳимоят накардааст. Мо аз кишварҳои сулҳдӯст ва зидди террорист мехоҳем, ки мардуми Афғонистонро танҳо нагузоранд.

*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия

516
Барчаспҳо:
Толибон, сулҳ, ҷанг, Афғонистон

Ҳабиб урён ва Гейҷи бо ниқоб: навори вазнченкунии размикорон

0
(Таҷдидшуда 16:46 24.10.2020)
Қабл аз муҳорибаи дарпешистодаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов а Ҷастин Гейҷӣ, маросими вазнченкунии онҳо баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов имрӯз бори саввум барои ҳифз намудани камрбанди қаҳрамонияш талош мекунад. Қабл аз муҳориба, ҳар ду размикорро болои тарозу бароварда, вазнашонро санҷиданд.

Бар тибқи натиҷаи маросими вазнченкунӣ, Ҳабиб ва Гейҷи вазни баробар доштанд. Ҳар ду варзишгар 70 килограмму 300 грам вазн доранд.

Ҳабиб тамоман урён  болои тарозу баромад ва каме ҳаяҷонзада ҳам буд. Гейҷӣ бошад, бо ниқоби тиббӣ ва табассумкунон вазнашро санҷид.

Муҳорибаи онҳо шоми имрӯз соати 21:00 ба вақти Маскав ва 23:00 ба вақти Душанбе доир мешавад.

Ҳабиб ҳоло ҳамаи муҳорибаҳояшро бидуни мағлубият анҷом додааст. Рақиби ӯ бошад ҳамагӣ ду маротиба рақобатро бохт.

0
Барчаспҳо:
вазн, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов