Саймумин Ятимов. Архивное фото

Ятимов кист? Котиботи Президент ҳолномаи раиси КДАМ-ро нашр кард

8449
(Таҷдидшуда 13:06 04.11.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои фармон Ятимов Саймумин Сатторовичро дигарбора ба мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ таъйин кард

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ятимов, ки аз тирамоҳи соли 2010 дар мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор мекунад, 3 ноябри имсол дигарбора ба ин мақом таъйин гардид.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Саймумин Ятимов 23 июли соли 1955 таваллуд шуда, миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад.

Котиботи Президент: забонҳои хориҷии форсӣ, англисӣ ва русиро медонад

Бар асоси ҳолномаи нашркардаи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ятимов соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисосаш муаллими забон ва адабиёти тоҷик, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои сиёсӣ буда, рутбаи генерал-полковникро дорад.

Манбаъ афзуд, ки забонҳои хориҷии русӣ, форсӣ, англисиро медонад.

“Соли 2002 ордени Спитамен дараҷаи II, соли 2011 медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соли 2013 ордени Зарринтоҷ дараҷаи II қадрдонӣ шудааст”, - омадааст дар ҳолнома.

Аз муаллимӣ то кор дар амнияти Хоруғ ва мақомаш дар Эрону Аврупо

Дар мавриди фаъолият ва собиқаи кории Саймумин Ятимов, дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст:  

  • Солҳои 1972-1976 Донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб
  • Солҳои 1976-1977 Муаллими мактаби миёнаи № 2 ноҳияи Фархор
  • Солҳои 1977-1979 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС
  • 09-12 соли 1979 Муаллими мактаби миёнаи № 2 ноҳияи Фархор
  • 01-12 соли 1980 Курсанти курсҳои олии КАД ИРСС, шаҳри Минск Беларус
  • Солҳои 1981-1985 Корманди оперативӣ, корманди калони оперативии идораи КАД Тоҷикистон дар ВМКБ, шаҳри Хоруғ
  • Солҳои 1985-1989 Корманди калони оперативии дастгоҳи марказии КАД Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1989-1991 Муовини сардори шӯъбаи КАД Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1991-1992 Сардори шӯъбаи КАМ ҶТ, ноҳияи Шурообод
  • Солҳои 1992-1994 Сардори шӯъбаи КАМ ҶТ, ноҳияи Москва
  • Солҳои 1994-1996 Сардори идораи кадрҳои Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 1996-1997 Сафир оид ба корҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1997-2000 Мушовири сафири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2000-2002 Сардори раёсати Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2002-2005 Муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2005-2007 Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2007-2009 Сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмонҳои Европоӣ (EC – Комиссияи аврупоӣ,   ECSC –Созмони аврупоӣ оид ба ангишту пӯлод, EAEC – Созмони аврупоӣ оид ба нерӯи атомӣ), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия
  • Солҳои 2009-2010 Сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмонҳои Европоӣ (EC – Комиссияи аврупоӣ,   ECSC – Созмони аврупоӣ оид ба ангишту пӯлод, EAEC – Созмони аврупоӣ оид ба нерӯи атомӣ), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия
  • 05-09 соли 2010 Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Дар ҳолномаи расмӣ таъкид шудааст, ки аз соли 2010 то имрӯз Ятимов дар мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор мекунад.

8449
Барчаспҳо:
раисиҷумҳур, Саймумин Ятимов, Тоҷикистон
Панисир-СА, акс аз бойгонӣ

Силоҳи Русия: натиҷаҳои аввали соли 2020

190
(Таҷдидшуда 19:07 01.12.2020)
Саноати мудофиавии Русия ва барномаи азнавмусаллаҳгардонии Вазорати дифои Русия соли ҷорӣ дар шароити лаппишҳои иқтисодӣ ва таҳдиду чолишҳои ҷаҳонӣ устувории болоро намоиш доданд

Александр Хроленко. Буҳрони иқтисодии соли 2020, ки ба пандемияи коронавирус марбут аст, барномаи давлатии рушди силоҳ ва мавқеи Русия дар бозори ҷаҳонии силоҳро осебпазир накард.

Таъминоти артиши Русия дар қиёс бо соли гузашта 11 дарсад афзоиш ёфтанд. Ба мизоҷони хориҷӣ, "Рособоронэкспорт" молҳои таъиноти низомӣ ба андозаи 10 миллиард долларро расонда, бастаи фармоишҳоро дар ҳаҷми 50 миллиард доллар ҳифз намуд. Инчунин созишномаҳои ҷадид ба маблағи 9 миллиард долларро баст.

Бидуни шомилшавӣ ба сабқати мусаллаҳшавӣ, Русия барои таъминоти артишу нерӯҳои баҳрӣ бо таҷҳизоти ҷадид аз соли 2019 беш аз 1,5 триллион рублро сарф мекунад, ки беш аз 70 дарсади он ба намунаҳои нави силсилавӣ равон шудаанд. Тайи як сол артиш беш аз 2300 номӯи силоҳро дастрас кард.

Нерӯҳои баҳрӣ бо 35 киштии зериобию киштиҳои болоиобӣ гирифтанд, танҳо флоти Балтик 6 киштии мушакдорро соҳиб шуд. Ба низоми мудофиаи ҳавоӣ чор маҷмааи полкии низоми мушакии С-400 "Триумф" ва шаш маҷмааи  "Пантсир" зам гардид.

Зимни иҷрои барномаи давлатии рушди силоҳ-2020 сатҳи таъминоти артиш ва нерӯҳои баҳрӣ бо силоҳи ҷадид ба 70 фоиз, дар нерӯҳои стратегии ҳастаӣ – 83%, нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонӣ ба 75% расид. Дар маҷмуъ барномаи давлатии рушди силоҳ дар Русия барои солҳои 2011-2020 нахустин барномаи пурра иҷрошуда гардида, силоҳу техникаи ҷадид дар артишро таъмин намуд.

Дар соли ҷадид таъминоти беш аз 3400 номгӯи техникаи ҷангии дигар дар назар аст, ки бо ин таъминоти артиш бо силоҳи ҷадид беш аз 71 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Дар ҳалқаи мушкилот

Дар баробари таҳримоти зиддирусиягӣ ва рақобати носолими “шарикон”-и ғарбӣ, мушкилоти дигари содироти силоҳ аз Русия пандемия шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуъ камшавии “ковидӣ”-и тиҷорати силоҳ дар соли 2020 дар ҷаҳон 10 дарсад пешгӯӣ мешавад. Силоҳи Русия ҳудуди сеяки бозори ҷаҳонии силоҳро дар бар гирифта, баъди ИМА дар мақоми дуюм қарор дорад.

Иттилоъ дар бораи ҳамкориҳои техникӣ-низомӣ аксаран пӯшида мебошад. Бо вуҷуд маълум аст, ки Русия ва Туркия барои маҷмааи дуюми “ЗРС С-400”, бо Миср барои 500 танки Т-90МС бастаст. Инчунин барои таъминоти фармоишгари хориҷӣ бо чархболҳои  Ми-38Т созишнома баста шудааст.

Ҳинд омода аст, 2 миллиард доллари амрикоиро барои ҳавопаймоҳои қиркунандаи Миг-29 ва Су-30 харҷ кунад. Зарфияти баланди содиротиро инчунин ҳавопаймоҳои насли панҷуми Су-57Э,  чархболҳои таҷдидшудаи  Ми-28НЭ ва чархболҳои киштинишини Ка-52К доранд. Маҷмааи мушакии С-300В4 "Антей-4000", мошинҳои зиреҳпӯши "Армата" низ талаботи зиёд дорад.

Барои дарки дурнамои пешоҳангии Русия бояд зикр кард, ки ҳудуди 45 дарсади силоҳи содиротии Русия марбути ҳавонавардӣ аст. Ҳаҷми ҷаҳонии содироти ҳавопаймоҳои қиркунандаи бисёрсамта дар солҳои 2020-2023 беш аз 110,7 миллиард доллар ва бозори чархболҳои ҷангӣ 65,3 миллиардро ташкил медиҳад.

Технологияҳои муосир дар сафи ҷангӣ

Соли сипаришаванда аз нигоҳи теъдод ( тавлидоти силсилавӣ) ва сифат (татбиқи ҷангӣ) барои силоҳи Русия бобарор буд. Чанд ҷанба ба тартиб зикр мешаванд.

Чархболи муосири бисёрсамтаи зарбазану иктишофӣ, Ка-52 "Аллигатор" дар шароити ҷангӣ дар Сурия санҷида шуд, метавонад лавозимоти то 2,8 тонро бардорад, мушакҳои болдори ба фосилаи то 100 километрро кор барад, ки дар ҷаҳон бемисланд. Дар нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия ҳудуди 140 чунин чархбол хидмат мекунанд.

Маҷмааи "Панитсир" бори аввал бо талаби замон соли 2020 ба саҳни киштӣ "қадам" зад.

Суръату тавони хунсо кардани ҳадафҳои ҳавоӣ пайваста такмил дода мешаванд, ҳаҷми ҳадафҳо низ хурдтар мешавад. Истифодаи мушакҳои вазнин барои хунсо кардани дастгоҳҳои парвозкунандаи арзанда аз рӯи хирад нест. Низоми зиддиҳавоӣ дар масири баҳрӣ тамоми дастгоҳҳои парвозкунандаро аз масофаи 20 километр то худи саҳни киштӣ ошкор мекунад.

Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия истифодаи низомии низоми мудофиавии мушакии С-350 "Витяз" дар вилояти Ленинградро оғоз карданд. Ин силоҳ низоми мудофиаи зиддиҳавоиро дар самти стратегии ғарбӣ таҳким мебахшад.  Ин дивизион 12 дастгоҳ дорад, ки дар ҳар кадоми онҳо 12 мушак насб шудааст.

Дар маҷмуъ 1728 мушак омодаанд, зуд ва дақиқ тариқи автоматӣ ҳадафҳои ҳавоӣ дар масофаи 120 километр дар баландии то 30 километрро нобуд созанд. Санҷиши низоми мушакӣ-зенитии С-500 "Прометей" низ дар ҳоли анҷомёбист, ки зимни он мушак ҳадафро дар масофаи рекордии то 553 километр нобуд кард.

Дар самти Баҳри Сиёҳ аз Қрим С-500 назариявӣ метавонад ҳавопаймои қиркунанда ё худ бомбафкани стратегиро болои Бухарест, Анқара ва ё Киев нобуд созад, ки дар ҳамаи ин ҳолатҳо масофа камтар аз 550 километрро ташкил хоҳад дод.

Нерӯҳои баҳрии Русия соли 2020 бори аввал тайи 28 соли охир якбора 6 киштии зериобиро қабул мекунанд: чор ҳастаии навъи 955А ва 885М ва ду лоиҳаи дизелӣ-барқии навъи 636.3 и 677.

Даҳ крейсери зериобии стратегии насли чорум – се  "Борей" ва 7 "Бореев-А"-ро мегиранд, ки сегонаи асосии ҳастаии Русия дар баҳр тайи даҳсолаҳои наздик хоҳанд шуд. Онҳо на кам аз 160 мушаки "Булава" ва масофаи амали 8 ҳазор километрро дар бар хоҳанд гирифт. Русия бо сароҳат нерӯҳои баҳрии зериобиро таъсис дода истодааст, ки метавонанд манофеи кишварро дар ҳар нуқтаи уқёнуси ҷаҳонӣ ҳифз намоянд.

Инчунин тавлиди силсилавии ҳавопаймоҳои қиркунандаи насли панҷум Су-57 роҳандозӣ гардид. Ин ҳавопаймои ҷадид метавонад ҳадафҳои заминию ҳавоӣ ба масофаи то 400 километрро ошкор кунад ва ҳамзамон то 62 ҳадафро ҳамроҳӣ намояд.

Дар навбати аввал 76 ҳавопаймо барои Вазорати дифои Русия ва дар оянда се полки ҳавоии Су-57 рушди устувори тавонмандиҳои низомии нерӯҳои ҳавоӣ – кайҳонии Русияро таъмин хоҳад кард.

Озмоиши ниҳоии мушаки вазнини фароқитъавии "Сармат" низ анҷом ёфт, ки метавонад аз болои ду қутби сайёра парвоз кунад. Фарқияти асосии ин мушаки балистикӣ дар он аст, ки метавонад якҷоя бо блокҳои фаросавтии навъи Ю-71 ба ҳайси силоҳи ғайриҳастаии дорои дақиқияти баланд истифода шавад.

Бо суръати 15 Max  дар ҳаво(7 км/сония) энергияи кинетикии блок хисороти монанд ба зарбаи ҳастаиро таъмин мекунад, аммо хисороти радиоактивӣ ба муҳит намеорад.  Бартарияти дигар дар он аст, ки метавонад масири парвозро бозбинӣ кунад ва аз масофаи ҳазорҳо километр дақиқ ба ҳадаф расад.

Санҷиши дастгоҳи умқнаварди "Посейдон" бо дастгоҳои барқии ҳастаӣ тасдиқ кард, ки он метавонад бидуни ронанда ба масофаи бемаҳдуд шино намояд. Ин дастгоҳи фароқитъавии стратегӣ дар чуқурии 1000-метрӣ метавонад масофаи то 10 ҳазор километрро бо суръати 185 километр дар як соат тай намояд.

Ин дастгоҳи 24-метрӣ метавонад бо силоҳҳои одӣ ё ҳастаӣ муҷаҳҳаз гардад, ки барои нобудсозии киштиҳои бузурги ҳавопаймобару пойгоҳи киштиҳои зериобӣ, инфрасохтори соҳилӣ пешбинӣ шудааст.

Русия инчунин озмоиши мушаки фаросавтии "Сиркон"-ро анҷом дода истодааст, ки монандаш дар ягон кишвари дунё нест. Ин мушак, ки моҳи октябр аз саҳни "Адмирали  флоти Иттиҳоди Шӯравӣ Горшков" дар Баҳри сафед давоми 4,5 дақиқа ҳадаф дар Баҳри Баренс дар масофаи 450 километрро нобуд карда, устувории сарҳадоти арктикии Русияро тасдиқ кард.

Суръати парвоз аз 8 Мах бештар шуда, баландии ниҳоии парвоз 28 километрро ташкил дод.  Тибқи лоиҳа суръати  то  9 Мах, беш аз 10789 км/соат ва масофаи парвоз то 1000 километр пешбинӣ шудааст.

Дар Вазорати дифои Русия тасмим гирифтаанд, ки артишро бо роботҳои безараргардонии минаҳо "Уран-6" таъмин намоянд. Маҷмааи безараргардонӣ, барои тозасозии ҳудуд аз минаҳо кушодани роҳ тариқи майдонҳои мина пешбинӣ шуда, қаблан дар Сурия мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

190
Барчаспҳо:
саноат, Русия
Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии русия, акс аз бойгонӣ

Володин: СААД бояд феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ дошта бошад

86
(Таҷдидшуда 16:11 30.11.2020)
Таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ имконият медиҳад, ки ба ҷинояткории байналмилалӣ муборизаи самаранок бурда шавад, изҳор дошт Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вячеслав Володин дар ҷаласаи XIII-и Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – СААД зарурати таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористиро таъкид кард.

Ин иқдом имконоти СААД барои мубориза бо ҷинояткории байналмилалиро бештар месозад.

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, вақте созмон, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”, - изҳор дошт Володин.

Ӯ илова намуд, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

Раиси Думаи давлатии Русия инчунин таваҷҷуҳи ҳамкоронро ба муштаракоти қонунгузорӣ дар бахши мубориза бо маводи мухаддир равона кард. Кишварҳои узв тавсияҳо барои таҳияи феҳраст ва сабти маводҳои нави мухаддириро баррасӣ мекунанд.

Володин муътақид аст, ки ин чораҳо барои мубориза бо терроризму нашъаҷаллобӣ муҳим мебошад.

Ӯ илова намуд, ки барномаи нави панҷсолаи қонунэҷодкунии Ассамблеяи парлумонии СААД барои 5 соли оянда 29 санади тарҳиро фаро мегирад. Ба ин рӯйхат санадҳо дар боораи танзими амнияти рақаммӣ, ҳифзи иттилоот, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккилона мебошад.

86
Барчаспҳо:
феҳраст, созмонҳои терористӣ, Русия, СПАД, Тоҷикистон
День 2 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:32 01.12.2020)
Рӯзи дуюми декабр Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот, Рӯзи байналмилалии ҳайвоноти хонагӣ ва дар Яман –Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 2 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1731 дар натиҷаи заминҷунбӣ қисмати зиёди Пекин хароб гардида, бештар аз 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1804 — Наполеон I Бонапарт худро подшоҳи Фаронса эълон кард.

Репродукция портрета Наполеона, написанного неизвестным художником в конце XIX века
© Sputnik / Александр Поляков
Репродукция портрета Наполеона, написанного неизвестным художником в конце XIX века

Соли 1872 дар шаҳри Глазгои Шотландия аввалин мусобиқаи расмии байналмилалӣ оид ба футбол баргузор гардид.

День 1 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1876 соҳибкор ва ихтироъкор Павел Николаевич Яблочков барои ихтироъ кардани трансфроматор патент ба даст овард.

 

Соли 1922 Ташкилоти байналмилалии кумак ба ҷанговарони инқилобӣ таъсис дода шуд.

Соли 1966 Барбадос истиқлолият ба даст овард.

Соли 2001 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия саммити ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

Рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Парижи Фаронса дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим, ки ба мушкили бузурги сайёра — тағйирёбии иқлим бахшида шуд, суханронӣ карданд.

День 29 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон баъд аз анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Венгрия бо сафари расмӣ ба шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия рафтанд.

Соли 2012 котибони матбуотӣ ва роҳбарони маркази матбуотии вазорату идораҳои мамлакат ташкилоти ҷамъиятии худ – Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистонро таъсис доданд.

Соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри  Минск иштирок намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр

  • Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот
  • Рӯзи байналмилалии ҳайвоноти хонагӣ
  • Дар Яман –Рӯзи истиқлолият

Рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1894 года – гурғулисарои тоҷик Ҳикмат Ризо.

Соли 1933 года – ҳунарманди сирк, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Пирназар Юсуфов.

Рӯзи 2 декабр кӣ даргузашт

Соли 1940 — Николай Колтсов (соли таваллуд 1872), биолог, асосгузор ва директори Донишгоҳи биологияи озмоишӣ.

Соли 1969 — Климент Ворошилов (соли таваллуд 1881), корманди низомӣ, ходими давлатӣ, яке аз аввалин маршалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн