Қарабоғи куҳӣ: махсусиятҳои хизмати сулҳҷӯёни Русия

121
(Таҷдидшуда 16:07 14.11.2020)
Амалиёти сулҳҷӯёнаи нерӯҳои Русия дар минтақаи даргирии арману озариҳо аз нигоҳи ҳаҷми ҳадафҳои гузошта, мушкилоти ташкили инфрасохтори ҳарбӣ аз сифр, низоми таъмини амният ва ҳамлу нақл дар ҷаҳон нодир мебошад

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Александр Хроленко, шореҳи низомӣ. Бар асоси созишномаи сеҷониба то 13 ноябр ба Қарабоғи куҳӣ тақрибан нисфи нерӯҳои сулҳҷӯи дуҳазорнафарии Русия бо таҷҳизоти ҳарбияшон аз қабили чархболҳои Ми-24 ва Ми-8, зиреҳпӯши  БТР-82А, мошинҳои зиреҳпӯши “Тигр” ва “Тайфун” ва ғайра ворид карда шуданд.

Аз оғози амалиёти сулҳсозӣ аз Уляновск ба пойгоҳи ҳавоии Эребуни 56 парвози Ил-76 ташкил шуда, беш аз 800 низомӣ,  119 номгӯи силоҳ ва техникаи низомӣ интиқол дода шуданд. Сафарбарсозии воҳидҳои низомӣ ба Степанакерт идома дорад ва ин танҳо оғози амалиёти густурда дар марҳилаи нави таърихи Қафқози ҷанубӣ мебошад.

Тасодуфӣ нест, ки ҳайати сулҳҷӯёнро мақомдори бо масъулияти низомӣ, генерали дорои таҷрибаи ҷангӣ, аз ҷумла дар Сурия, қаҳрамони Русия, Рустам Муродов фармондеҳӣ мекунад, ки  аз соли 2018 то вақтҳои охир ноиби фармондеҳи ҳавзаи низомии ҷанубӣ буд.

Барои пешгирии моҷароҳо ва таъмини амнияти низомиёни Русия равобити доимӣ бо ситодҳои генералии Озорбойҷону Арманистон роҳандозӣ шудааст.

Ситоди нерӯҳои Русия дар Степанакерт якҷо бо ҷониби Арманистону Озорбойҷон ҳадди амалиёти сулҳсозиро муайян мекунад. Русия барои амният дар қаламрави ИДМ масъулияти хос дошта, бригадаи 15-уми савораи тирандоз махсус барои иштирок дар амалиёт барои таъмини сулҳу амният ба манфиати ИДМ, СММ, САҲА ва дар сурати зарурат барои СҲШ ташкил шуда буд.

Нерӯҳои сулҳҷӯи Русия аллакай самаранокияшонро нишон дода, 11 ноябр долони Лочин ва қад-қади хатти даргириро зери назорат гирифтанд. Дар ин хат 10 дидбонгоҳ барои таъмини ҳаракати мошинҳои транзитӣ ва пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ алайҳи аҳолии осоишта таъсис ёфтанд.

Маҷмӯан дар қаламрави таҳти назорат дар “Шимол” ва “Ҷануб” таъсиси 16 дидбонгоҳи назоратӣ дар назар аст. Дар хати даргирӣ инчунин пулиси низомӣ навбатдорӣ хоҳад кард. Ин чораҳо барои таъмини эътидол ва бозгашти гурезаҳо ба хонаҳояшон мусоидат мекунанд.

Рӯзҳои сангин

Ҳадди ақал тайи 5 сол амалиёти сулҳсозӣ талошҳои зиёдро талаб мекунад. Вуруди низомиён ба қаламрави даргир ҳатто нисфи кор нест. Амалан дар ҷои холӣ зарур аст, ки низоми назорату идора ташкил шавад, маконҳои муҳофизатшуда барои низомиён бунёд гарданд, Дар ҳар 16 дидбонгоҳ бояд низоми алоқа бо ҳамдигар ва фармондеҳон таъмин гардад. Захираҳои муҳофизатшавандаи маводи зарурӣ, аз ҷумла сӯзишворӣ бояд фароҳам шавад. Инчунин бояд урдугоҳҳои саҳроӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз қабили ошхона, нуқтаи тиббӣ, ҳаммому ташноб ва ғайра ташкил карда шавад.

Зимистон зиндагӣ дар хаймаҳо осон нест, аммо дар бригадаи 15-ум низомиёни таҷрибадор бо дониши хуби ҳуқуқи байналмилалии башарӣ хизмат мекунанд. Касбияту омодагии махсус кафили хизмати муваффақи сулҳҷӯёни Русия дар Қарабоғи Куҳӣ хоҳад буд. Бо назардошти ҳузури ҷангҷӯёни зархарид аз Шарқи Наздик дар минтақа зуҳури даргириҳо аз эҳтимол дур нест ва дар ин ҷо таҷрибаи ҷангии низомиён хеле муҳим мебошад.

Таҳдидҳои террористию диверсионӣ талаб мекунанд, ки хидмат дар реҷаи пурзӯр амалӣ карда шаваду бояд аз ҷангҷӯён пешдастӣ намуд.

Мумкин дар ҳолати “мухолифати яхбаста” ҷонибе талош кунад, қаламраверо зери назорат гираду кори сулҳҷӯёни Русияро низ санҷад. Таҷрибаи сулҳсозиҳои пешин нишон медиҳанд, ки дар масири ҳаракати дидбонҳо метавонанд, минаҳо насб гарданд, дастгоҳҳои таркандаи идораи фосилавӣ, бунбастсозӣ дар масири куҳӣ ва дигар иғвоангезиҳо амалӣ шаванд.

Надоштани силоҳи вазнин, аз қабили артиллерия ва маҷмӯаҳои мушакӣ хатари талафоти ҷонӣ дар қаламрави таҳти назоратро зиёд  мекунад.  Воқеият нишон медиҳад, ки тайни 14 соли таҷрибаи сулҳсозии нерӯҳои Русия дар минтқаи даргирии Гурҷистону Абхазистон дар ҳолатҳои гуногун беш аз 100 низомӣ ба ҳалокат расиданд. Ҳатто ҷойивазкунии низомиёни бригадаи 15-ум, ки соле ду бор рух медиҳад, чун амалиёти алоҳида роҳандозӣ мегардад, ки дар он ҳар воҳиди низомӣ замону масири ҳаракати худашро медонад.

Бо назардошти вазъи баамаломада, Русия ва Туркия барои таъсиси як маркази муштараки назорат созиш карданд, ки дар қаламрави Озорбойҷон ҷойгир хоҳад буд ва фосилаавӣ иҷрои низоми оташбас дар Қарабоғи куҳиро назорат хоҳад кард.

Сарфи назар аз хоҳиши шарикони турк, дар созишномаи сеҷониба ҳузури Анқара дар амалиёти сулҳсозии Русия дар назар нест. Инро борҳо Вазорати умури хориҷии Русия таъкид кард.

Сокинони минтақаҳои Қарабоғ хонаҳои худро оташ заданд- навор

Муътадилсозии минбаъдаи вазъ дар Қарабоғи Куҳиро раванди гуфтушунид бояд кафолат диҳад, на таҷаммӯи низомиёни хориҷӣ ва дигарбора шиддат гирифтани даргирӣ.

Ҳаҷми вазифаҳои ҳалталаб дар Қарабоғ нишон медиҳанд, ки Русия боз бори гарон ва масъулияти сангинро ба дӯш гирифт, то сулҳу субот дар Қафқози Ҷанубӣ ҳифз карда шавад.

121
Барчаспҳо:
амалиёти вижа, Озарбойҷон, Арманистон, Русия
Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии русия, акс аз бойгонӣ

Володин: СААД бояд феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ дошта бошад

86
(Таҷдидшуда 16:11 30.11.2020)
Таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ имконият медиҳад, ки ба ҷинояткории байналмилалӣ муборизаи самаранок бурда шавад, изҳор дошт Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вячеслав Володин дар ҷаласаи XIII-и Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – СААД зарурати таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористиро таъкид кард.

Ин иқдом имконоти СААД барои мубориза бо ҷинояткории байналмилалиро бештар месозад.

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, вақте созмон, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”, - изҳор дошт Володин.

Ӯ илова намуд, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

Раиси Думаи давлатии Русия инчунин таваҷҷуҳи ҳамкоронро ба муштаракоти қонунгузорӣ дар бахши мубориза бо маводи мухаддир равона кард. Кишварҳои узв тавсияҳо барои таҳияи феҳраст ва сабти маводҳои нави мухаддириро баррасӣ мекунанд.

Володин муътақид аст, ки ин чораҳо барои мубориза бо терроризму нашъаҷаллобӣ муҳим мебошад.

Ӯ илова намуд, ки барномаи нави панҷсолаи қонунэҷодкунии Ассамблеяи парлумонии СААД барои 5 соли оянда 29 санади тарҳиро фаро мегирад. Ба ин рӯйхат санадҳо дар боораи танзими амнияти рақаммӣ, ҳифзи иттилоот, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккилона мебошад.

86
Барчаспҳо:
феҳраст, созмонҳои терористӣ, Русия, СПАД, Тоҷикистон
Министр МВД РТ Рамазон Рахмизода встретился с пакистанским генералом Надим Раза

Генерали покистонӣ бо генерали тоҷик чӣ масъаларо баррасӣ карданд

470
(Таҷдидшуда 12:06 27.11.2020)
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо генерали покистонӣ тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 26 ноябр, вазири умури дохили Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо аъзоёни ҳайати расмии Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши Покистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи мазкур генерал Надим Раза, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро дар соҳаи таъмини амният, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ – терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар хотима ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории самаранок иброз дошта, самтҳои асосии ҳамкориҳои судманди тарафайнро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза мулоқот кард

Дар мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва мудофиавӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардида, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақа ва ҷаҳон дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.

470
Барчаспҳо:
ҷинояткорӣ, мубориза, мулоқот, генерал, Покистон, Тоҷикистон
Хабиб Нурмагомедов

Талоши Ҳабиб барои ворид кардани набардҳои ММА ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпӣ

0
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи доғистонӣ талош дорад санъати муҳорибаҳои омехта ё худ ММА-ро ба рӯйхати барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпиада шомил созад.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Қаҳрамони UFC Хабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки ба қарибӣ бо роҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах мулоқот карда, масъалаи ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпиадаи 2028 шомил кардани ҳунарҳои муҳорибаи омехтаро баррасӣ мекунад.

"Дохил кардани ММА ба Олимпиада яке аз вазифаҳои асосии ман барои ду соли оянда аст, мо аллакай дар ин самт кор карда истодаем. Дар ояндаи наздик ман мулоқотҳои зиёде хоҳам дошт, аз ҷумла бо Президенти Кумитаи Олимпӣ. Ба фикри ман, агар дар Париж набошад, пас дар Лос-Анҷелес, мо имкониятҳои зиёди таблиғи ММА дорем ", - навиштааст Sputnik Узбекистон аз қавли Нурмуҳаммадов.

Ба гуфтаи Нурмуҳаммадов, ягона мушкилӣ дар ин самт бераҳмӣ дар ин навъи варзиш аст, зеро дар Олимпиада ин истиқбол намешавад, онҳо намехоҳанд хуни зиёд бошад.

Дана Уайт: Ман ҳанӯз шарт мебандам, ки Ҳабиб рекорди 30:0 мегузорад. Инро падараш мехост

Дар робита ба эътирофу сарпарастӣ ва таваҷҷӯҳ ба ин навъи варзиш Нурмуҳаммадов гуфт, агар ММА ба барномаи Олимпиада шомил карда шавад , он аз ҷиҳати манфиат бо футбол ва варзиши сабук дар як саф хоҳад буд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC ва яке аз ситораҳои санъати муҳорибаҳои омехта мебошад.

Гусфанду буқаҳо мепарварам: Ҳабиб аз нақшаҳои панҷсолааш гуфт

Ӯ ахиран дар пайи пирӯзӣ бар Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.

0
Барчаспҳо:
Олимпиада, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ММА