Сулҳбони Русия дар долони Лочин

Аз Ангола то Тоҷикистону Югославия: сулҳбонҳои Русия дар куҷо хидмат мекунанд?

241
(Таҷдидшуда 15:36 23.11.2020)
Ҳузури низомиёни Русия дар Қарабоғи куҳӣ эҳтимолияти ҳалли низомии масъаларо ба сифр баробар карда, имкон медиҳад, ки роҳбарияти Озарбойҷону Арманистон ба мизи музокирот ва аҳолӣ ба хонаҳояшон баргарданд

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Александр Хроленко. Ин далели самаранокии сиёсати хориҷии Русия ва ташкили хуби омодагии ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Русия мебошад.

Нерӯҳои ҳомии сулҳ дар минтақаи даргир эҳтимоли амалиёти низомии ҷонибҳоро бартараф месозад. Ҳавопаймоҳои низомии қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия интиқоли низомиён ва техникаи бригадаи савораи тирандози 15-умро идома дода истодаанд, ки кафили субот дар Қафқози ҷанубӣ мебошанд.

Дар пайи оғози амалиёт дар Степанакерт ва дигар маҳалҳои аҳолинишини Қарабоғи куҳӣ беш аз 4 ҳазор гуреза аз қаламрави Арманистон баргаштанд. Танҳо 19 ноябр бо 27 автобус зери ҳимояи сулҳбонҳо беш аз 1200 гуреза баргаштанд.

Барои ҳалли маҷмӯи масоили гуманитарӣ дар Қарабоғи куҳӣ дар ҳайати Маркази байниидоравӣ, гуруҳи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ва 5 сохтори махсусгардондидашуда – тозасозӣ аз минаҳо, тиббӣ, нақлиётӣ, таъминоти тиҷорию маишӣ ва оштисозии ҷонибҳои даргир амал мекунанд.

Дидбонгоҳҳо, пайроҳадорӣ ва вазифаҳои пулис дар минтақаҳои бехатарии “Север” ва “Юг” чашмрасанд. Сулҳбонҳои Русия амнияти ҳаракати нақлиёт дар долони Лочинро таъмин мекунанд, мошинҳоро тафтиш ва интиқоли силоҳро пешгирӣ менамоянд. Бисёри вазифаҳо, сохтор ва тарзу алгоритми амалиёти Русия дар Қарабоғи куҳӣ аз чашмҳо ноаёнанд. Вазъияти Қарабоғ дар таърих бесобиқа аст ва аз низомиёни бригадаи 15-ум талаботи сангин дорад.

Хадамоти федералии амният – “ФСБ”-и Русия таъмини ҳаракати нақлиёт тариқи Арманистон миёни навоҳии ғарбии Озорбойҷон ва ҷумҳурии мухтори Нахичевонро назорат мекунад. Ин ҳаракати бемонеи шаҳрвандон, нақлиёт ва бор ба ҳарду ҷонибро фаро мегирад. Ҳукумати Русия хароҷоти марбути кори сулҳбонҳоро пардохт мекунад.

Арзиши чунин амалиёт, аз нигоҳдории  ҳайат, то истифодаи техникаю харҷи маводи сӯхт, солона садҳо миллион долларро ташкил медиҳад, аммо бехатарӣ дар Қафқози ҷанубиро наметавон бо пул нархгузорӣ кард.

Аҳамияти амалиёт бузур ва радаи он хеле баланд мебошад. Бигзор ҳайати сулҳбонҳои Русия дар Қарабоғ, тибқи меъёрҳои СММ сершумортарин ҳам набошад, аммо хеле муҳим барои ҳифзи субот дар Қафқози ҷанубӣ ва минтақаи назди Каспий мебошад.

Хориҷаи наздик

Сулҳбонҳои Русия хеле кори зиёд барои таҳкими амният дар манотиқи собиқ шӯравӣ, аз ҷумла дар Абхазистон, Осетияи ҷанубӣ, Тоҷикистон ва Приднестрове анҷом доданд. Бо вуҷуд ҳаводиси ахири фоҷиабор дар Қарабоғи куҳӣ шаҳодат медиҳад, ки зарфияти сар задани даргириҳои мусаллаҳона миёни кишварҳои ИДМ ҳанӯз боқӣ мондаанд. Барои ёфтани мисолҳои осебпазирии сулҳ дур рафтан даркор нест.

Заседание Совета безопасности Азербайджана
Пресс-служба президента Азербайджана

Имрӯз раисиҷумҳури тозаинтихоби Молдова, Майя Санду изҳороти барномавӣ дар бораи зарурияти хуруҷи нерӯҳои Русия аз Приднестровяро дод. Шояд ӯ фаромӯш карда бошад, ки ин ягона минтақа дар қаламрави Аврупои шарқӣ мебошад, ки баъди вуруди сулҳбонҳо дар соли 1992 бар асоси созишномаи дахлдор, амалиёти низомӣ қатъ гардид ва тайи 28 сол дигарбора сар назад.

Дар Приднестрове гуруҳи фаврии низомиёни Русия қарор доранд. Яке аз вазифаҳои асосии ин гуруҳ ҳифзи захираҳои бузурги аслиҳаи куҳна (беш аз 20 ҳазор тон) дар наздикии маҳалли аҳолинишини Колбасна мебошад. Дар оғози солҳои 90-уми асри 20 ба ин ҷо лавозимоти ҷангии нерӯҳои шӯравӣ аз Олмон, Маҷористон ва Лаҳистон ворид карда шуданд. Нобудсозии аслиҳа дар он ҷо ғайриимкон мебошад ва берун овардани он низ мушкилзо аст, чун ҳудуди 2500 вагонро талаб мекунад ва зиёда аз 57 дарсади ин лавозимот қобили интиқол нестанд. Агар нерӯҳои Русия хориҷ шаванд, вазъ дар Молдова ба маънои аслаш таркишзо хоҳад шуд. Ба умеди созандагӣ хоҳем буд.

Инчунин самаранокии кори сулҳбонҳои Русияро дар минтақаи Осиёи Марказӣ метавон мисол овард. Маврид ба зикр аст, ки Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон соли 1993 созишнома дар бораи нерӯҳои муштараки сулҳбонро имзо карданд, ки такягоҳи субот бар минтақа шуданд. Он замон ба ҳайати нерӯҳои муштараки сулҳбон дивизияи 201-уми Русия ва воҳидҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шомил гардиданд. Бо талоши муштараки сулҳбонҳо даргирии мусаллаҳона дар Тоҷикистон хомӯш карда шуд. Дар ҷумҳурӣ гуруҳи фаврии марзбонии Хадамоти федералии амният – “ФСБ”-и Русия боқӣ монданд ва соли 2005 дар заминаи дивизияи 201-ум дар Тоҷикистон пойгоҳи 201-уми низомии Русия ташкил карда шуд, ки моҳиятан сулҳбон мебошад.

Русия чун узви доимии Шӯрои амнияти СММ бо дигар аъзо масъули сулҳ дар сайёра мебошад. Даргириҳои байналмилалӣ ва байнихудиро дар қаламрави собиқ шӯравӣ пешгирию бартараф мекунад, дар ҳайати сулҳбонҳои СММ ва СААД дар хориҷи дур низ иштирок мекунад.

Аз Югославия то Ангола

Сулҳбонҳои Русия аз таҷрибаи бузург бархӯрдор буда, тасодуфӣ нест, ки аз рӯи теъдоди нозирони низомӣ дар СММ, Русия ба даҳгонаи аввал шомил мебошад.

Чунин амалиёт шартан ба ду навъ – ҳифзи субот ва водорсозии маҷбурӣ ба сулҳ ҷудо мешаванд. Вобаста ба вазъ дар минтақаи таҳти назорат амалиёту вазифаҳои сулҳбонҳо метавонанд тағйир ёбанд. Аз ҷумла моҳи августи соли 2008 амалиёти ҳифзи сулҳ дар минтақаи мухолифатҳои Гурҷистону Осетия моҳиятан ба амалиёт барои водорсозии Гурҷистон ба сулҳ мубаддал шуд.

Низомиёни Русия аз соли 1992 зимни амалиёти СММ барои ҳифзи сулҳ дар Югославия (1992 – 2003 годы) таҷрибаи байналмилалӣ гирифтанд, ки он он ҷо ҳайати сулҳбонҳои Русия 1600 нафарро ташкил медод. Чунин рисолатҳо баъдан дар Ангола, Либерия, Мозамбик, Кот-д’Ивуаре, Руанда, Бурунди, Эфиопия, Судон, ҷумҳурии Чад ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ низ амалӣ шуд.

Ҳар амалиёт хусусиятҳои худро дорад, ки аз шиддати даргирӣ, хатари муқовимати мусаллаҳона, теъдоди нерӯҳои дахлдор, шароити ҳамлу нақл, тафаккури сокинони маҳаллӣ ва шароити тиббӣ вобаста мебошад.

Низомиёнро зарур аст, ки фавран ба вазъ мутобиқ шаванд, пайвата дар ҳоли омодагии ҷангӣ қарор дошта бошанд. Ҷойивазкунии муқаррарӣ ҳар ним сол як бор рух медиҳад, ки санҷиши сангин барои омодагии ҷисмию равонии низомиён мебошад. Ҳайати нозирон тақрибан бесилоҳ мебошанд, сулҳбонҳо бештар бо силоҳи сабук мусаллаҳ мебошанд.

Сулҳбонҳои Русия соли равон дар ҳайати 9 амалиёти СММ хидмат мекунанд. Сахари ғарбӣ (MINURSO), Ҷумҳурии Африқои Шумолӣ (MINUSCA), Ҷумҳурии демократии Конго (MONUSCO), дар Кипр (UNFICYP), дар Судон (UNISFA), дар Косово (UNMIK), дар Судони ҷанубӣ (UNMISS), дар шарқи наздик (UNTSO), дар Колумбия (UNVMC).

Бузургтарин амалиёти сулҳбонии СММ ва Иттиҳоди Африқо дар Судон роҳандозӣ шудааст, ки беш аз 20 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Сарфи назар аз ҷуғрофиёи экзотикӣ, ин кори вазнин бо хатари доимӣ барои ҷон мебошад. Ҳамасола дар сайёра ҳудуди 100 сулҳбонҳо ба ҳалокат мерасанд, ки баштарашон зимни ҳамлаҳои ҳадафмандона кушта мешаванд.

241
Барчаспҳо:
ҷангу сулҳ, сулҳ, ҷаҳон, СММ, Русия
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото

Дастури Раҳмон барои тақвияти артиш ва марз: вазъи минтақа мураккаб

267
(Таҷдидшуда 15:26 26.01.2021)
Бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳад, махсусан, бо Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дода, ки барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Тоҷикистон стратегияи миллии зидди терроризмро барои солҳои 2021-2025 таҳия хоҳад кард, гуфт президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон.

Президент гуфт, тадбирҳо на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои кишвари мо, балки ба оромиву суботи кишварҳои дуру наздик, бахусус, кишварҳои минтақа низ мусоидат менамоянд.

Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифадор шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ҷиҳати ҳимояи устувори сарҳади давлатӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ пайваста чораҷӯӣ карда, назоратро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намояд.

Раисиҷумҳури кишвар гуфт, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем.

Зеро вазифаи аз ҳама муҳим - ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.

Навигариҳои хизмати ҳарбӣ: хизмати пулакӣ, дипломдорҳо ҳам раванд, ба кор намегиранд

Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, моро зарур аст, ки бо дарназардошти шароити имрӯза Қувваҳои Мусаллаҳи худро азнавсозӣ кунем ва онҳоро бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин намоем.

“Таъкид месозам, ки дар ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимоя кардани давлат аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мебошад”,-гуфт, президент.

Кишвардори Тоҷикистон гуфт, Вазорати мудофиа барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиаи кишвар, тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, инчунин, таъмини артиш бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Қабули қонунҳо: хизмати ҳарбӣ барои кор дар гумрук, суд, додситонӣ ҳатмӣ шуд

Вазорати мудофиа, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки корро бо захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётӣ тақвият бахшида, омӯзонидани онҳоро аз рӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монад ва ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, таълими саҳроӣ ва машқҳои низомӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир аҳаммияти аввалиндараҷа диҳад.

267
Барчаспҳо:
артиш, минтақа, марз, Эмомалӣ Раҳмон
Послание президента Таджикистана парламенту

Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд

464
(Таҷдидшуда 14:56 26.01.2021)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз  вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир ёдовар шуда, аз мақомоти қудратии кишвар хост, ки ба масъалаи таъмини амният диққати ҷиддӣ диҳанд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона гуфт, зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд, гуфт ӯ.

"Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд”,-афзуд, раисиҷумҳури кишвар.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Ба гуфти президент, онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Ӯ гуфт, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд ва ба ин хотир ӯ Прокуратураи генералировазифадор кард, ки лоиҳаи нави “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025”–ро таҳия кунад.

Мо борҳо эълон намудаем, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ тавр ба муҳоҷирати меҳнатӣ хотима дод

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки ҳамкориро бо сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар ин самт тақвият бахшанд.

464
Барчаспҳо:
фарҳанг, нақша, терроризм, Эмомалӣ Раҳмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

180
(Таҷдидшуда 23:31 26.01.2021)
Дар суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон маъмулан нуктаҳои ҷолиб аз матни сомонааш ва ё пахши такрории телевизионҳои расмӣ ҳазф мешаванд. Ҳол он ки маҳз дар ҳошияравиҳои ӯ аз матн гуфтаниҳо, балки ногуфтаниҳои ӯ садо медиҳанд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар ин ҳошияравиҳо эҳсоси шодиву ғам ва хашму нигарониҳояшро баён медорад, аммо ба назар мерасид, ки дар Паёми имсолаи ӯ бештар аз ҳама изтироби худро аз ояндаи кишвараш бештар ба намоиш гузошт. Sputnik Тоҷикистон ба бархе аз муҳимтарини нуктаҳои ҷолиби Паёми ӯ пардохт. 

Раҳмон нахуст як “нуктаи нозук ва муҳим” – ро дар бораи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон баён кард. Вай гуфт, соли 2020 дар пайи пандемияи “вируси корона” 80% - и муҳоҷирин натавонистанд аз Тоҷикистон хориҷ шаванд.

“Ман ба шумо нуктаи нозук ва муҳимро расониданӣ ҳастам. Аз 460 ҳазор нафаре, ки мерафтанд, фақат 111 ҳазор муваффақ шуданд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро бо кори доимӣ таъмин кунем", - гуфт президент.

“Қарз намедиҳанд!”

Раҳмон як роҳи ҷалби сармояи мустақими хориҷиро гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аудити молиявӣ унвон карда, афзуд, тамоми ширкат, муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо фақат ҳамин роҳро доранд, агар на, ягон институти байнулмилалии молиявӣ, ягон сармоягузор ба ягон кас қарз ҳам намедиҳад ва сармоягузорӣ ҳам намекунад.

“Ҳатман бояд муайян кунем, ки аз чанд миллион боло (аз аудит гузаранд). Қарорро бояд қабл кард. Сарфи назар аз он ки кадом мақомоти давлатӣ ё ширкати хусусӣ, ҳар чӣ набошад, (гардиши корхона ё муассиса) як миллион аст, ду ё се миллион аст, бояд ҳатмӣ аз аудит гузарад. Инро бояд ҳукумат муайян кунад. На ҳама ба ин розӣ аст, ҳатто сохторҳои мақомоти давлатӣ. Ин шаффофияти иқтисодиро муайян мекунад. Ҳам дар соҳибкорӣ ва ҳам сохторҳои мақомоти давлатӣ”, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Авфи дуюм

Тоҷикистон дар таърихи 30 соли истиқлолаш фақат як бор авфи маболиғ ва дороиҳоро соли 2007 гузаронда буд. Имсол низ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти зидахл хост, ки заминаи баргузории як авфи дигарро фароҳам созад. Вай гуфт, мо мебинем, ки ҳатто кишварҳои абарқудрат дар ин 30 сол қариб 10 – 15 маротиба гузарониданд.

“Такрор мекунам, ҳатто кишварҳои абарқудрат. Чанд сол пайиҳам. Шароитро мо мебинем, ки дар ҷомиаи ҷаҳонӣ чӣ гап аст”, - гуфт ӯ.

“Страховка”

Президенти Тоҷикистон аз мақомоти зидахл хост, ки ҳар чӣ зуд як санад барои маҳдуд намудани санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкоронро то моҳи март таҳия кунанд. Вай гуфт, бахши хусусӣ ҳоло дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) беш аз 70, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ - 68 ва даромадҳои андозӣ ба буҷет - 80 фоиз саҳм дорад.

Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд

“Ба пешвози 30 – солагии Истиқлолият 18 ҳазору 300, дар маҷмуъ 25 ҳазор иншоотро имсол бояд сохта, ба истифода диҳем. Ин аз ҳисоби кӣ аст? Аз буҷети давлат? Не. Ана ҳамин ҳисса ё саҳми соҳибкорон аст. Аксарияташ. Аммо дар вақти қабул кардани қонуну қарорҳо дар бисёр ҳолатҳо манфиатҳои назоративу хатарнокиву эҳтимолияти иҷро нашудани нақшаро пеш оварда, кӯшиш мекунем, ки монеаи сунъӣ эҷод кунем. Худамонро “страховка” мекунем дар назди ҳукумат, роҳбари давлат. Аммо дар назди мардум чӣ? Вақте рӯи дастурхони мардум нон пайдо нест, кӣ ҷавоб медиҳад?”, - гуфт президенти Тоҷикистон.

Ҳис мекунед?

Президенти Тоҷикистон аз аҳли толор пурсид, ки дар ин сардиву барф ҳис мекунанд, ки чаро роҳҳои асосии байни вилоятҳои бузург ин зимистон баста нашуд? Вай дар посухи суоли худ гуфт, роҳҳо бунёд ва таъмиру нигаҳдории онҳо сол ба сол хубтару беҳтар шудаанд, мардум баҳору зимистон рафтуомад ва тиҷорати дохилӣ густариш пайдо мекунад.

“Ҳис мекунед? Талафоти одамон ҳам кам. Акнун вақте расидааст, ки роҳҳои дохилии байни ноҳияҳо, ҷамоатҳо, байни шаҳрҳо, худи деҳаҳо, шаҳраку маҳалҳои зист бояд хубтару беҳтар шавад. Як сол аст, ду сол аст, бояд кунем. Ман боварии комил дорам, ки агар ташаббус дар дасти вакилони муҳтарам, аъзои ҳукумат ва хизматчиёни давлатӣ, умуман ташкилотчӣ бошад, мардуми мо хуб дастгирӣ мекунад. Барои хубтару беҳтар кардани шароити зисти худаш. Ҳамаро набояд ба буҷет ҳавола кард”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Мешудааст – ку!

Раҳмон аз онҳое, ки ҳамоно банди иқтисоди нақшаӣ ҳастанд, ёдовар шуда, гуфт, роҳи аз ҳама хуби кӯмак ба кишоварзӣ фароҳам кардани имтиёз ва шароит ба соҳибкорон, тоҷирон, хоҷагиҳои деҳқонӣ аст.

“Дар Тоҷикистон 2 сол пеш 60 ҳазор тонна гӯшти мурғ ворид мешуд. Қариб 50 миллион доллар – валюта (арз) -и мо ба берун мерафт. Соли 2017 мо дар дохил ҳамагӣ 2 -3 ҳазор тон истеҳсол мекардем, вақте имтиёзҳо додем, зарфи ду сол истеҳсоли гӯшти парранда ба 30 ҳазор тон расид. Боварӣ дорам, ду сол баъд воридоти он аз байн меравад”, - гуфт ӯ.

Президенти Тоҷикистон гуфт, дар замони Шӯравӣ ба Тоҷикистон аз берун дар як сол то 180 ҳазор тона картошка ва 140 ҳазор тон маҳсулоти гӯштӣ ворид мешуд, аммо соли 2020 ҳамагӣ 180 тон картошка ворид шудааст.

“Пурсида мешавад, аз ҳисоби чӣ таъмин шуд? Проблема дар Тоҷикистон дар боби истеъмоли гӯшт ҳаст? Раҳмат бар падару модари мардуми Тоҷикистон, ки ташаббуси моро дар бораи амалӣ намудани Қонун дар бораи танзими расму оинҳо дастгирӣ карданд. Ду баробар саршумори чорво сарфа шуда, зиёд гардид. Ҳам маҳсулоти ширӣ, ҳам маҳсулоти гӯштӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст”, - гуфт ӯ.

Раҳмон ба амнияти саломатии мардум ишора карда, гуфт, гӯшти мурғу гӯштҳои дигар гуфта, баъзан маҳсулоти бесифати мӯҳлаташон гузаштаро бо ҳар роҳ меоварданд. Вай афзуд, имтиёзҳо моҳипарвариро низ такон доданд.

“Ё тухм аз дигар ҷо меоварданд, хандаовар аст, бародарон! Ман ҳатто гуфта будам дар маҷлисҳои ҳукумат ба мову шумо. Мешудааст-ку. Кори намешудагӣ дар дунё нест. Фақат завқ, масъулияти баланд доштанамон даркор. Мо зиёда аз 1 миллион тонна картошка истеҳсол кардем. Ду – се маротиба зиёд деҳқони тоҷик картошка истеҳсол мекунад. Дар як сол!”, - гуфт президент.

Вай афзуд, барномаи боғу токпарварӣ дар талу теппаҳоро, ки ҳукумати Тоҷикистон рӯи даст гирифт, ҳатто дар хориҷа масхара шуд.

“Ҳатто баъзе сиёсатмадорон дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар паси ман гап мезаданд, ки “Раҳмон кори дигар надорад, ки дар талу теппаву кӯҳ боғдорӣ мекунад, хандаовар аст”. Хандаовар нест. Натиҷаашро мо дида истодаем. Аз Душанбе то Кӯлоб равед, ҳамин рӯз дар ҳамин сардиву хунукӣ, бинед, дар ду тарафи роҳ ғайри бозорҳо чӣ қадар ҳазорҳо тон меваву сабзавоти бениҳоят сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тозаро деҳқонон ба мардум пешкаш карда истодаанд. Натиҷаи чӣ аст? Мо ҳам давраи Шӯравӣ рафта, меомадем. Ягон бало набуд. Бисёриҳо шоҳид ҳастед. Ин ҳама натиҷаи ҳамин қарорҳо ва заҳмати деҳқонони мамлакат аст. Агар шикамамон сер намебуд, дар ин толор омада, паёми роҳбари давлатро гӯш намекардем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

“Ҳоло айни вақт аст...”

Президенти Тоҷикистон гуфт, хабар аз хатару пешгӯиҳое, ки коршиносони сатҳи байнулмилалӣ мекунанд, ба ҳозирини толор ва мардуми Тоҷикистон мерасонад. Ӯ ҳамзамон ин суолро матраҳ кард: соли 2021 чӣ моро интизор аст?

“Агар дар ёд дошта бошед, моҳи апрели соли 2020 дар муроҷиате, ки ман ба шаҳрвандони мамлакат кардам, дар бораи таҳдиду хатарҳое, ки дар фасли тирамоҳу зимистони имсолу соли оянда дар камин нишастаанд ва ҳатто хатари гуруснагӣ, болоравии нархҳо дар дунё, ки ба камчинии маҳсулоти ғизоӣ оварда мерасонад, гуфта будам. Ана ҳамонҳо омада расид. Тибқи таҳлили коршиносони созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ, аз ҷумла муовини дабири кулли СММ, соли равон дар масъалаи озуқаворӣ яке аз солҳои вазнин ва ҳалокатбор тайи 100 соли ахир мегардад. Ин сухани ман нест, аз муовини дабири кулли СММ дар умури озуқаворӣ аст”, - гуфт Раҳмон.

Вай аз бесобиқагии гармшавии иқлим дар соли 2020 дар таърихи инсоният гуфта, афзуд, гармову хушксолӣ ва камобии соли гузашта дар кишвари мо аз оғози собҳибистиқлолӣ бори якум ба қайд гирифта шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз барқароршавии парвозҳо гуфт

“Чӣ моро интизор аст дар ин сол? Ман бори дигар ин фурсатро истифода бурда, ба мардуми Тоҷикистон, шумо – аъзои ҳукумат, вакилони мардумӣ изҳор мекунам, ки корро ҷиддӣ гирем. Ҳоло вақт аст. Ҳоло айни вақт аст”, - гуфт ӯ.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар замони соҳибистиқлолӣ барои 1 миллиону 350 ҳазор хонавода 135 ҳазор гектар заминро тақсим карда дод, то хона ё мавзеъи истиқоматӣ созанд, дар ҳоле ки дар 75 соли шӯравӣ ба аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 73 ҳазор гектар замин ҷудо шуда буд.

“Ана акнун ҳисоб кунед, ки чӣ қадар замин дар дасти мардум аст. Мо ҳисоб кардем, ки ҳудуди 230 – 40 ҳазор гектар замин. Агар 50% - и он барои хонаву дигар сохтмон бошад, 50% - и дигар, ҳудуди 115 ҳазор гектар барои замини кишт. Мардум аз замини наздиҳавлигӣ метавонад садҳо сентнер ҳосил гирад”, - гуфт президент.

Ӯ аз сафарҳояш ба шаҳру навоҳӣ ва дидораш бо деҳқонон мисол овард, ки бархе меҳнат мекунанд, роҳаташро мебинанд ва аз оне гуфт, ки аз 17 – 18 сотих дар як сол 36 тон маҳсулот гирифта, зиндагиашро пеш мебарад ва бо ҳама чӣ таъмин асту муҳтоҷ ба касе нест.

“Барои ҳамин ҳам, деҳқонони арҷманди мо, ман шуморо дастгирӣ мекунам, шумо муроҷиатҳои маро ҷиддӣ гирифта, меҳнат кунед, ба умеди ҳеҷ кас нашавед. Худои таоло гуфтааст, ки аз ту ҳаракат, аз ман баракат. Агар ба пушт зада, дастурхонро партоӣ, аммо дар замин дона напартоӣ, каланд назанӣ, дар он дастурхон чизе пайдо намешавад. Ҳамин сол кардед, натиҷаашро дидед. Оне, ки заҳмат мекашад, муҳтоҷи касе нест. Дар сардиву гармӣ дар дастурхони фарзандонаш фаровонист”, - гуфт президент.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, соли 2021 бисёр соли вазнин мешавад, махсусан, дар самти таъмини маводи ғизоӣ ва ҳукумату мақомоти зидахл бояд ба ҳама кӯмак кунанд.

“Аввали пайдоиши пандемияи COVID 19 воҳима (паника) ҳатто дар байни давлатҳои абарқудрат буд. Чӣ кор карданд? Сарҳадҳои худро бастанд. Содироту воридотро манъ карданд. Баъзеаш транзитро манъ кард. Баъд чӣ мешавад? Мо бештари маҳсулот – 60%-ро аз берун меорем. Агар (марзҳо) маҳкам бошад чӣ? Чӣ кор мекунем? Куҷо меравем?”, - гуфт ӯ.

Вай пешниҳод кард, ки тамоми кишоварзони кишвар соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд, ки бино ба иттилои ӯ, ҳудуди 200 миллион сомониро ташкил медиҳад ва ҳукумати кишвар барои пӯшонидани ин манбаи андоз чораҷӯӣ менамояд.

“Агар дар ёд дошта бошед, ман як андешаро 12 сол пеш баён карда будам, ки бисёриҳо онро шояд ҳазл қабул карданд. Баъзе сиёсатмадорон ҳатто аз ман пурсиданд, чаро Эмомалӣ Шарипович, Шумо ин чиро гуфтед? Ман мардуми Тоҷикистонро даъват карда будем, ки кӯшиш кунед, ҳар як хонавода захираи дусола дошта бошад. Ба ёд доред? Ба ҳамон рӯз омадем. Ин бадбахтиро бинед! Шукрона, ки он бадбахтие, ки бархе кишварҳои Аврупо расидаанд, мо ба он нарасидем. Парвардигоро, ба мардуми тоҷик илоҳо нарасад. Аммо кӣ кафолат дода метавонад? Кӣ? Кӣ киро кӯмак мекунад? Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Як ваксинаро бинед, сиёсӣ карданд дар дунё”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охири суханронии худ президенти Тоҷикистон мардумро ба ваҳдату бародарӣ хонд ва гуфт, барои ҳамин ҳам ман гаштаю баргашта таъкид мекунад, ки мо бояд бунёд кунем, созем, руҳафтода нашавем.

Стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳо зиёд мешавад

“Ман ишора кардам, ки бобову бобокалони мо, аждодони мо кӣ буданд, чӣ мерос гузоштанд, тамаддунсоз буданд, тамаддунофар буданд. Чӣ мову шумо карда наметавонем? Мову Шумо идома дода наметавонем?”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

180
Барчаспҳо:
озуқаворӣ, хатар, сармоя, буҳрон, рушд, иқтисод, парлумон, паёми раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон