Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото

Тоҷикистону Қирғизистон нақшаи кории соли 2021 - ро муайян карданд

210
(Таҷдидшуда 16:24 09.12.2020)
Дидору вохӯрии намояндагони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Ботканд баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Намояндагони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғзистон гуфтугӯ карданд, хабар медиҳад шуъбаи кор бо расонаҳои Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Гуфта мешавад, ки намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти соли равонро ҷамъбаст намуда, нақшаи кори соли ояндаро кашиданд.

Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки аз соли 2014 инҷониб танишҳо дар марз коҳиш ёфтааст. Ҳафт сол қабл дар тӯли як сол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 32 таниш, дар давоми соли 2020 бошад, ҳамагӣ 9 маротиба муноқиша рух додааст.

Ба низомиёни ду давлат супориш дода шуд, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар сарҳади давлатиро пурзӯр намуда, самаранокии ҳамкориҳоро дар ҳалли мушкилот баланд бардоранд.

Қирғизистон ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ корхонаҳо созад

Манбаъ афзуда, ки ин вохӯрӣ бо мусобиқаи футболи хурд ба анҷом расид.

210
Барчаспҳо:
соли оянда, нақша, Қирғизистон, Тоҷикистон
Военные учения России и Таджикистана, архивное фото

Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ: Ӯзбекистон қавитар аз ҳама дар ОМ

387
(Таҷдидшуда 15:33 16.01.2021)
Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ мавқеашро бетағйир гузоштааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. “Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 138 кишвари дунё бетағйир дар мақоми 99-ум гузоштааст.

Соли гузашта низ Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар ин мақом менишаст ва давоми як сол тағйироте ба вуҷуд наовардааст.

Гузоришгарон  ҳайати низомии кишварро 9 ҳазор арзёбӣ карда, гуфтаанд,  маблағгузорӣ ба артиш дарТоҷикистон солона 79 миллион долларо ташкил медиҳад.

Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 51 нишаста, ҳайати низомии он 50 ҳазор ва харҷи солонааш 15 миллиард гуфта мешавад.

Қазоқистон бошад бо 125 ҳазор низомию 4 миллиард доллар хароҷоти солона ба ин соҳа дар ҷойи 62, Туркманистон  дар зинаи 86 ва Қирғизистон дар ҷойи 93 нишастаанд.

Гуфта мешавад, ҳайати шахсии Туркманистон 22 ҳазор буда, солона ба ин соҳа 800 миллион сарф мекунад ва Қирғизистон бошад 11 ҳазор низомӣ дошта харҷи солонааш 20 миллион доллар гуфта мешавад.

Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд.

Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Туркия, Олмон, дохил шуданд. Дар радабандӣ 137 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд. Гузоришгарон, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифтаанд.

Баъди артиш дохилшавӣ ба донишгоҳ осонтар мешавад: имтиёзи ММТ ба хизматкардаҳо

Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он қудрати онҳо низ ҳисоб  шудаанд.

Ҳамчунин дар тартиб додани радабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.

Қавию дурпарвоз: силоҳи нави ҳавоии Русия чӣ гуна хоҳад буд

Артиши  Тоҷикистон дар радабандӣ соли 2019 ҷойи 94 ва қабл аз он зинаи 96-умро соҳиб шуда буд.

387
Разбитые армянские гаубицы у дороги в Физули

Арманистон сабаби шикасташ дар Қарабоғи Кӯҳиро гуфт

578
(Таҷдидшуда 20:46 14.01.2021)
Сабабҳои асосии шикасти Арманистон дар ҷанг бо Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ эълон шуданд

Номзади мухолифин ба мансаби сарвазирии Арманистон, Вазген Манукян гуфт, ки чаро ин кишвар дар муноқишаи мусаллаҳона бо Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ пирӯз нашуд.

Яке аз хатогиҳои калидӣ, ба гуфтаи Манукян, амали нодурусти сарвазири кунунии Арманистон Никол Пашинян буд.

Ӯ қайд кард, ки сарвазир дар бораи вазъияти фронт тасаввуроти зиёде надошт. Вай имкон дошт, ки на танҳо муноқишаро пешгирӣ кунад, балки мавқеи асосии худро нигоҳ дорад, гуфт Манукян дар сӯҳбат бо РБК.

Вай натиҷаи муноқишаи солҳои 1992-1994 дар Қарабоғи Кӯҳиро ёдовар шуд.

"Дар солҳои ҷанги якуми Қарабоғ, солҳои 1992-1994, вақте ки мо Озарбойҷонро шикаст додем, ин ба мо кӯмак кард, ки Абулфаз Элчибей сарварӣ кунад. Он гоҳ истилоҳи "инқилоби ранга" вуҷуд надошт, аммо ӯ шахсе буд, ки маҳз ба чунин ақидаҳо пойбанд буд", - гуфт мухолиф.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло "Озарбойҷон аз он истифода кард, ки мо Элчибейи худро дорем".

Манукян аз номувофиқии мансаб ба сарвазири кунунии Арманистон гуфт.

Алиев гуфт, ки кӯшиши вайрон кардани созишномаи Қарабоғ вуҷуд дорад

"Дар пайи "инқилобҳои ранга" асосан одамони қобилиятнок ба қудрат меоянд, ки барои сарварии ҳукумат омода нестанд",- гуфт ӯ ва илова кард, ки Пашинян ҷомеаро ба "гузашта ва ҳозира" тақсим кард.

Амалиёти мусаллаҳона дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз соли 1987 инҷониб авҷ гирифтааст.

Ахиран он 27 сентябри 2020 дубора миёни Арманистону Озарбойҷон сар зад. Маълум нест, ки кадом кишвар аввалин шуда ҷангро оғоз кардааст, аммо давлатҳо бо иттиҳоми тирпарронӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.

Муноқишаи ахир беш аз як моҳ давом кард ва бо дахолати президенти Русия Владимир Путин боздошта шуд.

Тадбири асосии оташбас имзои созишномае буд, ки баргардонидани қаламравҳои ишғолкардаи Арманистон ба Озарбойҷонро пешбинӣ мекунад.

Ин санад шаби 9 ба 10 ноябр имзо шуд ва аз ҳамон лаҳза амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ қатъ шуд.

Шартҳои риояи созишномаҳоро посдорони сулҳи Русия назорат мекунанд.

Метр ба метр: чӣ гуна посдорони сулҳи Русия Степанакертро бехатар мекунанд - видео

Онҳо инчунин ба гурезагон кӯмак мерасонанд, корҳои безараргардонии минаро анҷом медиҳанд ва инфрасохтори шаҳрҳои маҳаллиро барқарор мекунанд.

578

Навори зебоии шафақи қутбӣ аз Кайҳон

0
(Таҷдидшуда 19:46 16.01.2021)
Кайҳоннаварди рус Сергей Куд-Сверчков нишон дод, ки шафақи қутбӣ (Северное сияние) аз Кайҳон чӣ гуна аст

Кайҳоннавард ин падидаи табиии зеборо дар телефони ҳамроҳи худ аз истгоҳи кайҳонии байналмилалӣ дар режими таймлапс ба навор гирифта, дар саҳифаи Instagram-аш ба нашр расонидааст.

"Мо парвозро аз болои Уқёнуси Ором оғоз карда, аз болои шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида ва Канада парвоз мекунем ва сипас саҳаргоҳро болои Атлантика пешвоз мегирем", - навиштааст кайҳоннавард дар Instagram.

Беҳтарин аксҳо ва паёмҳо аз кайҳон дар моҳи май - гузориши аксӣ

Инчунин Куд-Сверчков гуфт, ки ба шарофати равшании нури Моҳ ҳатто шабона аз истгоҳ уқёнус, абрҳо ва шаҳрҳои шабона дидан имкон аст.

Кайҳоннавард фаҳмонд, ки ин падидаи зебо аз замин чандон намоён нест аз кайҳон шафақи қутбӣ бисёр зебо ба назар меёбад.

0
Барчаспҳо:
рус, кайҳоннавардӣ, кайҳон