Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Раҳмон хостори таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ дар ИДМ шуд

107
(Таҷдидшуда 18:05 18.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ ташкил карда шавад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раҳмон зимни ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ зарур хонд, ки ба Маркази зиддитеррористии ин созмон дастур дода шавад, то якҷоя ба ниҳодҳои дахлдор барои таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ корро оғоз кунад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз масъалаҳои Афғонистон ва талошҳои сиёсию дипломатӣ, ки ба истиқрори сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар равона шудаанд, суҳбат карда, ҳамзамон таҳкими ҳифзи сарҳад бо ин кишварро муҳим хонд.

Ӯ инчунин вазъи ташвишовари имрӯзаи минтақа ва ҷаҳонро таҳлил кард, ки ба гуфтаи ӯ таҳти таъсири тамоюли афзоиши таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ташаккул ёфтааст.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ки дар зимн Эмомалӣ Раҳмон қабули саривақтии қарорҳо дар доираи Иттиҳод барои таҳкими амнияти иттилоотӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ ва таҳкими амният дар марзҳои берунии Иттиҳодро таъкид кард.

107
Барчаспҳо:
феҳраст, террорист, созмон, Тоҷикистон
Афганский офицер безопасности

Ҳамлаи Толибон ба низомиён дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон

826
(Таҷдидшуда 14:17 19.01.2021)
Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар шабонарӯзи гузашта ҳадафи як қатор ҳамлаҳои гуруҳи тундрави Толибон қарор гирифтаанд, яке аз онҳо дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон рух додааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҷангиёни гуруҳи мамнӯи Толибон шаби гузашта дар ноҳияи Хоҷаи Ғори вилояти Тахор, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, низомиёнро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Афғонистон, нерӯҳои давлатӣ тавонистанд, ҳамлаи Толибонро* пас гардонанд. Манбаъ афзуд, зимни даргирӣ ҳашт нафар толиб кушта шуда, ҳафт нафари дигар маҷруҳ гардидаанд.

Таъкид шудааст, ки аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ танҳо як нафар маҷруҳ шудааст.

Ба иттилои Вазорат, ҷангиёни толиб ҷасади ҳамроҳонашонро гирифта ба волусволии Дашти Арчӣ ақибнишинӣ кардаанд.

Дар баробари ин Вазорати мудофиаи Русия аз 5 ҳамлаи дигари Толибон хабар додааст, ки аз сӯи нерӯҳои амниятӣ пас гардонда шудааст. Дар маҷмуъ таъкид шудааст, ки тайи як шабонарӯз ҳудуди 60 толиб кушта шуда, 42 нафари дигар маҷруҳ гардиданд.

*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия

826
Барчаспҳо:
Толибон, ҳамла, Афғонистон, Тоҷикистон
Хобгоҳи сарбозон, акс аз бойгонӣ

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

2521
(Таҷдидшуда 12:26 19.01.2021)
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.

“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

2521
Барчаспҳо:
қонун, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон
 Дастин Пуарье, архивное фото

Ирода ва тактика: Поре Макгрегорро шикаст дод

27
(Таҷдидшуда 10:54 24.01.2021)
Муборизаи ҷолибу диданӣ "Ҷазираи муҳорибаҳо" воқеъ дар наздикии Абу-Даби ғолибро муайян кард, ки вай тамоми имкони ба даст овардани камарбанди қаҳрамониро дорад

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Набарди ҷавобӣ байни Конор Макгрегор ва Дастин Пуаре барои аксарият ғайричашмдошт хотима ёфт - Поре ғолиб омад.

Рақобат дар даври дуюм хотима ёфт.

Нахуст варзишкори амрикои забаҳо хӯрд ва ҳама бовар доштанд, ки Конор пирӯз мешавад.

Аммо дар даври дуввум Поре бо задани зарбаҳои ҳадафрас Конорро нокаут кард ва ӯ рӯйи майдон уфтод.

 

Ёдовар мешавем, ки Макгрегор ва Дастин Поре 27-уми сентябри соли 2014 аввалин рақобати худро доир карданд, ки дар натиҷа варзишкори ирландӣ дар даври аввал бо нокаут пирӯз шуд.

Ҳардуи онҳоро қаҳрамони вазни сабук Хабиб Нурмагомедов шикаст додааст.

Ҳабиб ҷараёни рақобатро аз аввал пайгирӣ мекард. Новобаста аз он ки ӯ метавонад ба ягон рақиб таваҷҷӯҳ зоҳир кунад ва ё карераашро ба анҷом расонад, мо инро ба зудӣ хоҳем донист.

27
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, Макгрегор, қаҳрамони UFC