National Interest гуфт, силоҳи Русия қодир ба "нест кардани ҷаҳон" аст

369
(Таҷдидшуда 10:30 20.12.2020)
Ту-95MS дар миёнаи асри ХХ таҳия шуда буд, хусусиятҳои он доимо такмил дода мешаванд. Ҳавопаймо унсури асосии ҷузъи ҳавоии сегонаи ҳастаии Русия боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Маҷаллаи амрикоии National Interest мақолаеро дар бораи силоҳҳои "кӯҳнаи" Русия нашр кард, ки "то ҳол қодир ба нобуд кардани ҷаҳон ҳастанд".

Ин ҳавопаймои бомбаандози чаҳор муҳаррики винтии Тӯ-95MS мебошад.

Ҳавопаймо солҳои 1950 таҳия шуда, дар он вақт, таҳиягарон мехостанд як мошини ҷангӣ созанд, ки қодир ба нобуд кардани ҳама ҳадафҳо дар хоки Амрико бошад.

National Interest қайд кард, ки ҳоло ҳавопаймо яке аз қадимтарин моделҳои дар хидмат бо Нерӯҳои ҳавоии Русия боқӣ мондааст.

Он инчунин ягона бомбгузори бомбаандози винтӣ дар ҷаҳон аст, ки то ҳол низомиён онро истифода мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, Tu-95MS мунтазам такмил дода мешавад. Дар натиҷаи такмилсозии нав, ҳавопаймоҳои ҷангӣ тавонистанд охирин мушакҳои болдори Х-101 -ро истифода баранд.

Хусусияти он дар он аст, ки метавонад ҳангоми парвоз ҳадафи ҳамларо тағир диҳад.

"Сегонаи марговар": чӣ Маскавро аз зарбаи ҳастаӣ наҷот дод

Дар мақола инчунин қайд шудааст, ки ҳавопаймо "ҳеҷ нишонае аз бозмондагиро нишон намедиҳад".

Аммо дар айни замон, дар муқоиса бо баъзе ҳамтоёни худ, ки ба НАТО хизмат мекунанд, бомбгузории русии Ту-95 -ро метавон ҳанӯз ҳам нисбатан ҷавон ҳисобид.

369
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

1234
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

1234
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

698
(Таҷдидшуда 12:46 26.02.2021)
Президенти ИМА, Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиавӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

698
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия
Жезл ГИБДД

БДА ронандагону пиёдагардони қонуншиканро "сайд" мекунад

0
(Таҷдидшуда 16:22 02.03.2021)
Кормандони Бозраси давлатии автомобилӣ ба хотири пешгирӣ кардан аз садамаҳои роҳу нақлиётӣ амалиёти "Пиёдагард" - ро пиёда намудаанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми як моҳ амалиёти "Пиёдагард" роҳандозӣ шуд, хабар медиҳад Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВУД.

Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкурро кормандони БДА ба хотири коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ рӯи даст гирифтаанд.

Амалиёт аз 2 март то 2 апрел дар тамоми роҳу шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ доир мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар амалиёти "Пиёдагард" дар баробари ошкору пешгирӣ кардани қоидавайронкунии ронандагон, ҳамчунин пиёдагардон низ мавриди назорати корманди пулис қарор мегиранд, зеро дар аксар вақт омилони сар задани садамаҳои мудҳиш маҳз роҳгузарон мебошанд.

"Ронандагоне, ки ба пиёдагардон дар ҷойҳои муқарраргардида роҳ намедиҳанд ё пиёдагардоне, ки дар ҷойҳои мамнӯъ убур мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд", - таъкид мегардад дар хабари раёсат.

Кормандони БДА аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар аксар ҳолатҳо, пиёдагардон ҳангоми убур намудани роҳи автомобилгард бо телефони мобилӣ суҳбат мекунанд, ки ин хавфи ҳодисаи нақлиётиро зиёд менамояд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунанд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.

0
Барчаспҳо:
амалиёт, Тоҷикистон, пиёдагард, БДА