Пограничники на Таджикско-афганской границе

Афзоиши тадбирҳои амниятии Чину Тоҷикистон дар марзҳои муштарак бо Афғонистон

520
(Таҷдидшуда 16:23 25.01.2021)
Нерӯҳои марзии Чину Тоҷикистон дар шимолу шарқи Афғонистон дар паи нигаронӣ аз ҳузури ҷангҷуёни хориҷӣ, тадбирҳои амниятиро пурзӯр карданд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Посгоҳҳои амниятии Чину Тоҷикистон дар марзи вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон афзоиш ёфта аст ва 400 нерӯи марзии афғон низ маъмурияти ҳифзи амнияти ин манотиқро ӯҳдадор ҳастанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз телевизиюни Ориёнои Афғонистон.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ин ҳол нерӯҳои марзии Афғонистон бо камбуди таҷҳизоти ин кишвар дасту панҷа нарм мекунанд.

Усома Вардуҷӣ, яке аз нерӯҳои марзӣ дар вилояти Бадахшон мегӯяд: “Вақте сарбозони чину тоҷикистониро бо таҷҳизоти бисёр мебинем ва муқоиса мекунем комилан маъюс ме‌шавем”.

Манбаъ зикр кардааст, ки пеш аз ин давлати Чин хостори ташкили нерӯи муштарак барои барқарории амният дар марзҳои Афғонистон шуда буд, аммо бо мухолифати Амрико ин иқдом ба саранҷом нарасид.

Гуфта шудааст, ки кишварҳои Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон ситоди муштараки муташаккил аз 150 нерӯро бо ҳимояти молии давлати Пекин дар марз доранд, ки вазифааш мудирият ва коҳиши таҳдидҳои марзӣ аст.

Вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон даҳҳо километр марзи муштарак бо вилояти мусулмоннишини Уйғуристони Чин дорад, ки гурӯҳи исломгарои  Туркистони шарқӣ дар он фаъол ҳастанд  ва садҳо нафар аз онҷо ба гуруҳи террористии ДИИШ (маманӯъ дар Тоҷикистон) дар Ироқу Сурия пайвастаанд.

520
Барчаспҳо:
марз, пурзур, ҷангҷӯён, амният, Афғонистон, Тоҷикистон
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

1244
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

1244
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

700
(Таҷдидшуда 12:46 26.02.2021)
Президенти ИМА, Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиавӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

700
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия

Ба Пашинян пешниҳод карданд, ки дар назди халқ ба зону зада худро парронад - видео

0
(Таҷдидшуда 20:20 05.03.2021)
Бо чунин пешниҳод собиқ президенти Арманистон Роберт Кочарян баромад кард. Ӯ бовар дорад, ки нокомии Арманистон дар қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ таҳризӣ шуда буд

Кочарян изҳор дошт, ки Никол Пашинян бояд назди мардум ба зону занад.

Ва агар сарвазир шаъну шараф дошта бошад бояд умуман худро парронад.

Воқеияти ҷадид: аз чӣ Качаряни зиндонӣ Пашинянро ҳушдор дода буд - видео

Сабти пурраи нишасти матбуотиро, ки дар он кишвардори собиқи Арманистон аз рейтинги пасти Пашинян ёдовар шуда, дар бораи шикаст дар Қарабоғ ва нақшаҳои ояндааш сухан гуфт, метавонед дар зер тамошо кунед.

0
Барчаспҳо:
пешниҳод, собиқ, президент, Никол Пашинян, Арманистон