Российско-таджикские учения на полигоне Фахрабад

Вазорати дифоъи Русия беш аз 7 ҳазор низомии Тоҷикистонро омӯзонидааст

131
(Таҷдидшуда 12:54 06.02.2021)
Аз соли 2014 инҷониб Вазорати дифоъи Федератсияи Русия беш аз ҳафт ҳазор низомии тоҷикро омӯзишу тамрин додааст

ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Аз соли 2014 то кунун Вазорати мудофиаи Русия беш аз 7 ҳазор ҳарбиёни Тоҷикистонро таълим додааст, гуфт фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин.

Дар ҷараёни сафари корӣ ба Душанбе, фармондеҳ бо вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо омодагӣ ва баргузории машқҳои муштаракро дар соли 2021 баррасӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия.

"Имрӯз мо таҷҳизотро барои Тоҷикистон интиқол додем ва хизматчиёни ҳарбие, ки онро идора мекунанд, аз ҷониби мутахассисони Русия омӯзонида хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ, аз соли 2014 инҷониб беш аз ҳафт ҳазор хизматчиро омӯзонидем, ки ин ба баланд шудани омодагии ҷангии низомиён таъсири назаррас мерасонад", -  гуфт Лапин.

Имсол мо аллакай ба омӯзиши як гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ шурӯъ кардем. Дар назар аст, ки дар ҳарбмайдони Лоҳур 140 танкчӣ ва 70 миномётчӣ омӯзонида шавад, илова намуд ӯ.

Низомиёни тоҷику рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон "террористон" - ро маҳв карданд - навор

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ташкили фаъолияти муштараки таълими амалӣ ва машқҳо дар қаламрави Русия ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

131
Барчаспҳо:
вазорати дифоъи ФР, омӯзиш, тамрин, Тоҷикистон, Русия
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров

Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

47
(Таҷдидшуда 18:03 25.02.2021)
Фармондеҳи Ситоди муштараки Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ эълон кард, заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар фацат ба манфиати ДОИШ аст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Анатолий Сидоров, фармондеҳи Ситоди муштараки СААД имрӯз зимни як конфронси онлайнӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон қайд кард, ки  ҳоло шумораи ҷангҷӯёни Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) дар Афғонистон наздик 70 ҳазор, тахмин зада мешавад.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар Афғонистон 4 ҳазор нафар ҷангҷӯёни ДОИШ ё гуруҳи "Давлати исломӣ" (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) ва 2,5 ҳазор нафар ҷангҷӯёни гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбекистонро ҳузур доранд.

Вай хусусан қайд кард, ки террористу эстремистҳо минтақаҳои зиёди қаламрави Афғонистонро зери контроли худ гирифтаанд ва дар ин авохир бештар дар шимол, ҷануб ва ҷануб-шарқи ин кишвар фаъол шудаанд.

Гуфта шудааст, ки шумораи умумии ин гуруҳҳо дар ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон ва Турманистон ба 15 ҳазор нафар мерасад.

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи ситоди муштараки СААД зикр кард, ки заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи саросемавори неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар танҳо ба манфиати ин гуруҳҳо ва афзоиши шумораи ҷонибдоронашон мебошад.

Анатолий Сидоров, қайд кард, ки дар ин марҳила хориҷ шудани нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон боиси ташаннуҷи вазъ ва интиқоли фаъолияти террористон ба қаламрави кишварҳои сиёси Марказӣ мегардад .

Ҳамзамон фармондеҳи Ситоди муштараки СААД хабар дод, ки бо манзури вазъи нигаронкунандаи Афғонистон ин созмон дар Тоҷикистон 3 машқи низомӣ баргузор хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1400 километр марзи муштарак дорад, ки бештарини он дар минтақаҳои куҳистонии назораташ мушкил тул кашидааст.

47
Барчаспҳо:
ДОИШ, террористӣ, неруҳо, Тоҷикистон, Афғонистон, СААД, Анатолий Сидоров

Пас аз шикаст дар Қарабоғ Пашинян тасмим гирифтааст дар артиш ислоҳот кунад

99
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки артиши кишвараш ба ислоҳот ниёз дорад ва Русия дар ин кор ба онҳо кӯмак хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Дар ҷаласаи ҳукумат, сарвазири Арманистон эълом дошт, ки дар кишвар раванди навсозии нерӯҳои мусаллаҳ оғоз шудааст.

Пашинян аз имзои санаде дар бораи ташкили гурӯҳи корӣ бо раҳбарии вазири дифоъ барои таҳияи ҷадвали харитаи роҳ барои ислоҳоти нерӯҳои мусаллаҳ хабар дод.

Сарвазири Арманистон инчунин илова кард, ки ин кишвар ният дорад дар соҳаи низомӣ бо Русия ҳамкории зич дошта бошад.

"Дар ин раванд мо ният дорем бо шарики рақами яки худ дар соҳаи амният - Федератсияи Русия ҳамкории наздиктар ба роҳ монем",- гуфт Пашинян.

Пашинян аз ҷанг дар Қаробоғ ва натиҷаҳои он - видео

Сиёсатмадор изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории Арманистон ва Русия дар соҳаҳои амният, низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ муассиртар хоҳад шуд.

99
Барчаспҳо:
ислоҳот, артиш, Никол Пашинян, Арманистон

Мӯъмин Шамсов паҳлавони қазоқро бо зарбаи барқвор ​​нокаут кард: видео

0
Дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта дар Қазоқистон размикори тоҷик мизбонро дар даври аввал шикаст дод

Дар мусобиқаи ҳунарҳои омехтаи OCTAGON 16 дар Алмаато миёни намояндаи Тоҷикистон Муъмин Шамсов ва варзишгари Қазоқистон Давлатбек Абдуқаҳоров муҳориба баргузор шуд.

Барои Мӯъмин Шамсов, ки 32-сола шуд, ин мубориза аввалин дар карераи касбии ӯ буд.

Давлатбек Абдуқаҳоров низ наметавонад бо таҷрибаи кофии варзишӣ фарқ кунад: вай барои мубориза бо тоҷик як ғалаба ва як мағлубият дошт.

Мубориза бо суръати тез оғоз ёфт: варзишгарон зуд ба табодули зарбаҳои сахт шурӯъ карданд.

Размикори қазоқ Шамсовро ба тури майдон ҷасф карда, ӯро маҷбур кард, ки мавқеи номусоидро ишғол кунад ва дар доираи васеъ хаста кунад.

Дар мобайни давр мубориза боздошта шуд: дидаю дониста ё на, қазоқистонӣ ба чашми Мумин зад. Пас аз каме таваққуф, рақибон набардро идома доданд.

Муштзани тоҷик Сангинов Лаваллеро шикаст дод - навори ҷолиби рақобат

Чунин ба назар мерасид, ки Абдуқаҳоров дар даври аввал пешсаф буд ва талоши бештар карда, кӯшиш кард, ки муборизаро ба замин барад. Аммо вақте ки размикори Қазоқистон танҳо як маротиба ҳимояаш кушода шуд, Мӯъмин Шамсов як зарбаи қавии ҳалкунанда зад.

Ҳаминтавр нахустин муборизаи касбии паҳлавони тоҷик бо нахустин пирӯзии боэътимоди ӯ тариқи нокаути техникӣ ба анҷом расид.

0
Барчаспҳо:
нокаут, пирӯзӣ, зӯрозмоии размикорон