Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото

Аз мулоқот бо Ғанӣ то Абдуллоҳу Амруллоҳ Солеҳ: чаро Ятимов ба Кобул рафт?

976
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Афғонистон бо мақомдорони баландпояи ин кишвар таҳдидҳо ва ҳифзи сарҳадро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмӣ, Саймуъмин Ятимов аз 14 то 16 феврал дар Афғонистон бо мақомдорони баландпояи ин кишвар мулоқот доштааст.

Таъкид шудааст, ки Саймумин Ятимов дар раъси як ҳайат барои иштирок дар конфронси байналмилалии “Мубориза бо терроризм ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои рафъи таҳдидҳои террористӣ” ба Кобул рафт.  

Ятимов зимни ин сафар бо раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳи Абдулло, муовини якуми раисиҷумҳур Амрулло Солеҳ, раиси парлумони ин кишвар Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Шӯрои амнияти миллӣ Ҳамдуллоҳи Муҳиб, вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар ва дигарон мулоқот анҷом додааст.

Бар асоси иттилои расмӣ Саймуъмин Ятимов аз масъалаҳаи мубрами таъмини сулҳ дар Афғонистон, ҳузури густурдаи созмонҳои террористии байналхалқӣ, таҳдиди онҳо ба кишварҳои минтақа, омилҳои солимгардони вазъро дар сарзамини ҳамсоя ва сарҳадот баррасӣ кардааст.

Ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир аз мавзуъҳои меҳварии мулоқотҳо будаанд, навиштааст “Ховар”.

Зикр гардидааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъмини суботу амният дар Афғонистон буда, муҳимияти онро барои ҳарду кишвар ва минтақа доимо таъкид медорад.

“Ниҳоӣ шудани гуфтушунидҳои тарафҳои даргир, хотимаи ҷанг дар Афғонистон ва пешгирӣ аз фаъолияти мақсаднок ва номатлуби доираҳои манфиатдор бо истифода аз гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ, аз омилҳои муҳимтарини таъмини амният маҳсуб мегарданд”, - омадааст дар иттилоия.

Ҷонибҳо таъкид сохтанд, ки ду мамлакати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг омодаанд, ҳамгироӣ ва муносибатҳои ҳасанаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва алалхусус, амниятӣ боз ҳам тақвият диҳанд.

976
Барчаспҳо:
мулоқот, Саймуъмин Ятимов, Тоҷикистон
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

1164
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

1164
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

677
(Таҷдидшуда 12:46 26.02.2021)
Президенти ИМА, Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиавӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

677
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

"Юбилей" - и Баҳром бе ӯ: ёди дӯсти Ғафурӣ аз ҷашнҳои зодрӯз, туҳфаи дӯстдошта ва нақшаҳо

0
(Таҷдидшуда 13:48 28.02.2021)
Баҳром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, агар зинда мебуд имрӯз 45-солагияшро таҷлил мекард. Фахриддин Холбек, дӯсти Баҳром ёд овард, ки солҳои гузашта ин рӯзро чӣ гуна мегузаронданду марҳум барои 45-солагияш чӣ нақша дошт ва чӣ туҳфаро меписандид

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Аслан ин рӯз дар тақвим тайи чор сол як бор меояд, аммо Фахриддин Холбек мегӯяд, барои ҳалқаи дӯстону наздикони Баҳром ҳар сол ин рӯз вуҷуд дошт.

Дар нахустин рӯзи мавлуди Баҳром Ғафурӣ, ки бидуни соҳибҷашн мегузарад,  Холбек дар саҳифааш аз шеваи таҷлили ин рӯз дар гузашта ва ниятҳои овозхон барои имсол навиштааст:

Ин субҳ, ки ман дар сари қабраш истодаам, дар гузашта як субҳи хосе буд. Ҳар сол ин субҳ занг мезад ва мегуфт: “Аввалин касе ҳастӣ, ки фарёдат мекунам. Бегоҳ ҷое наравӣ, хонаи поён меравем. Ёдат наравад!”

Ва мо ҳар сол имрӯз ба хонаи поён мерафтем. Хонаи амаки Шамсиддин. Он ҷо ҳама мебуданд: Садриддин, Остон, Зикриоллоҳ, Рустам, марҳум Суҳробу. Ҳама. Рӯшан ба ёд оварда наметавонам, ки тайи 18 соли гузашта он бегоҳҳо боз киҳо ҷамъ мешуданд. Он бегоҳҳо оши бомаззаи холаам буду дастурхони пур, тарона буду шодмонӣ, шавқ буду шӯр, хонданҳову хандаҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир, ки ҳоло дигар моли хотираҳо шудаанд.

Зодрӯзе, ки имсол дар тақвим нест

Ӯ ин субҳ занг назад. Ҳеҷ кас занг назад. Ман ҳам интизор надоштам, ки касе занг мезанад. Касе, ки занг мезад, дигар нест, ба ҷовидона пайвастааст. Ман дигар он садои хоболудашро намешунавам. Оне ҳам, ки исрор кунад, “ҷое наравӣ!”, нест, балки худ рафтааст. Фақат дар хобҳоям пайдо мешавад, хобҳое, ки замину замонро сарам чаппа мекунанд. Дилам танг мешавад.

Солҳои пеш маро ғофилгир мекард, ё аз ёди ман мерафт, ки он рӯз чӣ рӯз аст. Вале имсол хуб медонам, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Ҳатто як моҳ пеш медонистам, се рӯзи пеш ва ин субҳ ҳам аввалин фикрам ин буд, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Фақат бо ин фарқ, ки медонам, касе зангам намезанад ва ман ҳам ба ӯ занг намезанам, то бигӯямаш: “Додаракам, боз як соли дигар пир шудӣ!” Фақат ба ин фарқ, ки имрӯз дигар ҳеҷ гоҳ як рӯзи оши бомаззаи холаам, таронаву шавқу шӯр, хонданҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир нахоҳад буд. Чанд рӯз аст, ки дасту дилам ҳам кор намеравад.

Шояд барои ҳамеша як рӯзи дигар хоҳад буд. Ҳанӯз як соли пеш орзу дошт, ки ба шарафи 45 – солагӣ – “юбилей” – е, ки мегуфт, як консерт барпо карда бошад, консерти хайрия ва беҳтарин таронаҳои умри худро бихонад. Чӣ орзуе ғайриоддӣ! Дар ин соли ҳамагирӣ, ки мардум дар фикру ҷону нон буданд ва ин ҳама хушназариву хушбинии як ошиқи зиндагиву тарона. Ҳатто ёдаш рафта буд, ки саҳнаҳо ҳам бастаанд.

Ҳатто зодрӯзаш ҳам ғайриоддӣ буд. Мегуфт, рӯзи мавлудаш 29 феврал аст. Ин рӯз агар дар чор сол як бор такрор шавад, барои мо ҳар сол вуҷуд дошт, чун зодрӯзи ӯ буд.

Зиёрати қабристон ва дуои дигар ба ҷои "100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ"

Солҳое буд, ки аз қабл ба ин рӯз омодагӣ медидам. Медонистам, ки барояш беҳтарин туҳфа таронаи нав аст, як таронаи “коғазпеч”. Соли 2003 ин туҳфа “Абри гирёни ғуруб”, соли 2008 – “Муҳоҷирбача” ва баъд... дар ба дари студияҳо гаштану шабу нимашаб танзим кардану хондану шунидан. Ҳамин тавр, бо зодрӯзи ӯ таронаҳо ҳам ба дунё меомаданд.

Имрӯз на дар фикри туҳфае ҳастам ва ҳам намедонам, ки чӣ кор кунаму бо кӣ аз ӯ гӯям. Шаҳр хеле шуд, ки бо рафтанаш холӣ шудааст. Хонаи поён ҳам. 9-ум километру Мавлоно ҳам. Паймонаҳо шикаста, дилҳо шикаста, орзуву армонҳо шикаста... Додаракам ҳам дигар пир намешавад. Рафт. Ҷояшро ҳам дигар касе гирифта натавонист. Мегуфт, бо ман бошӣ, дилам пур аст. Ҳоло мегӯям, нестӣ, дилам пур нест. Холист. Балки худ як холигоҳи бузург шудаам.

Ин субҳ дилам сахт танг шуд ва рафтам ба мазораш, то бигирям, бигиряму... табрикаш кунам. Як роҳе ҳаст, як мӯъҷизае, фариштае ҳаст, ки садои маро ба ӯ бирасонад:

Зодрӯз муборак, додараки ширинам, 45-солагӣ муборак!

Ва ба ҷои “100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ!”, мегӯям, “Ҷоят ҷаннат! Дидорат ба қиёмат!” Дили ман танги ту шуд, кошки пайдо бишавӣ!

Ин ёддошти дӯсти Баҳром Ғафурӣ дар ҳолест, ки овозхони шинохта бар асари як тасодуф дар роҳ 7 августи 2020, тақрибан соатҳои 4:00 дар синни 44-солагӣ даргузашт. Ҳодиса дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст. Мошине, ки овозхон мусофираш буд,  ба автомашинаи "КаМаз" бархӯрд.  Ӯро ба шъъбаи 5-уми беморхонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд, аммо ӯро наҷот дода наметавонанд. Ҷасади ӯ, худи ҳамон рӯз дар қабристони деҳаашон дар маҳаллаи маъруф ба Мавлоно ба хок супурда шуд.

0
Барчаспҳо:
зодрӯз, фавт, овозхон, Тоҷикистон